bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 22
Luke 22
Tajik NT 1999
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 23 →
1
Иди Фатир, ки Песаҳ номида мешавад, наздик буд.
2
Сардорони коҳинон ва китобдонон роҳе меҷустанд, ки чӣ гуна Ӯро кушанд, чунки аз мардум метарсиданд.
3
Ва ба дили Яҳудо, ки лақаби Исқарютиро дошт ва аз ҷумлаи он дувоздаҳ буд, шайтон даромад.
4
Пас вай рафта, бо сардорони коҳинон ва сардорони навкарон гуфтугӯ кард, ки чӣ гуна Ӯро ба онҳо таслим кунад.
5
Онҳо шод гаштанд ва ба вай пул доданӣ шуданд.
6
Вай ваъда кард, ва фурсат меҷуст, то ки Ӯро дур аз чашми мардум ба онҳо таслим кунад.
7
Ва рӯзи иди Фатир, ки бояд дар он барраи Песаҳро қурбонӣ мекарданд, фаро расид.
8
Ва Ӯ Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Равед ва Песаҳро барои хӯрдани мо тайёр кунед».
9
Ба Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр кунем?»
10
Ба онҳо гуфт: «Инак, ҳангоме ки ба шаҳр медароед, марде ба шумо рӯ ба рӯ мешавад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз пасаш равона шавед то ба хонае ки вай медарояд,
11
ва ба соҳиби хона гӯед: “Устод ба ту мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо Песаҳро бо шогирдони Худ хӯрам? ”
12
Ва он кас ба шумо болохонаи калони густурдашударо нишон медиҳад; дар он ҷо тайёр кунед».
13
Онҳо равона шуданд ва чунон ки Ӯ гуфта буд, ёфтанд, ва Песаҳро тайёр карданд.
14
Ва ҳангоме ки соат расид, Ӯ назди дастархон нишаст, ва дувоздаҳ расулон бо Ӯ буданд.
15
Ба онҳо гуфт: «Хеле мехостам, ки пеш аз ранҷ кашидани Худ ин Песаҳро бо шумо хӯрам.
16
Зеро ба шумо мегӯям, ки аз он дигар намехӯрам, то вақте ки дар Подшоҳии Худо ба амал ояд».
17
Ва косаро гирифта, шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Инро гиред ва дар миёни худ тақсим кунед.
18
Зеро ба шумо мегӯям, ки дигар аз шираи ангур наменӯшам, то вақте ки Подшоҳии Худо биёяд».
19
Ва нонро гирифта, шукргузорӣ намуд ва пора карда, ба онҳо доду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки барои шумо таслим карда мешавад; инро барои ёдоварии Ман ба ҷо оваред».
20
Ҳамчунин косаро пас аз хӯроки шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди нав аст дар хуни Ман, ки барои шумо рехта мешавад.
21
Ва инак, дасти таслимкунандаи Ман бо Ман дар сари дастархон аст.
22
Агарчи Писари Одам ончунон, ки пешакӣ муқаррар шудааст, меравад, лекин вой бар он кас, ки ба воситаи вай Ӯ таслим карда мешавад».
23
Ва онҳо ба пурсидани якдигар сар карданд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад?
24
Дар миёни онҳо инчунин баҳс шуд, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар ҳисоб ёбад.
25
Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва ҳокимони онҳо накӯкор хонда мешаванд.
26
Аммо шумо ин тавр набошед: балки он ки дар байни шумо бузургтар аст, бояд монанди хурдтарин бошад, ва сардор — монанди хизматгузор.
27
Зеро кадоме бузургтар аст: он ки назди дастархон мешинад, ё он ки хизматгузор аст? Оё на он аст, ки назди дастархон мешинад? Аммо Ман дар миёни шумо монанди хизматгузор ҳастам.
28
Ва шумо касоне ҳастед, ки дар озмоишҳои Ман бо Ман будед,
29
ва Ман ба шумо Подшоҳие месупорам, чунон ки Падарам ба Ман супурдааст,
30
то ки дар сари дастархони Ман хӯреду нӯшед, ва бар тахтҳо нишаста, бар дувоздаҳ қабилаи Исроил доварӣ кунед».
31
Ва Худованд гуфт: «Шимъун! Шимъун! Инак, шайтон талабгори он буд, ки шуморо монанди гандуме аз ғалбер гузаронад;
32
аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат аз байн наравад; ва ту як вақте баргашта, бародарони худро устувор гардон».
33
Вай ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба марг равам».
34
Лекин Ӯ гуфт: «Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз пеш аз он ки хурӯс бонг занад, се бор инкор мекунӣ, ки Маро мешиносӣ».
35
Ва ба онҳо гуфт: «Ҳангоме ки Ман шуморо бе ҳамён, бе тӯрба ва бе пойафзол фиристодам, оё шумо ба чизе эҳтиёҷ доштед?» Гуфтанд: «Ба ҳеҷ чиз».
36
Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Лекин акнун касе ки ҳамён дорад, онро гирад; ҳамчунин тӯрбаро; ва касе ки шамшер надорад, ҷомаи худро фурӯхта, харад.
