bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 18
Luke 18
Tajik NT 1999
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 19 →
1
Ва ба онҳо масале дар бораи он гуфт, ки кас бояд ҳамеша дуо гӯяд ва дилсард нашавад,
2
ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз одамон.
3
Дар он шаҳр бевазане буд, ки назди ӯ омада, мегуфт: “Доди маро аз душманам ситон”.
4
Қозӣ муддате беаҳамиятӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: “Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз одамон,
5
лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат мекунам, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад”».
6
Ва Худованд гуфт: «Шунидед, ки ин қозии ноинсоф чӣ мегӯяд?
7
Магар Худо ба доди интихобшудагони Худ, ки рӯзу шаб ба даргоҳи Ӯ фарёд мекунанд, намерасад, гарчанде ки ба доди онҳо дер мерасад?
8
Ба шумо мегӯям, ки ба зудӣ ба доди онҳо мерасад. Лекин ҳангоме ки Писари Одам ояд, оё имонро бар замин меёбад?»
9
Ҳамчунин барои касоне ки ба росткор будани худ боварӣ дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт:
10
«Ду кас ба ибодатгоҳ барои дуо даромаданд, ки яке фарисӣ ва дигаре боҷгир буд.
11
Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: “Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: ғоратгарон, ситамгарон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам.
12
Ҳафтае ду бор рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, даҳяк медиҳам”.
13
Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: “Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун”.
14
Ба шумо мегӯям, ки ин шахс бар хилофи он шахс сафед шуда ба хонаи худ рафт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад».
15
Кӯдакони ширмакро низ назди Ӯ меоварданд, то ба онҳо даст расонад. Шогирдон инро дида, ба онҳо монеъ шуданд.
16
Аммо Исо онҳоро ҷеғ зада, гуфт: «Кӯдаконро гузоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо аз они чунин касон аст.
17
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
18
Ва сардоре аз Ӯ пурсид: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кунам, то вориси ҳаёти абадӣ шавам?»
19
Исо ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худо.
20
Фармудаҳоро медонӣ: Зино накун; накуш; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; падару модаратро эҳтиром намо».
21
Гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ нигоҳ доштаам».
22
Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, фурӯш ва ба камбағалон деҳ, ва дар осмон ганҷе меёбӣ; ва омада, Маро пайравӣ кун».
23
Лекин вай, чун инро шунид, хеле ғамгин шуд, зеро беҳад сарватманд буд.
24
Чун Исо дид, ки вай хеле ғамгин шуд, гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватмандон чӣ гуна душвор аст!
25
Зеро аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватманд ба Подшоҳии Худо дохил шавад».
26
Шунавандагон гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?»
27
Гуфт: «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст».
28
Петрус гуфт: «Инак, мо ҳама чизро тарк карда, Туро пайравӣ намудаем».
29
Ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касе нест, ки хона ё падару модар ё бародарон ё зан ё фарзандонро ба хотири Подшоҳии Худо тарк кунаду
30
дар ин замон чанд баробар ва дар давраи оянда ҳаёти абадӣ ба даст наоварад».
31
Ва он дувоздаҳро назди Худ хонда, ба онҳо гуфт: «Инак, мо сӯи Уршалим меравем, ва ҳар он чи бо забони пайғамбарон дар бораи Писари Одам навишта шудааст, ба амал меояд;
32
зеро Ӯ ба дасти ғайрияҳудиён супурда мешавад, ва Ӯро масхара, ҳақорат ва туфборон мекунанд,
33
тозиёна мезананд ва мекушанд; ва дар рӯзи сеюм Ӯ бармехезад».
34
Лекин онҳо чизе аз ин нафаҳмиданд; маънои ин суханон аз онҳо пӯшида буд, ва онҳо ба ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтанд.
35
Ҳангоме ки Ӯ ба Ариҳо наздик мешуд, кӯре дар канори роҳ нишаста, гадоӣ мекард;
36
ва чун шунид, ки аз пешаш мардум мегузаранд, пурсид: «Ин чист?»
37
Ба вай гуфтанд, ки Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38
Дарҳол фарёд карда, гуфт: «Эй Исо, Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
39
Онҳое ки дар пеш равона буданд, вайро ба хомӯш шудан водор мекарданд; лекин вай боз ҳам бештар фарёд мезад: «Эй Писари Довуд! Ба ман марҳамат кун».
40
Исо истода, фармуд, ки вайро назди Ӯ биёранд. Ва ҳангоме ки наздик омад, аз вай пурсид:
41
«Чӣ мехоҳӣ, ки барои ту кунам?» Гуфт: «Эй Хоҷа! Мехоҳам бино шавам».
42
Исо ба вай гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо бахшид».
43
Вай дарҳол бино гашт ва Худоро ҳамду сано хонда, аз паси Ӯ равона шуд. Ва тамоми мардум инро дида, Худоро ситоиш карданд.
← Chapter 17
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 19 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24