bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 6
Luke 6
Tajik NT 1999
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 7 →
1
Дар рӯзи шанбеи дуюм, пас аз якум, чунин шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва бо даст соида, мехӯрданд.
2
Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?»
3
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
4
Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ки хӯрдани он, ғайр аз коҳинон, ба касе раво набуд?»
5
Ва ба онҳо гуфт: «Писари Одам х ҷаи рӯзи шанбе низ мебошад».
6
Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо шахсе буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7
Китобдонон ва фарисиён аз пайи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ӯ бор кунанд.
8
Ва Ӯ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба шахси дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Вай бархест ва истод.
9
Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор раво аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё куштан?»
10
Ва ба ҳамаи онҳо нигариста, ба он шахс гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва он монанди дасти дигараш сиҳат шуд.
11
Аммо онҳо бисёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар машварат мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.
12
Дар он рӯзҳо Ӯ барои дуо гуфтан ба кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.
13
Ҳангоме ки рӯз шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи расулонро дод, ки инҳоянд:
14
Шимъун, ки ӯро Петрус низ номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,
15
Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъун, ки лақабаш Ғаюр буд,
16
Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд.
17
Ва бо онҳо фуруд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва бисёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум аз тамоми Яҳудия ва Уршалим ва аз соҳили Сур ва Сидун ҷамъ омаданд,
18
то ки сухани Ӯро гӯш кунанд ва аз бемориҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони рӯҳҳои нопок буданд; ва шифо меёфтанд.
19
Ва мардум ҳама кӯшиш мекарданд, ки ба Ӯ даст расонанд, чунки қуввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид.
20
Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй бенавоён, Зеро Подшоҳии Худо аз они шумост.
21
Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, Зеро сер мешавед. Хушо шумо, ки ҳоло гирён ҳастед, Зеро хандон мешавед.
22
Хушо шумо, ҳангоме ки одамон ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат кунанд, ва шуморо дур кунанд ва дашном диҳанд ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.
23
Дар он рӯз шодӣ кунеду пойкӯбӣ намоед, чунки подоши шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.
24
Лекин вой бар шумо, эй сарватмандон! Зеро тасаллии худро ёфтаед.
25
Вой бар шумо, эй сершудагон! Зеро гурусна мешавед. Вой бар шумо, эй касоне ки акнун хандон ҳастед, зеро мотам гирифта, гирён мешавед.
26
Вой /бар шумо/, вақте ки мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро падарони онҳо бо пайғамбарони дурӯғин ҳамин тавр рафтор карда буданд.
27
Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегӯям: душманони худро дӯст доред; ба онҳое ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед;
28
барои онҳое ки шуморо лаънат мегӯянд, баракат хоҳед; барои онҳое ки шуморо озор медиҳанд, дуо гӯед.
29
Агар касе ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай гардон; ва агар касе ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав.
30
Агар касе аз ту чизе хоҳиш кунад, ба вай деҳ, ва агар касе чизи туро гирад, гашта доданашро талаб накун.
31
Чӣ тавре ки мехоҳед, то одамон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед.
32
Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ мукофотеро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ дӯстдорони худро дӯст медоранд.
33
Ва агар ба касоне некӣ мекунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, чӣ мукофотро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ чунин мекунанд.
34
Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, чӣ мукофотро интизоред? Зеро гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд.
35
Лекин шумо душманони худро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳед, бе он ки чизе умедвор шавед; ва подоши шумо бузург мешавад, ва писарони Ҳаққи Таоло мешавед; зеро Ӯ ба носипосон ва бадон некӯ аст.
36
Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳмдил аст.
37
Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор намешавед; маҳкум накунед, ва маҳкум намешавед, бахшед ва бахшида мешавед.
38
Диҳед, ва ба шумо дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбондаву фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо мерезанд; зеро ба ҳар андозае ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда мешавад».
39
Ва масале ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?
40
Шогирд аз устоди худ беҳтар нест. Аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун устодаш мешавад.
41
Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
42
Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯӣ: “Эй бародар! Биё, хасро аз чашми ту дур кунам”, дар ҳоле ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй дурӯя! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст мебинӣ, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
43
Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад. Ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад.
44
Зеро ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; зеро аз хорҳо анҷир намегиранд, ва аз хорбутта ангур намечинанд.
45
Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шахси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд.
46
Чаро Маро “Худовандо! Худовандо!” мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?
47
Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро шунавад ва ба ҷо оварад, — ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:
48
вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чуқур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт; ва ҳангоме ки сел омада, оби дарё он хонаро зер кард, онро аз ҷояш ҷунбонда натавонист, чунки бар санг сохта шуда буд.
49
Лекин ҳар кӣ шунавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ сохт; ва ҳангоме ки оби дарё онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».
← Chapter 5
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 7 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24