bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 20
Luke 20
Tajik NT 1999
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 21 →
1
Яке аз он рӯзҳое ки Ӯ мардумро дар ибодатгоҳ таълим ва башорат медод, коҳинон ва китобдонон бо пирон омада,
2
ба Ӯ гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки бо кадом ҳуқуқ Ту ин корҳоро мекунӣ, ё кист, ки ин ҳуқуқро ба Ту додааст?»
3
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман ҳам аз шумо чизе мепурсам, ва ба Ман гӯед:
4
таъмиди Яҳё аз осмон буд ё аз инсон?»
5
Онҳо дар дили худ андеша карда, мегуфтанд: «Агар гӯем, ки “аз осмон буд”, Ӯ мегӯяд: “Пас чаро ба вай бовар накардед? ”
6
Ва агар гӯем, ки “аз инсон буд”, тамоми мардум моро сангсор мекунанд, зеро боварӣ доранд, ки Яҳё пайғамбар буд».
7
Ва дар ҷавоб гуфтанд: «Намедонем аз куҷо буд».
8
Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».
9
Ва ба мардум чунин масалеро гуфт: «Шахсе токзоре шинонд, ва онро ба токдорон супурда, муддати дарозе ба сафар рафт.
10
Чун мавсим расид, ғуломеро назди токдорон фиристод, то аз меваи токзор ба вай диҳанд; лекин токдорон вайро зада, дастхолӣ равона карданд.
11
Ва ӯ ғуломи дигарро фиристод; вале онҳо вайро низ зада ва дашном дода, дастхолӣ фиристоданд.
12
Ва ӯ боз сеюмашро фиристод; аммо вайро низ захмдор карда, бадар ронданд.
13
Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: “Чӣ кунам? Писари дӯстдоштаи худро мефиристам. Шояд ӯро дида, шарм кунанд”.
14
Лекин токдорон чун ӯро диданд, бо ҳамдигар машварат карда, гуфтанд: “Ин ворис аст; биёед, вайро кушем, то ки мерос аз они мо шавад”.
15
Ва ӯро аз токзор бароварда, куштанд. Пас, соҳиби токзор ба онҳо чӣ мекунад?
16
Вай омада, он токдоронро нобуд мекунад ва токзорро ба дигарон месупорад». Онҳое ки ин суханонро шуниданд, гуфтанд: «Чунин набод!»
17
Аммо Ӯ ба онҳо нигариста, гуфт: «Маънои ин навишта чист: “Санге ки бинокорон рад карданд, Санги сари гӯшаи бино гардид”?
18
Ҳар кӣ бар он санг афтад, пора-пора мешавад; ва агар он бар касе афтад, вайро гард-гард мекунад».
19
Сардорони коҳинон ва китобдонон хостанд ҳамон дам Ӯро дастгир кунанд, лекин аз мардум тарсиданд. Зеро донистанд, ки ин масалро дар ҳаққи онҳо мегӯяд.
20
Ва Ӯро зери назорат гирифта, ҷосусонро фиристоданд, то ки онҳо худро росткор нишон дода, аз суханаш далел ёбанд ва Ӯро ба қудрат ва ихтиёри ҳоким супоранд.
21
Ва онҳо аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақиқатро мегӯӣ ва таълим медиҳӣ, ва рӯбинӣ намекунӣ, балки роҳи Худоро ба ростӣ меомӯзонӣ;
22
оё ба қайсар андоз додани мо раво аст, ё не?»
23
Вале Ӯ найранги онҳоро дарёфта, ба онҳо гуфт: «Чаро Маро меозмоед?
24
Диноре ба Ман нишон диҳед. Сурат ва навиштаи рӯи он аз они кист?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Аз они қайсар».
25
Ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост — ба Худо».
26
Ва Ӯро пеши мардум аз суханаш ба дом афтонда натавонистанд ва аз ҷавоби Ӯ ҳайрон шуда, хомӯш монданд.
27
Ва баъзе аз саддуқиён, ки растохезро инкор мекунанд, назди Ӯ омада, пурсиданд:
28
«Эй Устод! Мусо ба мо навиштааст, ки агар бародари касе мурад ва зандор буда, фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад.
29
Ва инак, ҳафт бародар буданд. Якумӣ зан гирифт ва фарзанд ба дунё наоварда, мурд.
30
Ва он занро дуюмӣ гирифт, вале ӯ низ бе фарзанд мурд.
31
Баъд вайро сеюмӣ гирифт, ва ҳамин тавр то ҳафтумӣ, ва ҳама фарзанде нагузошта, мурданд.
32
Баъд аз ҳама зан низ мурд.
33
Пас, дар рӯзи растохез вай зани кадоми онҳо мешавад? Зеро ҳар ҳафт вайро ба занӣ гирифта буданд».
34
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Фарзандони ин замон зан мегиранд ва ба шавҳар мераванд;
35
лекин онҳое ки сазовори расидан ба он замон ва ба растохез аз мурдагон шаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мераванд,
36
ва дигар бор наметавонанд муранд, зеро онҳо ба фариштаҳо баробаранд, ва азбаски писарони растохез ҳастанд, онҳо писарони Худо мебошанд.
37
Аммо онро, ки мурдагон бармехезанд, Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.
38
Ва Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро пеши Ӯ ҳама зинда ҳастанд».
39
Баъзе аз китобдонон дар ҷавоб гуфтанд: «Эй Устод! Нағз сухан рондӣ».
40
Ва дигар онҳо ҷуръат надоштанд, ки аз Ӯ чизе пурсанд.
41
Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Чӣ гуна мегӯянд, ки Масеҳ Писари Довуд аст?
42
Ва ҳол он ки худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: “Худованд ба Худованди ман гуфт: Аз дасти рости Ман нишин,
43
То даме ки душманони Туро пойандози Ту созам”.
44
Инак, Довуд Ӯро Худованд мехонад; пас чӣ гуна Ӯ писари вай будааст?»
45
Ва дар ҳолате ки тамоми мардум гӯш мекарданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:
46
«Аз китобдонон ҳазар кунед, ки ҷомаҳои дароз пӯшида гаштанро меписанданд, ва дар кӯчаву бозор салом шунидан, дар ҷойҳои беҳтарини куништҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишин буданро дӯст медоранд;
47
хонаҳои бевазанонро фурӯ мебаранд ва намоишкорона дуру дароз дуо мегӯянд; онҳо сахттар маҳкум мешаванд».
← Chapter 19
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 21 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24