bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 15
Luke 15
Tajik NT 1999
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 16 →
1
Ҳамаи боҷгирон ва гуноҳкорон назди Ӯ меомаданд, то ки суханони Ӯро гӯш кунанд.
2
Вале фарисиён ва китобдонон шиквакунон мегуфтанд: «Ӯ гуноҳкоронро пазироӣ мекунад ва бо онҳо хӯрок мехӯрад».
3
Ва Ӯ ба онҳо ин масалро гуфт:
4
«Кист аз шумо, ки сад гӯсфанд дошта бошад ва чун яке аз онҳоро гум кунад, он наваду нӯҳро дар саҳро гузошта, аз пайи он гумшуда наравад, то онро ёбад?
5
Ва чун ёфт, бо шодӣ онро бар китфи худ мегузорад;
6
ва ба хонаи худ омада, дӯстон ва ҳамсоягонро ҷеғ мезанад ва ба онҳо мегӯяд: “Бо ман шодӣ кунед, ки гӯсфанди гумшудаи худро ёфтам”.
7
Ба шумо мегӯям: дар осмон барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, шодӣ зиёдтар мешавад, аз он ки барои наваду нӯҳ росткоре ки ба тавба эҳтиёҷ надоранд.
8
Ё кадом зан аст, ки даҳ дирҳам дошта бошад ва як дирҳамро гум карда, шамъе дарнагиронад ва хонаро рӯфта, бо диққат ҷустуҷӯ накунад, то онро ёбад?
9
Ва чун ёфт, дӯстон ва ҳамсоягони худро ҷеғ зада, мегӯяд: “Бо ман шодӣ кунед, ки дирҳами гумшудаи худро ёфтам”.
10
Ба шумо мегӯям, ки назди фариштаҳои Худо барои як гуноҳкоре ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад».
11
Боз гуфт: «Шахсе ду писар дошт;
12
ва хурдии онҳо ба падар гуфт: “Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ”. Ва падар дороии худро ба онҳо тақсим кард.
13
Пас аз чанд рӯз писари хурдӣ ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии худро дар айшу нӯш исроф намуд.
14
Ҳангоме ки ҳамаашро сарф кард, гуруснагии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд.
15
Ва рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ кунад.
16
Ва ӯ орзу дошт шиками худро аз харнубе ки хукон мехӯранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.
17
Он гоҳ ӯ ба худ омада, гуфт: “Чӣ қадаре аз мардикорони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам!
18
Бархоста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам,
19
ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту хонда шавам; маро чун яке аз мардикоронат қабул кун”.
20
Ва ӯ бархеста, сӯи падараш равона шуд. Ва ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва тозон рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид.
21
Ва писар ба вай гуфт: “Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар сазовори он нестам, ки писари ту хонда шавам”.
22
Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: “Либоси беҳтарине оварда, ба ӯ пӯшонед, ва ангуштарин ба дасташ, ва пойафзол ба пойҳояш диҳед;
23
ва гӯсолаи охуриро оварда, кушед; хӯрем ва шодӣ кунем.
24
Зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”. Ва ба шодӣ кардан шурӯъ намуданд.
25
Лекин писари калонии вай дар саҳро буд; ва ҳангоме ки баргашта, ба хона наздик шуд, садои мусиқӣ ва рақсро шунид.
26
Ва яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки ин чӣ маъно дорад.
27
Вай ба ӯ гуфт: “Бародарат омад, ва падарат гӯсолаи охуриро кушт, чунки ӯро саломат бозёфт”.
28
Ӯ ба хашм омада, нахост ба хона дарояд. Ва падараш баромада, ӯро ҷеғ зад.
29
Аммо ӯ дар ҷавоби падараш гуфт: “Инак, чандин сол аст, ки ман ғуломи ту ҳастам ва ҳаргиз аз фармони ту гардан натофтаам; вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам надодаӣ, то ки бо дӯстони худ шодӣ кунам;
30
ва чун ин писарат, ки дороии туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи охуриро куштаӣ”.
31
Ба ӯ гуфт: “Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва ҳар он чи ман дорам, аз они туст.
32
Аммо ба он бояд шодӣ ва хурсандӣ мекардем, ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд”».
← Chapter 14
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 16 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24