bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 21
Luke 21
Tajik NT 1999
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
1
Ва Ӯ назар андохта, сарватмандонро дид, ки ҳадияҳои худро ба ганҷина меандохтанд.
2
Ва ҳамчунин бевазани камбағалеро дид, ки ду танга дар он андохт.
3
Ва Ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани камбағал аз ҳама бештар андохт.
4
Зеро ҳамаи онҳо аз зиёдатии худ ҳадия барои Худо андохтанд, лекин вай аз камбағалии худ тамоми рӯзиеро, ки дошт, андохт».
5
Ҳангоме ки баъзе касон дар бораи ибодатгоҳ сухан мегуфтанд, ки он бо сангҳо ва ҳадияҳои гаронбаҳо зебу оро дода шудааст, Ӯ гуфт:
6
«Рӯзҳое меоянд, ки аз он чи дар ин ҷо мебинед, санге бар санге намемонад; ҳамааш хароб мешавад».
7
Аз Ӯ пурсиданд: «Эй Устод! Ин кай рӯй медиҳад? Ва аломати рӯй додани ин чӣ гуна аст?»
8
Гуфт: «Ҳушёр бошед, ки гумроҳ нашавед; зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки “ман Ҳамонам” ва “он вақт наздик аст”. Аз пайи онҳо наравед.
9
Ва чун овозаи ҷангҳо ва ошӯбҳоро шунавед, натарсед; зеро ин бояд аввал рӯй диҳад; лекин поёни кор дарҳол фаро намерасад».
10
Он гоҳ ба онҳо гуфт: «Халқе бар зидди халқе ва подшоҳие бар зидди подшоҳие бармехезад;
11
ва дар ҳар ҷо заминҷунбиҳои азим, гуруснагию вабоҳо, ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург аз осмон ба амал меоянд.
12
Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дастдарозӣ мекунанд ва шуморо таъқиб намуда, ба куништҳо ва зиндонҳо месупоранд ва ба хотири номи Ман назди подшоҳону ҳокимон мебаранд;
13
ва ин ба шумо имконияте барои шаҳодат мешавад.
14
Пас, дар дили худ аҳд кунед, ки пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд диҳед.
15
Зеро Ман ба шумо даҳон ва ҳикмате медиҳам, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд зиддияте ба он нишон диҳанд ва ба муқобили он чизе гӯянд.
16
Ва шуморо падару модарон, хешовандон, дӯстон ва бародарон таслим мекунанд; ва баъзеи шумо кушта мешаванд.
17
Ва ҳама барои номи Ман аз шумо нафрат мекунанд.
18
Лекин мӯе ҳам аз сари шумо гум намешавад.
19
Ҷони худро бо пойдорӣ наҷот медиҳед.
20
Чун бинед, ки лашкарҳо Уршалимро иҳота кардаанд, донед, ки харобии он наздик шудааст.
21
Он гоҳ онҳое ки дар Яҳудия мебошанд, ба кӯҳистон гурезанд; ва ҳар кӣ дар шаҳр аст, аз он барояд; ва ҳар кӣ дар гирду атроф аст, ба он надарояд.
22
Зеро ин рӯзҳо рӯзҳои қасосанд, то ба амал ояд ҳар он чи навишта шудааст.
23
Лекин вой бар ҳомиладорон ва ширдорон дар он рӯзҳо; зеро мусибати бузурге бар замин рӯй дода, ин мардум гирифтори хашм мешаванд.
24
Ва ба дами шамшер меафтанд, ва ба миёни ҳамаи халқҳо ба асирӣ мераванд; ва Уршалим поймоли халқҳо мешавад, то даме ки даврони халқҳо ба анҷом расад.
25
Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо аён мешаванд, ва бар замин халқҳо ба танг омада, аз хурӯши баҳр ва мавҷҳо ҳайрон мешаванд;
26
ва одамон аз тарс ва интизории он чи ба сари ҷаҳон меояд, беҳуш мешаванд, зеро қувваҳои осмон ба ларза меоянд.
27
Он гоҳ Писари Одамро мебинанд, ки бо қуввату ҷалоли бузург бар абре меояд.
28
Ҳангоме ки ба амал омадани ин чизҳо оғоз шавад, бархеста, сарҳои худро баланд кунед, чунки халосии шумо наздик меояд».
29
Ва ба онҳо масале гуфт: «Ба дарахти анҷир ва ба ҳамаи дарахтон нигоҳ кунед.
30
Ҳангоме ки шукуфтани онҳоро мебинед, медонед, ки тобистон наздик аст.
31
Ҳамчунин, ҳангоме ки шумо ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст.
32
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то ин ҳама рӯй надиҳад, ин насл дарнамегузарад.
33
Осмону замин гузарон аст, лекин каломи Ман гузарон нест.
34
Пас, аз худатон бохабар бошед, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳои зиндагӣ сахт шаванд, ва он рӯз ба шумо ногаҳон ояд;
35
зеро ки он монанди доме бар ҳамаи сокинони саросари рӯи замин меояд.
36
Пас, ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи он чи бояд рӯй диҳад, раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам истед».
37
Рӯзҳо Ӯ дар ибодатгоҳ таълим медод; ва шабҳо берун омада, дар кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, шабгузаронӣ мекард.
38
Ва тамоми мардум саҳарии барвақт назди Ӯ ба ибодатгоҳ барои шунидани суханонаш меомаданд.
← Chapter 20
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 22 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
Recommended Reading
Commentary
Luke Commentaries
→
Devotional
Luke Devotional Guide
→
Get This Bible
Tajik NT Study Bible
→