bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 2
Luke 2
Tajik NT 1999
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 3 →
1
Дар он рӯзҳо аз ҷониби қайсар Августус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин номнависӣ гузаронанд.
2
Ин номнависӣ аввалин буд ва дар замоне ки Куриниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, анҷом ёфт.
3
Ва ҳама барои номнависии худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.
4
Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудия, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва насли Довуд буд,
5
то бо Марям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, номнависӣ карда шавад.
6
Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;
7
ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонд, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.
8
Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.
9
Ва фариштаи Худованд бар онҳо намоён гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо хеле ҳаросон шуданд.
10
Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ба шумо хушхабари басо шодибахш мерасонам, ки он барои тамоми қавм аст:
11
Имрӯз дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда барои шумо ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ, Худованд аст.
12
Ин аст аломате барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида меёбед».
13
Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ситоиш карда, мегуфтанд:
14
«Ҷалол ба Худо дар арши аъло, Ва осоиш бар замин аст, Писандидаи /Ӯ/ байни одамон аст».
15
Ҳангоме ки фариштаҳо аз пеши онҳо ба осмон боло шуданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм равем ва он чиро, ки дар он ҷо рӯй додааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бинем».
16
Ва бо шитоб омаданд, ва Марям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17
Ва чун диданд, он суханонеро, ки ба онҳо дар бораи ин Кӯдак гуфта шуда буд, паҳн карданд.
18
Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, ҳайрон шуданд.
19
Ва Марям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.
20
Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.
21
Ҳангоме ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
22
Ва ҳангоме ки рӯзҳои покшавии онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд,
23
чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: “Ҳар наринаи нахустзода муқаддаси Худованд хонда шавад”;
24
ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар қурбонӣ кунанд.
25
Ва инак, дар Уршалим Шимъун ном марде буд, ки марди росткор ва худотарс ва мунтазири тасаллии Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд.
26
Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, маргро намебинад.
27
Ва ӯ бо роҳнамоии Рӯҳ ба ибодатгоҳ омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд,
28
ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:
29
«Акнун, эй Фармонраво, мувофиқи ваъдаи Худ Бандаи Худро бо осоиш рухсати рафтан медиҳӣ;
30
Чунки чашмони ман наҷоти Туро диданд,
31
Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо омода сохтаӣ:
32
Рӯшноиест, ки чашми халқҳоро мекушояд Ва ҷалоли қавми Исроили Ту мебошад».
33
Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, дар ҳайрат монданд.
34
Ва Шимъун онҳоро баракат дода, ба Марям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархестани бисёр касон дар Исроил ва барои аломати зиддият таъйин шудааст, —
35
дар ҷони ту низ шамшере фурӯ меравад, — то ки андешаҳои дилҳои бисёр ошкор шаванд».
36
Дар он ҷо ҳамчунин пайғамбарзане, Ҳано духтари Фануил, аз қабилаи Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи духтариаш ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд,
37
ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз ибодатгоҳ дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.
38
Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ситоиш кард ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Уршалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.
39
Пас аз он ки ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.
40
Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш пурзӯр мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.
41
Ҳар сол падару модари Ӯ барои иди Песаҳ ба Уршалим мерафтанд.
42
Инчунин ҳангоме ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи расми ид ба Уршалим омаданд,
43
ва ҳангоме ки пас аз анҷоми рӯзҳои ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Уршалим монд; ва Юсуф ва модари Ӯ аз ин огоҳ набуданд,
44
ба гумони он ки Ӯ бо аҳли корвон меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ сар карданд;
45
ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Уршалим баргаштанд.
46
Пас аз се рӯз Ӯро дар ибодатгоҳ ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод.
47
Ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз фаҳмиши Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ ҳайрон мешуданд.
48
Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модараш ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман ғам хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем».
49
Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар пайи корҳои Падарам бошам?»
50
Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
51
Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва ба онҳо фармонбардор буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.
52
Ва Исо дар ҳикмат ва дар қомат ва дар писандидагӣ назди Худо ва одамон пешрафт мекард.
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24