37
Зеро ба шумо мегӯям, ки ин навишта низ бояд дар ҳаққи Ман ба амал ояд: “Аз бадкирдорон шумурда шуд”. Зеро ҳар чи дар бораи Ман навишта шудааст, иҷро мешавад».
38
Ва онҳо гуфтанд: «Худовандо! Инак, дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Ба онҳо гуфт: «Бас аст».
39
Ва берун омада, аз рӯи одат ба кӯҳи Зайтун рафт; шогирдон низ аз паси Ӯ рафтанд.
40
Ҳангоме ки ба он ҷой расид, ба онҳо гуфт: «Дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед».
41
Ва Худаш ба масофаи андохтани санге аз онҳо дур шуда, зону зад ва дуо карда,
42
гуфт: «Эй Падар! Кошки ин косаро аз Ман гузарондан мехостӣ; лекин на хости Ман, балки хости Ту бигзор ба амал ояд».
43
Ва фариштае аз осмон бар Ӯ падид омада, ба Ӯ қувват медод.
44
Ва Ӯ дар ранҷи ҷонкоҳ буда, бо ҷаҳди бештар дуо мегуфт; ва арақи Ӯ чун қатраҳои хун буд, ки бар замин мечакиданд.
45
Пас аз дуо бархеста, Ӯ назди шогирдон омад, ва онҳоро дид, ки аз ғусса хоб рафтаанд.
46
Ва ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархоста, дуо гӯед, то ки ба озмоиш дучор нашавед».
47
Ҳанӯз ки Ӯ сухан мегуфт, инак мардуми бисёре пайдо шуданд, ва пешопеши онҳо яке аз он дувоздаҳ, ки Яҳудо ном дошт, равона буд, ва назди Исо омад, то Ӯро бӯсад.
48
Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?»
49
Касоне ки бо Ӯ буданд, чун диданд, ки кор ба чӣ меанҷомад, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Хоҷа! Оё ба шамшер занем?»
50
Ва яке аз онҳо ғуломи саркоҳинро зада, гӯши рости вайро бурид.
51
Исо дар ҷавоб гуфт: «Бас кунед». Ва ба гӯши вай даст расонда, шифо дод.
52
Ва Исо ба сардорони коҳинон ва сардорони навкарони ибодатгоҳ ва пироне ки бар зидди Ӯ ҷамъ омада буданд, гуфт: «Гӯё бар зидди роҳзане бо шамшеру калтакҳо берун омадаед!
53
Ҳар рӯз Ман назди шумо дар ибодатгоҳ будам, ва шумо бар Ман даст дароз накардед; аммо ҳоло соати шумост, ки торикӣ ҳукмфармост».
54
Ва Ӯро дастгир карда бурданд, ва ба хонаи саркоҳин оварданд. Ва Петрус аз дур аз пайи онҳо равона шуд.
55
Ҳангоме ки онҳо дар рӯи ҳавлӣ оташ афрӯхта, гирди он якҷоя нишастанд, Петрус низ дар миёни онҳо нишаст.
56
Ва канизе вайро назди оташ нишаста дид ва ба вай чашм дӯхта, гуфт: «Ин ҳам бо Ӯ буд».
57
Лекин вай Ӯро инкор карда, гуфт: «Эй зан, Ӯро намешиносам».
58
Пас аз муддате як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус гуфт: «Эй мард, ман аз онҳо нестам».
59
Чун тахминан як соат гузашт, боз як каси дигар таъкид карда, гуфт: «Ба ростӣ ин ҳам бо Ӯ буд, зеро вай ҷалилист».
60
Аммо Петрус гуфт: «Эй мард, намедонам, чӣ мегӯӣ». Ва ҳанӯз вай сухан меронд, ки хурӯс бонг зад.
61
Ва Худованд рӯй гардонда, ба Петрус нигарист; он гоҳ Петрус суханони Худовандро ба ёд овард, ки ба вай гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор мекунӣ».
62
Ва Петрус берун рафта, зор-зор гирист.
63
Касоне ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро масхара мекарданд ва мезаданд;
64
ва рӯи Ӯро пӯшида, торсакӣ мезаданд ва аз Ӯ мепурсиданд: «Пайғамбарӣ кун, кӣ Туро задааст?»
65
Ва боз бисёр ҳақоратҳои дигар дар ҳаққи Ӯ ба забон меронданд.
66
Ва чун рӯз шуд, пирони қавм, сардорони коҳинон ва китобдонон ҷамъ омада, Ӯро ба шӯрои худ дароварданд, ва гуфтанд:
67
«Оё Ту Масеҳ ҳастӣ? Ба мо гӯй». Ба онҳо гуфт: «Агар ба шумо гӯям, бовар намекунед;
68
ва агар аз шумо пурсам, ҷавоб намегардонед ва Маро озод намекунед.
69
Минбаъд Писари Одам аз дасти рости қудрати Худо менишинад».
70
Ва ҳама гуфтанд: «Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худи шумо гуфтед, ки Ман ҳастам».
71
Ва онҳо гуфтанд: «Дигар ба мо чӣ гувоҳие даркор аст? Зеро худамон аз забони Ӯ шунидем!»
← Chapter 21
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 23 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24