bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 14
Luke 14
Tajik NT 1999
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 15 →
1
Як рӯзи шанбе Ӯ ба хонаи яке аз сардорони фарисиён барои хӯрок хӯрдан омад, ва онҳо Ӯро мушоҳида мекарданд.
2
Ва инак, марде пеши Ӯ омад, ки гирифтори бемории обхӯрак буд.
3
Исо ба шариатдонон ва фарисиён рӯ оварда, гуфт: «Оё дар рӯзи шанбе шифо додан раво аст?»
4
Онҳо хомӯш монданд. Ва Ӯ ба он мард даст расонда, шифо бахшид ва ӯро фиристод.
5
Ва дар ҷавоби онҳо гуфт: «Кист аз шумо, ки писараш ё говаш ба даруни чоҳе афтода бошад, дарҳол онро дар рӯзи шанбе берун наоварад?»
6
Ба ин гап ҷавобе дода натавонистанд.
7
Чун Ӯ аҳамият дод, ки даъватшудагон барои нишастани худ пешгоҳро интихоб мекунанд, ба онҳо масале гуфт:
8
«Ҳангоме ки касе туро ба базми арӯсӣ даъват менамояд, дар пешгоҳ нанишин, мабодо дар миёни даъватшудагон шахси аз ту муҳтарамтаре бошад,
9
ва он касе ки туро ва ӯро даъват намудааст, назди ту омада, гӯяд: “Ҷои худро ба ӯ деҳ”; ва он гоҳ бо хиҷолат дар поини хона ҷой мегирӣ.
10
Балки, агар туро даъват карда бошанд, омада, дар поини хона шин, то он касе ки туро даъват намудааст, назди ту омада, гӯяд: “Эй дӯст! Болотар шин”. Он гоҳ туро пеши ҳамнишинонат эҳтироме мешавад.
11
Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад».
12
Ва ба он касе ки Ӯро даъват намуда буд, гуфт: «Ҳангоме ки зиёфати пешинӣ ё бегоҳӣ медиҳӣ, дӯстон ё бародарон ё хешон ё ҳамсоягони сарватманди худро даъват накун, мабодо онҳо низ туро даъват намоянд, ва подоши ту дода шавад.
13
Балки, чун зиёфат медиҳӣ, бенавоён, маъюбон, лангон ва кӯронро даъват намо,
14
ва ту хушбахт мешавӣ, ки онҳо имконият надоранд подоше ба ту диҳанд; зеро дар рӯзи растохези росткорон подоше ба ту дода мешавад».
15
Яке аз онҳое ки бо Ӯ назди дастархон нишаста буданд, ин суханонро шунида, ба Ӯ гуфт: «Хушо касе ки дар Подшоҳии Худо хӯрок хӯрад!»
16
Ва Ӯ ба вай гуфт: «Шахсе зиёфати калоне ташкил карда, бисёр касонро даъват намуд.
17
Чун вақти зиёфат расид, ғуломи худро фиристод, то ки ба даъватшудагон гӯяд: “Биёед, зеро ҳама чиз тайёр аст”.
18
Ва ҳама, гӯё ки забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Аввалин ба вай гуфт: “Ман замин харидаам, ва бояд рафта, онро бинам; аз ту узр мехоҳам”.
19
Дигаре гуфт: “Ман панҷ ҷуфт барзагов харидаам ва меравам, ки онҳоро озмоям; аз ту узр мехоҳам”.
20
Сеюмӣ гуфт: “Ман зан гирифтаам ва ба ин сабаб наметавонам биёям”.
21
Ва он ғулом омада, инро ба ҷаи худ хабар дод. Он гоҳ соҳиби хона дарғазаб шуда, ба ғуломи худ гуфт: “Зуд ба кӯчаву паскӯчаҳои шаҳр баро, ва бенавоён, маъюбон, лангон ва кӯронро ба ин ҷо биёр”.
22
Ва ғулом гуфт: “Эй ҷа! Он чи гуфтӣ, иҷро шуд, ва боз ҷой ҳаст”.
23
Ва ҷа ба ғулом гуфт: “Ба сари роҳҳо ва кӯчабоғҳо баромада, мардумро ба омадан водор кун, то хонаи ман пур шавад.
24
Зеро ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ яке аз он шахсони даъватшуда хӯроки маро намечашад, зеро даъватшудагон бисёранд, аммо интихобшудагон кам”».
25
Бо Ӯ мардуми бисёре равона буданд; ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:
26
«Агар касе назди Ман ояд ва падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин ҷони худро бад набинад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;
27
ва ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад.
28
Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад?
29
Мабодо, пас аз гузоштани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро масхара кунанд
30
ва гӯянд: “Ин шахс ба сохтан сар кард ва ба тамом кардан қувваташ нарасид”.
31
Ё кадом подшоҳ аст, ки бар зидди подшоҳи дигар ҷангиданӣ шуда, аввал нишаста машварат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор сарбоз метавонад ба касе рӯ ба рӯ шавад, ки бо бист ҳазор сарбоз бар зидди ӯ меояд?
32
Вагарна, ҳанӯз ки вай дур аст, назди вай сафир фиристода, хоҳони сулҳ мешавад.
33
Ҳамчунин ҳеҷ яке аз шумо, агар аз тамоми дороии худ даст накашад, наметавонад шогирди Ман бошад.
34
Намак хуб аст; лекин агар намак қувваташро гум кунад, бо кадом чиз боз намакин шавад?
35
На барои замин кор меояд, на барои пору; онро бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24