bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 23
Luke 23
Tajik NT 1999
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
1
Ва тамоми аҳли маҷлис бархеста, Ӯро назди Пилотус бурданд.
2
Ва ба айбдор кардани Ӯ сар карда, гуфтанд: «Мо ёфтем, ки Ӯ халқро гумроҳ мекунад, ба қайсар андоз додан намемонад ва мегӯяд, ки Ӯ Масеҳ, подшоҳ аст».
3
Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода, гуфт: «Ту мегӯӣ».
4
Пилотус ба сардорони коҳинон ва ба мардум гуфт: «Дар ин Шахс ҳеҷ айбе намеёбам».
5
Лекин онҳо дар гапи худ истода, мегуфтанд, ки Ӯ мардумро ба шӯр меоварад ва дар тамоми Яҳудия, аз Ҷалил сар карда то ин ҷо, таълим медиҳад.
6
Ҳангоме ки Пилотус номи Ҷалилро шунид, пурсид: «Магар Ӯ ҷалилӣ аст?»
7
Ва чун донист, ки Ӯ аз вилояти Ҳиродус аст, Ӯро назди Ҳиродус равона кард, ки вай низ дар он рӯзҳо дар Уршалим буд.
8
Ҳиродус Исоро дида, хеле хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост, чунки дар бораи Ӯ бисёр шунида буд ва орзу дошт, ки аз Ӯ муъҷизае бинад.
9
Ва ба Ӯ саволҳои бисёре дод; аммо Ӯ ба вай ҳеҷ ҷавоб надод.
10
Сардорони коҳинон ва китобдонон истода, бо ҷидду ҷаҳд Ӯро айбдор мекарданд.
11
Ва Ҳиродус бо сарбозони худ Ӯро таҳқир ва масхара карда ва либоси дурахшоне бар Ӯ пӯшонда, назди Пилотус гардонда фиристод.
12
Дар ҳамон рӯз Пилотус ва Ҳиродус бо ҳамдигар дӯст шуданд, зеро пештар ба якдигар душманӣ доштанд.
13
Пилотус сардорони коҳинон, сардорон ва мардумро хонда,
14
ба онҳо гуфт: «Ин Шахсро ҳамчун гумроҳкунандаи мардум пеши ман овардед; ва инак, ман дар пеши шумо тафтиш кардам ва дар ин Шахс аз он айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мегузоред, чизе наёфтам;
15
ҳамчунин Ҳиродус наёфтааст, зеро ман шуморо назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст.
16
Пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам».
17
Вай бояд ба муносибати ид касеро барои онҳо озод мекард.
18
Аммо мардум саросар фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро куш! Барои мо Барабборо озод кун».
19
Бараббо барои шӯриш ва кушторе ки дар шаҳр рӯй дода буд, ба зиндон андохта шуда буд.
20
Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, чунки мехост Исоро озод кунад.
21
Лекин онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш, ба салиб каш!»
22
Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи сазовори марг дар Ӯ наёфтам; пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам».
23
Вале онҳо бо фарёди баланд якравона талаб мекарданд, ки Ӯ ба салиб кашида шавад; ва фарёди онҳо ва сардорони коҳинон ғолиб омад.
24
Ва Пилотус қарор дод, ки талаби онҳо иҷро шавад,
25
ва шахсеро, ки барои шӯриш ва куштор дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард; ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд.
26
Ҳангоме ки Ӯро бурданд, Шимъун ном қайравониеро, ки аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро бар китфаш гузоштанд, то аз паси Ӯ бардошта барад.
27
Ва тӯдаи бузурги мардум ва заноне ки барои Ӯ гиря ва навҳа мекарданд, аз паси Ӯ равона шуданд.
28
Ва Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй духтарони Уршалим! Барои Ман гиря накунед, балки барои худ ва фарзандонатон гиря кунед.
29
Зеро рӯзҳое меоянд, ки мегӯянд: “Хушо нозойҳо ва шикамҳое ки назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд! ”
30
Он вақт ба кӯҳҳо мегӯянд: “Бар мо афтед! ” ва ба теппаҳо: “Моро пӯшонед! ”.
31
Зеро, агар бо дарахти сарсабз чунин кунанд, бо дарахти хушк чиҳо мекунанд?»
32
Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд.
33
Ва чун ба ҷое ки “Косахонаи сар” ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро ва он ҷинояткоронро ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ.
34
Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро бахш, зеро намедонанд чӣ мекунанд». Ва либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд.
35
Ва мардум истода, тамошо мекарданд. Сардорон низ бо онҳо масхаракунон мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи интихобшудаи Худо бошад».
36
Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик омада, ба Ӯ сирко медоданд
37
ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи яҳудиён бошӣ, Худатро наҷот деҳ».
38
Дар болои сари Ӯ бо хати юнонӣ, румӣ ва ибронӣ чунин лавҳае навишта буданд: «Ин аст Подшоҳи яҳудиён».
39
Ва яке аз ҷинояткорони овехташуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ».
40
Аммо дигаре, баръакс, вайро манъ намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар ҳоле ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ?
41
Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки сазои амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст».
42
Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, чун бо қудрати Подшоҳии Худ биёӣ, маро ба ёд овар!»
43
Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ».
44
Тақрибан соат шаши рӯз буд, ки тамоми заминро то соати нӯҳ торикӣ фаро гирифт.
45
Офтоб тира шуд, ва пардаи ибодатхона ду пора шуд.
46
Ва Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.
47
Чун мирисад ин ҳодисаро дид, Худоро ҳамду сано хонда, гуфт: «Ба ростӣ ин одам росткор буд».
48
Ва тамоми мардуме ки барои ин тамошо ҷамъ омада буданд, пас аз дидани ин рӯйдод синазанон он ҷойро тарк карданд.
49
Вале ҳамаи шиносҳои Ӯ ва заноне ки аз Ҷалил Ӯро пайравӣ намуда буданд, дур истода, инро медиданд. Қабри,,,,\ Исо
50
Ва инак, Юсуф ном шахс, узви шӯро, марди нек ва росткор,
51
ки бо қарор ва кори онҳо розӣ набуд, ва аз Ромо ном шаҳри яҳудиён буда, худаш низ интизори Подшоҳии Худо буд,
52
назди Пилотус омада, ҷасади Исоро хоҳиш кард;
53
ва онро поён фуроварда, ба катон печонд ва ба қабре ниҳод, ки дар санг тарошида шуда буд, ва ҳанӯз ҳеҷ кас дар он гузошта нашуда буд.
54
Рӯзи тайёрӣ буд ва шанбе фаро мерасид.
55
Ва заноне ки ҳамроҳи Исо аз Ҷалил омада буданд, аз дунболи вай рафта, қабрро ва чӣ гуна дар он гузошта шудани ҷасади Ӯро диданд.
56
Чун баргаштанд, хушбӯиҳо ва равғани атрафшон тайёр карданд; ва рӯзи шанбе мувофиқи шариат истироҳат карданд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24