bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 13
Luke 13
Tajik NT 1999
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 14 →
1
Дар ҳамин вақт баъзеҳо омада, ба Ӯ дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки хуни онҳоро Пилотус бо қурбониҳои онҳо омехтааст.
2
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё гумон мекунед, ки ин ҷалилиён аз ҳамаи ҷалилиён бештар гуноҳкор буданд, ки чунин азоб кашидаанд?
3
Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд мешавед.
4
Ва оё гумон мекунед, ки он ҳаждаҳ одам, ки бурҷи Шилӯаҳ ба болояшон афтода, онҳоро нобуд карда буд, аз ҳамаи сокинони Уршалим бештар хатокор буданд?
5
Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд мешавед».
6
Ва чунин масале гуфт: «Шахсе дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд, ва омад, то ки мевае аз он пайдо кунад, вале чизе наёфт.
7
Ва ба токдор гуфт: “Инак, се сол аст, ки ман меоям, то аз ин дарахти анҷир мевае пайдо кунам, вале чизе намеёбам; онро бур, барои чӣ заминро беҳуда банд кунад? ”
8
Аммо вай дар ҷавоб гуфт: “Эй ҷа! Имсол ҳам онро мон, то гирдашро канда, пору андозам,
9
шояд бор оварад; ва агар наоварад, соли оянда онро мебурӣ”».
10
Дар яке аз куништҳо Ӯ рӯзи шанбе таълим медод.
11
Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳе ӯро ҳаждаҳ сол бемор карда буд: вай хамидақомат буд, ва қоматашро рост карда наметавонист.
12
Исо чун вайро дид, вайро ҷеғ зада, гуфт: «Эй зан! Аз бемории худ халос шудӣ».
13
Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.
14
Сардори куништ чун дид, ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, норозӣ шуда, ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор бояд кард; дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на ин ки дар рӯзи шанбе».
15
Худованд дар ҷавоби вай гуфт: «Эй дурӯягон! Оё ҳар яке аз шумо гов ё хари худро дар рӯзи шанбе аз охур воз карда, барои об додан намебарад?
16
Ва ин духтари Иброҳимро, ки шайтон ҳаждаҳ сол баста буд, оё дар рӯзи шанбе аз он бандҳояш халос кардан лозим набуд?»
17
Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, ҳамаи мухолифонаш дар хиҷолат монданд; ва тамоми мардум аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ шод буданд.
18
Ва Ӯ гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам?
19
Он монанди донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт; ва он рӯида, дарахти калоне шуд, ва парандагони осмон дар шохаҳояш лона сохтанд».
20
Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам?
21
Он монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, ба се ченак орд андохт, то тамоми хамир расид».
22
Ва Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, таълим медод, дар ҳолате ки роҳи Уршалимро пеш гирифта буд.
23
Дар ин миён касе ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Оё танҳо шумораи каме аз мардум наҷот меёбанд?» Ба онҳо гуфт:
24
«Ҷидду ҷаҳд кунед, ки аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон ба дохил шудан кӯшиш мекунанд, лекин наметавонанд.
25
Чун соҳиби хона бархеста, дарро бандад, дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: “Эй Хоҷа! Эй Хоҷа! Ба мо кушо”. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо мегӯяд: “Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед”.
26
Он гоҳ мегӯед: “Мо пеши Ту хӯрдем ва нӯшидем, ва дар кӯчаҳои мо Ту таълим медодӣ”.
27
Лекин Ӯ мегӯяд: “Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон”.
28
Дар он ҷо гиря ва ғиҷирроси дандон мешавад, чун Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ва тамоми пайғамбаронро дар Подшоҳии Худо бинед, вале худатон бадар ронда шуда бошед.
29
Ва аз шарқ ва ғарб ва шимол ва ҷануб омада, дар Подшоҳии Худо мешинанд.
30
Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин мешаванд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин мешаванд».
31
Дар ҳамон рӯз баъзе аз фарисиён омада, ба Ӯ гуфтанд: «Баро ва аз ин ҷо рав, чунки Ҳиродус мехоҳад Туро кушад».
32
Ба онҳо гуфт: «Равед ва ба он рӯбоҳ гӯед: “Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм анҷом медиҳам;
33
лекин имрӯз, фардо ва пасфардо бояд роҳ равам, зеро мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Уршалим кушта шавад”.
34
Эй Уршалим, Уршалим, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!
35
Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад. Ба шумо мегӯям, ки Маро дигар намебинед, то даме ки гӯед: “Муборак аст Он ки ба номи Худованд меояд!”»
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24