bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 16
Luke 16
Tajik NT 1999
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 17 →
1
Ба шогирдони Худ низ гуфт: «Як марди сарватманд буд, ки амалдоре дошт, ва дар ҳаққи вай ба ӯ шикоят карданд, ки молу мулки ӯро исроф менамояд.
2
Вайро ҷеғ зада, гуфт: “Ин чист, ки дар ҳаққи ту шунидаам? Аз корҳои худ ҳисобот деҳ, зеро дигар наметавонӣ амалдор бошӣ”.
3
Он амалдор дар дили худ гуфт: “Чӣ кунам? Хоҷаам маро аз вазифаам маҳрум месозад. Аз ӯҳдаи каландзанӣ намебароям, аз гадоӣ шарм мекунам.
4
Медонам, чӣ кунам, то ки ҳангоми аз вазифа маҳрум шуданам маро дар хонаҳои худ пазироӣ кунанд”.
5
Ва ҳар яке аз қарздорони ҷаи худро ба танҳоӣ ҷеғ зада, ба якумин гуфт: “Ту аз ҷаи ман чӣ қадар қарздор ҳастӣ? ”
6
Гуфт: “Сад хум равған”. Ба вай гуфт: “Забонхати худро гир ва зуд нишаста, панҷоҳ навис”.
7
Пас ба дигаре гуфт: “Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ? ”. Дар ҷавоб гуфт: “Сад хирвор гандум”. Ба вай гуфт: “Забонхати худро гир ва ҳаштод навис”.
8
Ва он ҷа амалдори ноинсофро офарин гуфт, ки зиракона рафтор кардааст; зеро писарони ин дунё дар муносибат бо насли худ аз писарони нур зирактаранд.
9
Ва Ман ба шумо мегӯям: Бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо ҳангоми тамом шудани он шуморо дар масканҳои абадӣ пазироӣ кунанд.
10
Касе ки дар чизи андак боваринок бошад, дар чизи бисёр низ боваринок аст; ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисёр низ ноинсоф аст.
11
Пас, агар шумо дар сарвати ноинсофона боваринок набошед, кист, ки сарвати ҳақиқиро ба шумо супорад?
12
Ва агар дар чизи бегона боваринок набошед, кист, ки чизи худатонро ба шумо диҳад?
13
Ҳеҷ ғулом бандаи ду ҷа буда наметавонад; зеро ё якеро бад дида, дигареро дӯст медорад; ё ба яке часпида, дигареро хор мешуморад. Шумо наметавонед бандаи Худо ва бандаи пул бошед».
14
Ва фарисиён, ки пулдӯст буданд, ҳамаи инро шунида, Ӯро масхара карданд.
15
Ба онҳо гуфт: «Шумо худро пеши одамон росткор вонамуд мекунед, вале Худо аз дилҳои шумо огоҳ аст; он чи назди одамон олидараҷа аст, пеши Худо нафратовар аст.
16
Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон то Яҳё буданд; пас аз он Подшоҳии Худо башорат дода мешавад, ва ҳар кас бо ҷидду ҷаҳд ба он дохил мегардад.
17
Лекин аз байн рафтани осмон ва замин осонтар аст аз он ки нуқтае аз Таврот афтад.
18
Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, зани дигаре гирад, зино мекунад; ва ҳар кӣ зани талоқшударо гирад, зино мекунад.
19
Шахси сарватманде буд, ки либосҳои арғувон ва катон дар бар мекард, ва ҳар рӯзро бо ҳашамат ва бо хушӣ мегузаронд.
20
Ва Элъозор ном бенавое буд, ки назди дарвозаи ӯ мехобид, ва танаш пур аз захм буд;
21
ва орзу дошт аз резаҳое ки аз дастархони он сарватманд меафтоданд, шиками худро сер кунад; ва сагон омада, захмҳои ӯро мелесиданд.
22
Ҳангоме ки он бенаво мурд, фариштаҳо ӯро ба паҳлӯи Иброҳим бурданд. Он сарватманд низ мурд, ва ӯро гӯронданд.
23
Ва дар дунёи мурдагон ӯ, дар ҳолате ки азоб мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Элъозор, ки дар паҳлӯяш буд, дид.
24
Ва фарёд зада, гуфт: “Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Элъозорро фирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ман дар аланга азоб мекашам”.
25
Лекин Иброҳим гуфт: “Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагиат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Элъозор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбад, ва ту азоб мекашӣ.
26
Илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо ҷарии бузурге ҳаст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд”.
27
Ва ӯ гуфт: “Пас, эй падар, аз ту илтимос мекунам, ки вайро ба хонаи падари ман фиристӣ,
28
зеро ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро огоҳ кунад, ки онҳо низ ба ин макони азоб наоянд”.
29
Иброҳим ба ӯ гуфт: “Онҳо Мусо ва пайғамбарон доранд; ба суханонашон гӯш кунанд”.
30
Аммо ӯ гуфт: “Не, падарам Иброҳим! Лекин агар яке аз мурдагон назди онҳо равад, тавба мекунанд”.
31
Ба ӯ гуфт: “Агар ба Мусо ва пайғамбарон гӯш намедода бошанд, яке аз мурдагон бархезад ҳам, имон намеоранд”».
← Chapter 15
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 17 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24