bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 9
Luke 9
Tajik NT 1999
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 10 →
1
Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо ва барои шифо додани бемориҳо ба онҳо қувват ва қудрат бахшид,
2
ва онҳоро фиристод, то Подшоҳии Худоро мавъиза кунанд ва беморонро шифо диҳанд.
3
Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ чизе бо худ нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед.
4
Ба ҳар хонае, ки даромадед, дар он ҷо монед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед.
5
Агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, ҳангоме ки аз он шаҳр берун меравед, чанги пойҳои худро афшонед, то шаҳодате бар онҳо гардад».
6
Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд.
7
Тетрарх Ҳиродус овозаи ҳамаи корҳои Ӯро шунида, ҳайрон шуд: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳё аз мурдагон бархестааст;
8
дигарон мегуфтанд, ки Илёс падид омадааст; вале баъзеи дигар мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони қадим бархестааст.
9
Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо кардам; пас, ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва мехост Ӯро бинад.
10
Расулон баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт-Сайдо ном шаҳре буд.
11
Аммо мардум хабардор шуда, аз паси Ӯ рафтанд, ва Ӯ онҳоро пазируфта, ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо гап зад ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12
Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро рухсати рафтан деҳ, то ки ба деҳот ва бошишгоҳҳои атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои беодам аст».
13
Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Гуфтанд: «Мо танҳо панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои ҳамаи ин мардум хӯроке харем?»
14
Зеро онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ панҷоҳнафарӣ шинонед».
15
Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд.
16
Ва Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд.
17
Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда, бардоштанд.
18
Боре, ҳангоме ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?»
19
Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Илёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим бархестааст».
20
Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо».
21
Ва Ӯ ба онҳо сахт таъкид кард, ки инро ба касе нагӯянд;
22
ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, сардорони коҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм бархезад.
23
Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд.
24
Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳондан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад.
25
Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дунёро ба даст оварад, лекин ҷони худро барбод диҳад, ё аз даст диҳад?
26
Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштаҳои муқаддас меояд, аз вай шарм мекунад.
27
Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе ки дар ин ҷо истодаанд, то Подшоҳии Худоро набинанд, маргро намечашанд».
28
з ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад.
29
Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид.
30
Ва инак, ду мард, Мусо ва Илёс, бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд:
31
онҳо дар ҷалоле намоён шуда, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Уршалим ба амал ояд, сухан меронданд.
32
Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд.
33
Ҳангоме ки Мусо ва Илёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се соябон месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Илёс», ва намедонист, чӣ мегӯяд.
34
Ҳанӯз вай ин суханонро мегуфт, ки абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун он касон дохили абр шуданд, шогирдон тарсиданд.
35
Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман; Ӯро гӯш кунед».
36
Ва чун овоз баромад, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он рӯзҳо гап назаданд.
37
Рӯзи дигар, ҳангоме ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисёре Ӯро пешвоз гирифтанд.
38
Ва инак марде аз байни мардум фарёд зада, гуфт: «Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст:
39
рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон дод мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳол карда, базӯр аз ӯ даст мекашад.
40
Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд».
41
Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр».
42
Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонда, сахт печутоб дод. Аммо Исо рӯҳи нопокро манъ кард, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд.
43
Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Бори дуюм дар бораи марги Худ гуфтани Исо Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо ҳайрон буданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:
44
«Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда мешавад».
45
Лекин онҳо ин суханонро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин суханон аз Ӯ пурсанд.
46
Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47
Исо андешаи дили онҳоро дарёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт.
48
Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург мешавад».
49
Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба номи Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо Туро пайравӣ намекунад».
50
Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди мо нест, вай тарафдори мост».
51
Ва чун рӯзҳои ба осмон боло шудани Ӯ наздик меомаданд, Ӯ азми сафари Уршалим кард;
52
ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як деҳаи сомариён шуданд, то ки барои Ӯ тайёрӣ бинанд.
53
Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, чунки Ӯ сӯи Уршалим сафар дошт.
54
Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Эй Хоҷа! Оё мехоҳӣ гӯем, ки оташе аз осмон омада, онҳоро нобуд намояд, чунон ки Илёс карда буд?»
55
Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо аз кадом навъ рӯҳ ҳастед;
56
зеро Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба деҳаи дигаре рафтанд.
57
Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ мекунам».
58
Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон ғорҳо ва парандагони осмон лонаҳо доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар монад».
59
Ба дигаре гуфт: «Маро пайравӣ кун». Вай гуфт: «Хоҷаам! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро ба хок супорам».
60
Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд: аммо ту рафта, Подшоҳии Худоро мавъиза кун».
61
Боз шахси дигаре гуфт: «Хоҷаам! Туро пайравӣ мекунам, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам».
62
Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои омоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Подшоҳии Худо сазовор нест».
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24