bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 8
Luke 8
Tajik NT 1999
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 9 →
1
Пас аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Подшоҳии Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд,
2
ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз рӯҳҳои нопок ва бемориҳо шифо дода буд: Марям, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд,
3
ва Юҳанна, ҳамсари Кузо, ки амалдори Ҳиродус буд, ва Сусанна, ва бисёр дигарон, ки бо дороии худ ба онҳо хизмат мекарданд.
4
Ҳангоме ки мардуми бисёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт:
5
«Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, миқдоре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва парандагони осмон онро хӯрданд.
6
Миқдоре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки намие набуд.
7
Миқдоре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд.
8
Миқдоре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, шунавад!»
9
Шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?»
10
Гуфт: «Ба шумо донистани сирҳои Подшоҳии Худо дода шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, то “нигариста, набинанд, ва шунида, нафаҳманд”.
11
Инак маънои ин масал: тухм каломи Худост.
12
Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд;
13
афтода бар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро шунаванд, бо шодӣ қабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вақти озмоиш ақиб мераванд;
14
афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ташвишҳо, сарват ва дилхушиҳои зиндагӣ онҳоро пахш мекунанд, ва онҳо самаре намеоваранд;
15
афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили соф ва нек нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.
16
Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бинад.
17
Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум ва аён нашавад.
18
Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ гуна мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода мешавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта мешавад».
19
Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.
20
Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бинанд».
21
Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».
22
Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба киштӣ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Биёед, ба соҳили дигари кӯл гузарем». Ва киштиро ронданд.
23
Ва чун мерафтанд, Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоде бар кӯл бархест, ва киштии онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд.
24
Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархеста, ба бод ва ғалаёни об фармон дод, ва онҳо фурӯ нишастанд, ва оромӣ фаро расид.
25
Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарс ва ҳайрат ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва ба об низ фармон медиҳад, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
26
Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд.
27
Ҳангоме ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки дер боз гирифтори девҳо буд, ва либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард.
28
Ҳамин ки Исоро дид, фарёд зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Бо ман чӣ кор дорӣ, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!»
29
Зеро Ӯ ба рӯҳи нопок фармуда буд, ки аз ин шахс берун равад; чунки вай муддати дуру дароз ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирҳо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбон меронд.
30
Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», чунки девҳои бисёр ба дарунаш даромада буданд.
31
Ва вай аз Ӯ илтимос кард, ки онҳоро фармуда ба асфалуссофилин нафиристад.
32
Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод.
33
Ва девҳо аз он шахс берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ ба кӯл ҷаст ва ғарқ шуд.
34
Хукбонон ин рӯйдодро дида, гурехтанд ва дар шаҳру деҳот инро нақл карданд.
35
Мардум барои дидани ин рӯйдод берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва тарсиданд.
36
Касоне ки дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девзада чӣ гуна шифо ёфт.
37
Ва ҳамаи мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба киштӣ савор шуда, баргашт.
38
Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Исо вайро ба хонааш фиристода, гуфт:
39
«Ба хонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза кард.
40
Ҳангоме ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд.
41
Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд.
42
Зеро духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар ҳолати мурдан буд. Ҳангоме ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисёр аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.
43
Зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, —
44
аз пас наздик шуда, ба домани либоси Ӯ даст расонд, ва дарҳол хунравии вай бозистод.
45
Ва Исо гуфт: «Кист, ки ба Ман даст расонд?» Ҳангоме ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, — ва Ту мегӯӣ: “Кист, ки ба Ман даст расонд? ”».
46
Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расондааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт».
47
Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, ларзон омада, назди Ӯ афтод ва дар пеши ҳамаи мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб ба Ӯ даст расонд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт.
48
Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; бо осоиш рав».
49
Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ».
50
Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, танҳо имон дошта бош, ва ӯ наҷот меёбад».
51
Ва ҳангоме ки ба хона расид, ғайр аз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд.
52
Ҳама барои вай гиря ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гиря накунед; вай намурдааст, балки хобидааст».
53
Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст.
54
Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй духтар! Бархез».
55
Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархест; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд.
56
Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин рӯйдодро ба ҳеҷ кас нагӯянд.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24