bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 12
Luke 12
Tajik NT 1999
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 13 →
1
Дар ин миён, ҳангоме ки ҳазорон одамон ҷамъ омаданд, ба тавре ки якдигарро фишор медоданд, Ӯ ба сухан оғоз намуда, аввал ба шогирдони Худ гуфт: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягист, ҳазар кунед.
2
Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
3
Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшноӣ шунида мешавад, ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо мавъиза карда мешавад.
4
Ва Ман ба шумо, эй дӯстонам, мегӯям: аз онҳое ки ҷисмро мекушанд ва пас аз он кори дигаре аз дасташон намеояд, натарсед.
5
Лекин ба шумо нишон медиҳам, ки аз кӣ бояд тарсид: аз Ӯ ҳаросон бошед, ки пас аз куштан қудрат дорад ба дӯзах андозад; ҳа, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.
6
Оё панҷ гунҷишк ба ду тин фурӯхта намешаванд? Ва ҳеҷ яке аз онҳо назди Худо фаромӯш намешавад.
7
Ва ҳатто ҳамаи мӯйҳои сари шумо шумурда шудаанд. Пас, натарсед: шумо аз бисёр гунҷишкон арзандатар ҳастед.
8
Ва Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Маро назди одамон эътироф кунад, Писари Одам низ ӯро назди фариштаҳои Худо эътироф мекунад.
9
Лекин ҳар кӣ Маро назди одамон инкор кунад, ӯ назди фариштаҳо инкор карда мешавад.
10
Ва ҳар кӣ бар зидди Писари Одам сухане гӯяд, бахшида мешавад; лекин ҳар кӣ бар зидди Рӯҳулқудс куфр гӯяд, бахшида намешавад.
11
Ҳар гоҳ шуморо ба куништҳо ва назди сардорон ва ҳокимон баранд, андеша накунед, ки чӣ гуна ё чӣ ҷавобе бояд диҳед ва ё чӣ сухане бояд гӯед;
12
зеро дар он соат Рӯҳулқудс шуморо таълим медиҳад, ки чӣ бояд гуфт».
13
Шахсе аз миёни мардум ба Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ба бародарам гӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад».
14
Ба вай гуфт: «Эй одамизод, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё тақсимкунанда таъйин кардааст?»
15
Ва ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед, аз ҳарисӣ ҳазар кунед, чунки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест».
16
Ва масале ба онҳо гуфт: «Киштзори як марди сарватманд ҳосили фаровоне овард;
17
ва ӯ бо худ андешида, гуфт: “Чӣ кунам, зеро барои захира кардани ҳосилоти худ ҷое надорам? ”
18
Ва гуфт: “Чунин мекунам: анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам, ва дар он ҷо тамоми ғалладона ва тамоми дороии худро ҷамъ меоварам.
19
Ва ба ҷони худ мегӯям: Эй ҷони ман! Дороии бисёре барои чандин сол дорӣ: фароғат кун, бихӯр, бинӯш ва шод бош”.
20
Вале Худо ба вай гуфт: “Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас, он чи захира кардӣ, насиби кӣ мешавад? ”
21
Чунин аст ҳоли касе ки барои худ ганҷҳо ғун мекунад, вале пеши Худо сарвате надорад». Ғамхории беҳуда
22
Ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои зиндагии худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ хӯред, низ барои ҷисми худ, ки чӣ пӯшед:
23
Зиндагӣ аз хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар аст.
24
Ба зоғон нигоҳ кунед: онҳо на мекоранд, на медараванд, на ганҷинае доранд, на анборе, ва Худо ба онҳо рӯзӣ мерасонад. Шумо аз парандагон чӣ қадар арзандатар ҳастед!
25
Ва кист аз шумо, ки бо ғамхории худ умрашро як соат дарозтар карда тавонад?
26
Пас, агар шумо аз ӯҳдаи чунин кори хурдтарин баромада натавонед, чаро ба дигараш ғамхорӣ мекунед?
27
Ба савсанҳо нигаред, ки чӣ гуна мерӯянд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд. Лекин ба шумо мегӯям, ки Сулаймон ҳам бо тамоми шукӯҳи худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст.
28
Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр андохта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо эй сустимонҳо, чӣ қадар аз он беҳтар пӯшонда метавонад.
29
Ва шумо дар пайи он набошед, ки чӣ хӯред ё чӣ пӯшед; аз ғам осуда бошед.
30
Халқҳои ҷаҳон дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред.
