bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 17
Luke 17
Tajik NT 1999
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 18 →
1
Ва Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Имкон надорад, ки васвасаҳо ба миён наоянд, лекин вой бар ҳоли касе ки ба воситаи вай ба миён оянд.
2
Барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, ба баҳр афкананд, аз он ки яке аз ин хурдонро ба васваса андозад.
3
Ба худ диққат диҳед. Агар бародарат зидди ту гуноҳ кунад, ба ӯ гап зада, фаҳмон, ва агар тавба кунад, ӯро бахш.
4
Ва агар рӯзе ҳафт бор зидди ту гуноҳ кунад ва рӯзе ҳафт бор баргашта, гӯяд: “Тавба кардам”, — ӯро бахш».
5
Ва расулон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёд кун».
6
Худованд гуфт: «Агар шумо ба андозаи донаи хардал имон дошта бошед, ба ин дарахти тут гуфта метавонед: “Решакан гардида, дар миёни баҳр ҷойгир шав”, ва он ба шумо итоат мекунад.
7
Кист аз шумо, ки ғуломаш ба шудгор ё ба чӯпонӣ машғул бошад ва ҳангоми аз саҳро баргаштанаш ба вай гӯяд: “Зуд омада, назди дастархон шин”?
8
Баръакс, оё ӯ ба вай намегӯяд: “Барои ман хӯроки бегоҳӣ тайёр кун ва камари худро баста, ба ман хизмат кун, то хӯрам ва нӯшам, ва пас аз он худат хӯр ва нӯш”?
9
Оё ӯ ба он ғулом барои ба ҷо овардани фармонҳо миннатдорӣ баён мекунад? Гумон намекунам.
10
Ҳамчунин шумо низ, ҳангоме ки ҳамаи фармонҳои ба шумо додашударо ба ҷо овардед, гӯед: “Мо ғуломони ношоям ҳастем; чунки он чи карданамон даркор буд, кардем”».
11
Ҳангоми сафар сӯи Уршалим Ӯ аз ҳудуди байни Сомара ва Ҷалил мегузашт.
12
Ва ҳангоме ки Ӯ ба деҳае дохил мешуд, даҳ марди махавӣ аз пешаш баромаданд, ки аз дур истода,
13
бо овози баланд мегуфтанд: «Эй Исои Устод, ба мо марҳамат кун!»
14
Чун онҳоро дид, гуфт: «Равед ва худро ба коҳинон нишон диҳед». Ва онҳо ҳангоми рафтанашон пок шуданд.
15
Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, баргашта, бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонд,
16
ва пеши пойҳои Ӯ рӯй ба замин афтода, ба Ӯ ташаккур гуфт; ва ӯ марди сомарӣ буд.
17
Исо гуфт: «Оё даҳ нафар пок нашуданд? Пас он нӯҳ нафар куҷоянд?
18
Оё ғайр аз ин ғариб касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано хонад?»
19
Ва ба вай гуфт: «Бархез ва рав; имонат туро наҷот дод».
20
Чун фарисиён аз Ӯ пурсиданд, ки Подшоҳии Худо кай меояд, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Подшоҳии Худо на он тавр меояд, ки ба назар намоён шавад;
21
ва намегӯянд: “Инак, он дар ин ҷост”, ё: “Инак, дар он ҷост”, зеро инак, Подшоҳии Худо дар миёни шумост».
22
Ва ба шогирдон гуфт: «Замоне меояд, ки дидани танҳо як рӯзи Писари Одамро орзу мекунед, ва намебинед.
23
Ва ба шумо мегӯянд: “Инак, дар ин ҷост”, ё: “Инак, дар он ҷост”. Наравед ва аз паси онҳо надавед.
24
Зеро чунон ки барқ якбора медурахшад ва аз як канори осмон то канори дигари осмон рӯшноӣ медиҳад, Писари Одам дар рӯзи Худ чунин мешавад.
25
Лекин аввал лозим аст, ки Ӯ бисёр азоб кашад ва аз тарафи ин насл рад карда шавад.
26
Ва чунон ки дар айёми Нӯҳ буд, дар айёми Писари Одам низ чунин мешавад:
27
мехӯрданд, менӯшиданд, зан мегирифтанд, шавҳар мекарданд — то он рӯзе ки Нӯҳ ба киштӣ даромад; ва тӯфон омада, ҳамаро нобуд кард.
28
Дар айёми Лут низ чунон буд: мехӯрданд, менӯшиданд, мехариданд, мефурӯхтанд, мекоштанд, месохтанд;
29
лекин дар рӯзе ки Лут аз Садӯм баромад, оташ ва кибрит аз осмон борид ва ҳамаро нобуд кард.
30
Дар рӯзи зоҳир шудани Писари Одам низ чунин мешавад.
31
Дар он рӯз ҳар кӣ бар бом буда, чизҳояш дар хона бошад, барои гирифтани онҳо поён нафурояд; ва ҳар кӣ дар киштзор бошад, барнагардад.
32
Зани Лутро ба ёд оваред.
33
Ҳар кӣ барои раҳондани ҷони худ кӯшиш кунад, онро барбод медиҳад, ва ҳар кӣ онро барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ мекунад.
34
Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре ки дар як ҷогаҳ бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад.
35
Аз ду зане ки якҷоя бо дастос машғул бошанд, яке гирифта ва дигаре гузошта мешавад».
37
Дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Дар куҷо, эй Худованд?» Ба онҳо гуфт: «Ҳар куҷо лошае бошад, каргасон дар он ҷо ҷамъ мешаванд».
← Chapter 16
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 18 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24