bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Luke 24
Luke 24
Tajik NT 1999
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
1
Дар рӯзи якуми ҳафта, саҳарии барвақт, хушбӯиҳоеро, ки тайёр карда буданд, бо худ гирифта, ба сари қабр омаданд, ва баъзе занони дигар ҳамроҳи онҳо буданд.
2
Вале диданд, ки санг аз қабр ғелонда шудааст;
3
ва чун дохил шуданд, ҷасади Худованд Исоро наёфтанд.
4
Чун аз ин хеле ҳайрон буданд, баногоҳ дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд.
5
Ва ҳангоме ки аз тарс сарҳои худро поён карда буданд, он ду ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо зиндаро дар миёни мурдагон ҷустуҷӯ мекунед?
6
Ӯ дар ин ҷо нест, балки бархестааст. Ба ёд оваред, ки чӣ гуна Ӯ, ҳангоме ки дар Ҷалил буд, ба шумо сухан ронда,
7
гуфта буд, ки Писари Одам бояд ба дасти одамони гуноҳкор супурда шавад ва ба салиб кашида шавад, ва дар рӯзи сеюм бархезад».
8
Ва онҳо суханони Ӯро ба ёд оварданд.
9
Ва аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба он ёздаҳ ва ба ҳамаи дигарон нақл карданд.
10
Инҳо Марями Маҷдалия ва Юҳанна ва Марям, модари Яъқуб, ва бо онҳо занони дигар буданд, ки ба расулон ин чизҳоро гуфтанд.
11
Вале суханонашон ба онҳо сафсатае намуд, ва ба гапи онҳо бовар накарданд.
12
Аммо Петрус бархеста, сӯи қабр давид ва хам шуда, танҳо кафани гузоштаро дид, ва аз ин рӯйдод дар ҳайрат монда, ба хонаи худ рафт.
13
Дар ҳамон рӯз ду нафар аз онҳо ба деҳае мерафтанд, ки тақрибан шаст стадия аз Уршалим дур буд, ва Аммоус ном дошт.
14
Ва бо ҳамдигар дар бораи ҳамаи ин рӯйдодҳо гуфтугӯ мекарданд.
15
Ва ҳангоме ки онҳо гуфтугӯ ва андешаронӣ мекарданд, Худи Исо наздик омада, бо онҳо равона шуд.
16
Лекин чашмони онҳо баста буданд, ба тавре ки Ӯро нашинохтанд.
17
Ба онҳо гуфт: «Дар бораи чӣ бо ҳамдигар дар роҳ гуфтугузор мекунед, ва чеҳраҳоятон ғамгин аст?»
18
Яке аз онҳо, ки Клеупос ном дошт, дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Наход ки танҳо Ту аз онҳое ки ба Уршалим омадаанд, аз он чи дар ин рӯзҳо рӯй додааст, бехабар ҳастӣ?»
19
Ба онҳо гуфт: «Аз чӣ?» Ба Ӯ гуфтанд: «Аз он чи ба Исои Носирӣ рӯй додааст, ки Ӯ пайғамбаре буд тавоно дар кирдор ва гуфтор дар пеши Худо ва тамоми мардум;
20
чӣ гуна Ӯро сардорони коҳинон ва сардорони мо таслим карданд, то ки ба марг маҳкум шавад, ва Ӯро ба салиб кашиданд.
21
Лекин мо умед доштем, ки Ӯ ҳамон аст, ки бояд Исроилро халосӣ диҳад. Аммо, бо ин ҳама, имрӯз рӯзи сеюм аст, ки ин рӯй додааст.
22
Баъзе аз занони мо низ моро дар ҳайрат андохтанд; онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафтаанд
23
ва ҷасади Ӯро наёфтаанд ва омада гуфтанд, ки дар рӯъё фариштаҳоро низ дидаанд, ки мегӯянд: Ӯ зинда аст.
24
Ва баъзе аз рафиқони мо ба сари қабр рафта, ончунон ки занон гуфта буданд, ёфтаанд; лекин Ӯро надидаанд».
25
Ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Эй бехирадон, ки барои бовар кардан ба гуфтаҳои пайғамбарон дили дерфаҳм доред!
26
Оё лозим набуд, ки Масеҳ ин ранҷҳоро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ расад?»
27
Ва аз Мусо ва аз ҳамаи пайғамбарон сар карда, он чиро, ки дар тамоми Китоб дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод.
28
Ва онҳо ба деҳае ки сӯяш мерафтанд, наздик омаданд, ва Ӯ чунин вонамуд кард, ки мехоҳад роҳашро давом диҳад.
29
Вале онҳо Ӯро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Бо мо мон, чунки шом наздик аст, ва рӯз ба поён мерасад». Ва Ӯ даромад, то бо онҳо монад.
30
Ва ҳангоме ки Ӯ бо онҳо назди дастархон нишаст, нонро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба онҳо дод.
31
Он гоҳ чашмони онҳо кушода шуданд, ва Ӯро шинохтанд; вале Ӯ аз назарашон нопадид шуд.
32
Ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Оё дил дар даруни мо наметапид, ҳангоме ки Ӯ дар роҳ ба мо сухан меронд ва Китобро ба мо мефаҳмонд?»
33
Ва ҳамон соат бархеста, ба Уршалим баргаштанд ва он ёздаҳро ёфтанд, ки бо рафиқони худ ҷамъ шуда,
34
мегуфтанд, ки Худованд ҳақиқатан бархестааст ва ба Шимъун падидор шудааст.
35
Ва онҳо низ нақл карданд, ки дар роҳ чӣ рӯй дод, ва чӣ гуна Ӯро ҳангоми пора кардани нон шинохтанд.
36
Ҳангоме ки онҳо дар ин бора гап мезаданд, Худи Исо дар миёни онҳо истода, ба онҳо гуфт: «Салом ба шумо».
37
Онҳо ба тарсу бим афтода, гумон карданд, ки рӯҳе мебинанд.
38
Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро ҳаросон шудед, ва аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешаванд?
39
Ба дастҳои Ман ва ба пойҳои Ман нигоҳ кунед: ин Худи Ман ҳастам; ба Ман даст расонед ва бинед; зеро рӯҳ гӯшт ва устухон надорад, чунон ки дар Ман мебинед».
40
Инро гуфта, дастҳо ва пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.
41
Ва чун онҳо аз шодӣ ҳанӯз бовар намекарданд ва ҳайрон буданд, Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё чизи хӯрдание дар ин ҷо доред?»
42
Пеши Ӯ як порча моҳии бирён ва андак асали мумдор монданд;
43
ва Ӯ гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.
44
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст он чизе ки, чун бо шумо будам, ба шумо мегуфтам, ки ҳар он чи дар Тавроти Мусо ва дар китобҳои пайғамбарон ва Забур дар бораи Ман навишта шудааст, бояд ба амал ояд».
45
Он гоҳ зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Китобро фаҳманд.
46
Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон бархезад.
47
Ва ба номи Ӯ, аз Уршалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад.
48
Ва шумо шоҳидони ин ҳастед;
49
ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Уршалим монед, то он гоҳе ки бо қуввате аз олами боло ороста шавед».
50
Ва онҳоро берун оварда, то Байт-Анё бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.
51
Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон боло бурда шуд.
52
Ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бузурге ба Уршалим баргаштанд,
53
ва ҳамеша дар ибодатгоҳ буда, Худоро ситоиш мекарданд ва муборак мехонданд. Омин.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24