bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 5
Luke 5
Tajik NT 1999
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 6 →
1
Боре, ҳангоме ки мардуми бисёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд, то ки сухани Худоро гӯш кунанд, ва Ӯ дар канори кӯли Ҷинесор истода буд, —
2
ду киштиро дид, ки дар кӯл истода буданд, ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳои худро мешустанд.
3
Ба яке аз киштиҳо, ки аз они Шимъун буд, савор шуда, аз вай хоҳиш кард, ки андаке аз соҳил дуртар ронад, ва Ӯ дар киштӣ нишаста, мардумро таълим медод.
4
Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъун гуфт: «Ба чуқуроб рон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед».
5
Шимъун дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам».
6
Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон дарида равад.
7
Ва ба рафиқони худ, ки дар киштии дигар буданд, ишора карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду киштиро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд.
8
Шимъуни Петрус, чун инро дид, пеши Исо зону зада, гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман рав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам».
9
Зеро вай ва ҳамаи ҳамроҳонаш аз ин сайди моҳӣ, ки карда буданд, дар даҳшат афтоданд.
10
Ва ҳамчунин Яъқуб ва Юҳанно, писарони Забдой низ, ки шарикони Шимъун буданд. Ва Исо ба Шимъун гуфт: «Натарс; минбаъд одамонро сайд мекунӣ».
11
Ва ҳар ду киштиро ба соҳил бароварданд, ва ҳамаро тарк карда, аз паси Ӯ равона шуданд.
12
Ҳангоме ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад, ва чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
13
Ӯ дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.
14
Ва Ӯ ба вай фармуд, ки ба ҳеҷ кас гап назанад, балки рафта худро ба коҳин нишон диҳад ва барои пок шудани худ он чиро, ки Мусо фармудааст, тақдим кунад, то барои онҳо шаҳодате бошад.
15
Аммо овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд, ва шумораи зиёди мардум назди Ӯ ҷамъ меомаданд, то ки суханашро гӯш кунанд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд.
16
Ва Ӯ ба ҷойҳои хилват мерафт ва дуо мегуфт.
17
Рӯзе аз рӯзҳо Ӯ таълим медод, ва фарисиён ва муаллимони шариат аз ҳамаи деҳоти Ҷалил ва аз Яҳудия ва Уршалим омада, дар он ҷо нишаста буданд, ва дар шифо доданаш қуввати Худованд буд.
18
Инак, якчанд кас марди шалеро бо бистараш бардошта оварданд, ва мехостанд вайро дароварда, пеши Ӯ бигузоранд.
19
Вале ба сабаби бисёрии мардум роҳе барои даровардани вай наёфта, болои бом баромаданд ва аз миёни сафолҳои он вайро бо бистараш ба миёнаи хона пеши Исо поён фуроварданд.
20
Ва Ӯ имони онҳоро дида, ба вай гуфт: «Эй одамизод, гуноҳҳои ту бахшида шуданд».
21
Китобдонон ва фарисиён дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Ин кист, ки куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кист, ки гуноҳҳоро бахшида тавонад?»
22
Исо андешаҳои онҳоро пай бурда, дар ҷавоби онҳо гуфт: «Шумо дар дили худ чӣ андешаҳо доред?
23
Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки “гуноҳҳои ту бахшида шуданд”, ё гуфтани он ки “бархез ва равона шав”?
24
Лекин то донед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...» — ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
25
Вай дарҳол дар пеши назари онҳо бархест, бистари худро бардошт ва Худоро ҳамду сано гуфта, ба хонаи худ равона шуд.
26
Ва ҳама дар ҳайрат монданд, ва Худоро ҳамду сано мехонданд, ва дар ҳолате ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибе дидем». Даъват шудани Левӣ (Матто)
27
Пас аз ин Ӯ берун рафта, Левӣ ном боҷгиреро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё».
28
Вай ҳама чизро тарк карда, бархест ва аз пайи Ӯ равона шуд.
29
Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калоне дод, ва шумораи зиёди боҷгирон ва касони дигар назди дастархон нишастанд.
30
Китобдонон ва фарисиён норозигӣ баён намуда, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯред ва менӯшед?»
31
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб эҳтиёҷ доранд;
32
Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
33
Ба Ӯ гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё бисёр рӯза медоранд ва дуо мегӯянд, ҳамчунин шогирдони фарисиён низ, лекин шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?»
34
Ба онҳо гуфт: «Оё метавонед меҳмонони базми арӯсиро, то замоне ки домод бо онҳост, ба рӯзадорӣ водор намоед?
35
Лекин рӯзҳое фаро мерасанд, ки домод аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ дар он рӯзҳо рӯза медоранд».
36
Дар айни ҳол ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас порчае аз ҷомаи нав гирифта, ба ҷомаи кӯҳна дарбеҳ намемонад; вагарна он ҳам ҷомаи навро пора мекунад, ва ҳам дарбеҳи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд.
37
Ва ҳеҷ кас майи навро ба машки кӯҳна намеандозад; вагарна майи нав машкро медаронад, худаш ҳам мерезад, машк ҳам ҳайф мешавад;
38
балки майи навро ба машки нав андохтан даркор аст; ва ҳар ду нигоҳ дошта мешаванд.
39
Ва ҳеҷ кас майи кӯҳнаро нӯшида, дарҳол навашро намехоҳад, чунки мегӯяд: майи кӯҳна беҳтар аст».
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24