bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 7
Luke 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 8 →
1
Ҳангоме ки Ӯ ҳамаи суханони худро ба гӯши мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум даромад.
2
Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, бемор шуда, дар остонаи марг буд.
3
Вай дар бораи Исо шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада, ғуломи вайро шифо диҳад.
4
Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш кунӣ,
5
зеро халқи моро дӯст медорад ва барои мо куништ сохт».
6
Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикии хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Хоҷаам! Ташвиш накаш, зеро ман шоистаи он нестам, ки Ту ба хонаи ман биёӣ.
7
Ба ин сабаб худамро низ сазовор надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане гӯй, ва хизматгори ман шифо меёбад.
8
Зеро ман низ як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозон дорам; ба яке мегӯям: “Рав”, меравад; ба дигаре мегӯям: “Биё”, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: “Фалон корро кун”, мекунад».
9
Исо ин суханонро шунида, ҳайрон шуд, ва ба тӯдаи одамоне ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям: Ман ҳатто дар Исроил чунин имоне наёфтаам».
10
Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.
11
Пас аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад, ва бисёре аз шогирдонаш ва тӯдаи калони мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд.
12
Ҳангоме ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.
13
Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гиря накун».
14
Ва наздик омада, ба тобут даст расонд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез».
15
Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд.
16
Ва ҳамаро тарс фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо ба дидори қавми Худ омадааст».
17
Ин гап дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудия ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
18
Ва шогирдони Яҳё ҳамаи инро ба Яҳё хабар доданд.
19
Ва Яҳё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки пурсанд: «Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
20
Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки пурсем: “Оё Ту ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем? ”»
21
Дар ҳамон вақт Ӯ бисёр касонро аз бемориҳо ва дардҳо ва аз рӯҳҳои нопок шифо дода ва кӯрони бисёрро биноӣ бахшида буд.
22
Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Равед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳё гӯед: кӯрҳо мебинанд, лангҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон бармехезанд, ба бенавоён башорат дода мешавад;
23
ва хушо касе ки аз Ман норозӣ нест».
24
Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳё сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани найе ки аз бод меларзад?
25
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани шахсе ки сару либоси нарм дар бар дорад? Онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
26
Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як пайғамбар? Ҳа, ба шумо мегӯям, ки вай аз пайғамбар ҳам бузургтар аст.
27
Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст: “Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, То роҳи Туро пеши Ту омода кунад”.
28
Зеро ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд шудаанд, ҳеҷ як пайғамбаре бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Подшоҳии Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст.
29
Чун тамоми мардум ва боҷгирон шуниданд, бо таъмиди Яҳё таъмид ёфта, тасдиқ карданд, ки Худо ҳақ аст.
30
Аммо фарисиён ва шариатдонон аз вай таъмид нагирифта, нақшаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд.
31
Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд?
32
Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар бозор нишаста ва ба якдигар муроҷиат карда, мегӯянд: “Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед”.
33
Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на май менӯшад; ва шумо мегӯед: “Дев дорад”.
34
Писари Одам омад, ки мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: “Инак Шахси пурхӯр ва майнӯш, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст”.
35
Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда мешавад».
36
Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вай хӯрок хӯрад; ва Ӯ ба хонаи фарисӣ даромада, назди дастархон нишаст.
37
Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисӣ назди дастархон нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани хушбӯй овард;
38
ва аз пас назди пойҳои Ӯ истода, гирякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконд, ва пойҳои Ӯро бӯсида, равғани хушбӯй молид.
39
Фарисие ки Ӯро даъват карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ пайғамбар мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки ба Ӯ даст мерасонад, зеро вай гуноҳкор аст».
40
Исо ба ӯ рӯ оварда, гуфт: «Эй Шимъун! Ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам». Гуфт: «Гӯй, эй Устод».
41
Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.
42
Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Гӯй, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?»
43
Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ӯ бештар бахшидааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ».
44
Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъун гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашк шуста, бо мӯи сараш хушконд.
45
Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад.
46
Ту ба сари Ман равғани зайтун намолидӣ; аммо вай ба пойҳои Ман равғани хушбӯй молид.
47
Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисёри вай бахшида шудаанд, аз ҳамин сабаб вай бисёр дӯст дошт; вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад».
48
Ва ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шудаанд».
49
Онҳое ки бо Ӯ назди дастархон нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ мебахшад?»
50
Ӯ ба зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; бо осоиш бирав».
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24