bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 4
Luke 4
Tajik NT 1999
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 5 →
1
Ва Исо пур аз Рӯҳулқудс аз Урдун баргашт, ва Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд,
2
ва чил рӯз Ӯро иблис меозмуд. Дар он рӯзҳо Ӯ чизе нахӯрд; ва пас аз тамом шудани он муддат гурусна монд.
3
Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг гӯй, ки нон шавад».
4
Исо ба вай ҷавоб дод: «Навишта шудааст, ки “одамизод на танҳо бо нон зинда аст, балки бо ҳар калимаи Худо”».
5
Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод.
6
Иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми қудратро бар онҳо ва шукӯҳи онҳоро ба Ту медиҳам, зеро он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам.
7
Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад».
8
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст: “Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо”».
9
Ва Ӯро ба Уршалим бурда, бар кунгураи ибодатгоҳ гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз;
10
чунки навишта шудааст: “Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад, Ки Туро нигоҳдорӣ кунанд;
11
Ва Туро рӯи даст мебаранд, Ки мабодо пои Худро ба санге занӣ”».
12
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст: “Худованд Худои худро наозмой”».
13
Ва иблис тамоми озмоишро ба охир расонда, то муддате аз Ӯ дур шуд.
14
Ва Исо бо қуввати Рӯҳ ба Ҷалил баргашт, ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
15
Ва Ӯ дар куништҳои онҳо таълим медод, ва ҳама Ӯро ситоиш мекарданд.
16
Ва ба Носира, ки дар он ҷо тарбия ёфта буд, омад ва аз рӯи одати Худ, рӯзи шанбе ба куништ даромад ва барои хондан бархест.
17
Ба Ӯ китоби Ишаъёи пайғамбарро доданд; ва Ӯ китобро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
18
“Рӯҳи Худованд бар Ман аст, Чунки Ӯ Маро масҳ намудааст, То ба бенавоён башорат диҳам, Ва Маро фиристодааст, То ки шикастадилонро шифо бахшам, Озодиро ба асирон Ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям,
19
Ва соли писандидаи Худовандро мавъиза намоям”.
20
Ва китобро пӯшонда, ба ходим дод ва нишаст; ва чашмони ҳама дар куништ ба Ӯ дӯхта шуда буданд.
21
Ва Ӯ сухан оғоз намуда, ба онҳо гуфт: «Имрӯз ин навишта, ки шумо гӯш кардед, ба иҷро расидааст».
22
Ва ҳама ба Ӯ гувоҳӣ медоданд, ва аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромаданд, ҳайрон шуда, мегуфтанд: «Оё Ӯ писари Юсуф нест?»
23
Ба онҳо гуфт: «Албатта, шумо ба Ман ин мақолро мегӯед: “Эй табиб! Худатро шифо деҳ; ҳар он чи шунидаем, ки дар Кафарнаҳум рӯй додааст, ин ҷо низ дар ватани Худ кун”».
24
Ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ пайғамбаре дар ватани худ қабул нашудааст.
25
Аз рӯи ҳақиқат ба шумо мегӯям: бисёр бевазанон дар Исроил дар айёми Илёс буданд, ки он вақт осмон се солу шаш моҳ баста шуда буд, ба тавре ки дар тамоми рӯи замин гуруснагии сахте рӯй дод,
26
вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд, балки танҳо назди бевазане ба Сарфати Сидун.
27
Ва бисёр махавиён дар Исроил дар замони Элишои пайғамбар буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо пок нашуд, балки танҳо Наамони сурёнӣ».
28
Тамоми аҳли куништ инро шунида, пур аз ғазаб шуданд,
29
ва бархеста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд.
30
Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт.
31
Ва ба Кафарнаҳум, шаҳри Ҷалил, омад, ва дар рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.
32
Ва онҳо аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки сухани Ӯ боқудрат буд.
33
Дар куништ касе буд, ки рӯҳи деви нопок дошт, ва бо овози баланд фарёд зада, гуфт:
34
«Ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ; Ту Қуддуси Худоӣ!»
35
Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!» Ва дев вайро дар миёна афтонда, аз вай берун шуд, ва ҳеҷ осебе ба вай нарасонд.
36
Ҳама ба воҳима афтоданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гапест, ки Ӯ бо қудрат ва қувват ба рӯҳҳои нопок мефармояд, ва онҳо берун меоянд?»
37
Ва овозаи Ӯ дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
38
Ӯ аз куништ баромада, ба хонаи Шимъун омад. Хушдомани Шимъун таби баланд дошт; ва дар хусуси ин зан аз Ӯ илтимос карданд.
39
Ва Ӯ наздики вай омада, табро манъ кард; ва он паст шуд. Зан дарҳол бархеста, онҳоро пазироӣ кард.
40
Ҳангоми фурӯ рафтани офтоб ҳамаи онҳое ки беморони гирифтори бемориҳои гуногун доштанд, онҳоро назди Ӯ меоварданд, ва Ӯ ба ҳар яке аз онҳо даст гузошта, онҳоро шифо медод.
41
Девҳо низ аз бисёр касон берун омада, бо фарёд мегуфтанд: «Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ». Аммо Ӯ онҳоро манъ карда, намегузошт сухан ронанд, чунки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.
42
Чун субҳ дамид, Ӯ берун омада, ба ҷои хилвате рафт, вале мардум Ӯро кофта ёфтанд ва назди Ӯ омаданд, ва Ӯро нигоҳ медоштанд, ки аз пешашон наравад.
43
Ба онҳо гуфт: «Ман бояд ба шаҳрҳои дигар низ аз Подшоҳии Худо башорат диҳам, чунки барои ҳамин фиристода шудаам».
44
Ва дар куништҳои Ҷалил мавъиза мекард.
← Chapter 3
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 5 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24