bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 3
Luke 3
Tajik NT 1999
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 4 →
1
Дар соли понздаҳуми ҳукмронии қайсар Тибариюс, ҳангоме ки Понтиюс Пилотус дар Яҳудия фармонравоӣ мекард, ва Ҳиродус тетрархи Ҷалил, ва бародараш Филиппус тетрархи Итурия ва вилояти Тарохунитис, ва Лисониюс тетрархи Абилин буд,
2
дар замони саркоҳинон Ҳонон ва Қаёфо, каломи Худо ба Яҳё ибни Закарё расид.
3
Ва ӯ тамоми кишвари атрофи Урдунро тай карда, барои бахшоиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард,
4
чунон ки дар китоби суханони Ишаъёи пайғамбар навишта шудааст: «Овози нидокунандае дар биёбон: Роҳи Худовандро тайёр кунед, Роҳҳои Ӯро рост кунед.
5
Ҳар водӣ баланд, ва ҳар кӯҳу теппа паст, Ва ҳар каҷӣ роҳи рост, ва ҳар роҳи ноҳамвор ҳамвор мешавад;
6
Ва тамоми башарият наҷоти Худоро мебинад».
7
Ва ба мардуме ки берун меомаданд, то ки аз ӯ таъмид гиранд, мегуфт: «Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби оянда гурезед?
8
Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки “падари мо Иброҳим аст! ”; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад.
9
Ва акнун теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида ва ба оташ партофта мешавад».
10
Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас чӣ кунем?»
11
Дар ҷавоби онҳо мегуфт: «Касе ки ду курта дорад, ба касе ки надорад, диҳад; ва касе ки хӯрок дорад, низ чунин амал кунад».
12
Боҷгирон низ барои таъмид омада, ба ӯ гуфтанд: «Эй устод, чӣ кунем?»
13
Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он чи барои шумо муқаррар шудааст, талаб накунед».
14
Сарбозон низ аз ӯ пурсида, гуфтанд: «Пас мо чӣ кунем?» Ба онҳо гуфт: «Касеро озор надиҳед, дар ҳаққи касе тӯҳмат накунед, ва ба маоши худ қаноат намоед».
15
Ва ҳангоме ки мардум интизор меистоданд, ва ҳама дар дили худ дар бораи Яҳё андеша мекарданд, ки оё вай Масеҳ аст ё не,
16
Яҳё дар ҷавоби ҳамаи онҳо мегуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, лекин Касе тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки банди пойафзоли Ӯро кушоям; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад;
17
Ӯ бели Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандумро дар анбори Худ ҷамъ мекунад, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».
18
Боз бо бисёр насиҳатҳои дигар ба мардум башорат медод.
19
Ва тетрарх Ҳиродус барои Ҳиродия, зани бародараш, ва барои ҳамаи бадиҳое ки карда буд, ба сарзаниши ӯ дучор шуд.
20
Бар ҳамаи ин онро низ илова намуд, ки Яҳёро дар зиндон андохт.
21
Ҳангоме ки мардум ҳама таъмид мегирифтанд, ва Исо низ таъмид гирифта, дуо мегуфт, осмон кушода шуд,
22
ва Рӯҳулқудс дар шакли ҷисмонӣ, чун кабӯтаре, бар Ӯ фуруд омад, ва овозе аз осмон омад, ки мегуфт: «Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам!»
23
Ва Исо, ҳангоме ки хизмати Худро сар кард, тақрибан сисола буд, ва, чунон ки гумон мекарданд, писари Юсуф ибни Элӣ,
24
ибни Маттот, ибни Левӣ, ибни Малкӣ, ибни Яннай, ибни Юсуф,
25
ибни Матитё, ибни Омӯс, ибни Наҳум, ибни Ҳеслӣ, ибни Наҷҷай,
26
ибни Маҳат, ибни Матитё, ибни Шимъӣ, ибни Юсуф, ибни Яҳудо,
27
ибни Юҳонон, ибни Решо, ибни Зарубобил, ибни Шаалтиил, ибни Нерӣ,
28
ибни Малкӣ, ибни Аддӣ, ибни Кӯсом, ибни Элмадом, ибни Эр,
29
ибни Юсӣ, ибни Элиазар, ибни Юрим, ибни Маттот, ибни Левӣ,
30
ибни Шимъун, ибни Яҳудо, ибни Юсуф, ибни Юном, ибни Элёқим,
31
ибни Малё, ибни Мино, ибни Матато, ибни Нотон, ибни Довуд,
32
ибни Ишой, ибни Убид, ибни Бӯаз, ибни Салмӯн, ибни Наҳшӯн,
33
ибни Амминодоб, ибни Ром, ибни Ҳесрӯн, ибни Порас, ибни Яҳудо,
34
ибни Яъқуб, ибни Исҳоқ, ибни Иброҳим, ибни Тораҳ, ибни Ноҳӯр,
35
ибни Саруҷ, ибни Рау, ибни Палаҷ, ибни Эбар, ибни Шолаҳ,
36
ибни Қенон, ибни Арпакшад, ибни Сом, ибни Нӯҳ, ибни Ломак,
37
ибни Матушолаҳ, ибни Ҳанӯх, ибни Ёрад, ибни Маҳалалъил, ибни Қенон,
38
ибни Анӯш, ибни Шет, ибни Одам, ибни Худо буд.
← Chapter 2
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 4 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24