31
Бештар дар пайи Подшоҳии Худо бошед, ва ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо дода мешаванд.
32
Натарс, эй рамаи хурд! Зеро хушнудии Падари шумо ин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад.
33
Дороии худро фурӯшед ва садақа диҳед. Барои худ ҳамёнҳои кӯҳнанашаванда, ганҷи бепоён дар осмон омода созед, ки дузд ба он наздик намешавад ва куя онро намезанад.
34
Зеро ҳар ҷо ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо мешавад.
35
Камарҳотон баста ва чароғҳотон фурӯзон бошанд;
36
ва худатон монанди касоне бошед, ки ба ҷаи худ интизорӣ доранд, то ки ҳангоме аз базми арӯсӣ омада дарро кӯбад, дарҳол барояш воз кунанд.
37
Хушо ҳамон ғуломоне ки хоҷаашон ҳангоми омаданаш онҳоро бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вай камари худро баста, онҳоро назди дастархон мешинонад ва пеш омада, ба онҳо хизмат мекунад.
38
Ва агар дар поси дуюм ва сеюми шаб омада, онҳоро чунин ёбад, хушо он ғуломон!
39
Ҳаминро донед, ки агар соҳиби хона медонист, ки дар кадом соат дузд меояд, бедор монда, намегузошт, ки девори хонаашро сӯрох кунад.
40
Пас, шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд».
41
Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Оё ин масалро барои мо гуфтӣ, ё барои ҳама?»
42
Худованд гуфт: «Кист он амалдори бовафо ва доно, ки хоҷааш вайро бар хизматгузорони худ таъйин карда бошад, то ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?
43
Хушо он ғуломе ки хоҷааш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад.
44
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки вайро бар тамоми дороии худ таъйин мекунад.
45
Лекин агар он ғулом дар дили худ гӯяд, ки “ ҷаи ман ба зудӣ намеояд”, ва ба задани хизматгорону канизон ва ба хӯрдану нӯшидану маст шудан сар кунад,
46
х ҷаи он ғулом, дар рӯзе ки ӯ мунтазир нест, ва дар соате ки гумон надорад, меояд, ва ӯро ду пора карда, насибашро ба хиёнаткорон баробар мекунад.
47
Ва он ғулом, ки хости ҷаи худро медонист, вале тайёр нашуд ва мувофиқи хости вай амал накард, зарбаҳои бисёр мехӯрад;
48
аммо он ки намедонист ва корҳои сазовори ҷазо кард, камтар зарбаҳо мехӯрад. Ба ҳар касе ки бисёр дода шуда бошад, аз вай бисёр талаб карда мешавад; ва ба ҳар касе ки амонати бисёр супурда шуда бошад, аз вай бисёр талаб мекунанд. Ҷудоӣ
49
Ман омадаам, то ки оташе бар замин фуруд оварам, ва хеле мехоҳам, ки он ҳоло фурӯзон шавад!
50
Маро таъмиде дар пеш аст, таъмиде ки бояд ёбам; ва чӣ қадар зери фишорам, то даме ки ин ба амал ояд!
51
Оё шумо гумон мекунед, ки Ман омадаам, то осоиш ба замин биёрам? Не, мегӯям ба шумо, балки барои он ки ҷудоӣ биёрам.
52
Минбаъд панҷ нафар дар як хона аз ҳам ҷудо мешаванд: се аз ду, ва ду аз се;
53
падар аз писар ва писар аз падар, модар аз духтар ва духтар аз модар, модаршӯ аз келин ва келин аз модаршӯ ҷудо мешавад».
54
Ба мардум низ гуфт: «Ҳангоме ки абри аз ғарб пайдошударо мебинед, дарҳол мегӯед: “Борон меборад”; ва чунин мешавад.
55
Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: “Гармо меояд”; ва меояд.
56
Эй дурӯягон! Симои замину осмонро шинохта метавонед, пас чӣ гуна ин замонро намешиносед?
57
Пас, чаро шумо худ ҳукм намекунед, ки ростӣ чист?
58
Ҳангоме ки ту бо даъвогари худ назди ҳоким меравӣ, дар роҳ кӯшиш намо, ки аз даъвои вай халос шавӣ, то ки вай туро назди қозӣ набарад, ва қозӣ туро ба навкар насупорад, ва навкар туро ба зиндон наандозад.
59
Ба ту мегӯям, ки то пули охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ».
← Chapter 11
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 13 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24