bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 11
Isaiah 11
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 12 →
1
Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.
2
Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт.
3
Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард, ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард,
4
Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд; ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад, ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.
5
Ва адолат миёнбанди камараш, ва садоқат камарбанди миёнаш хоҳад буд.
6
Ва гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард, ва паланг бо бузғола хоҳад хобид; ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд, ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид.
7
Ва гов бо хирс хоҳад чарид, ва бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид; ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд.
8
Ва бачаи ширмак бар сӯрохи мори гурза бозӣ хоҳад кард, ва кӯдаки аз пистон баромада дасти худро ба хонаи мори афъӣ дароз хоҳад кард.
9
Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид, зеро замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост.
10
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.
11
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард, то ки бақияи қавми Худро, ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш, аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд, баргардонад.
12
Ва Ӯ ливое барои халқҳо барафрошта, рондашудагони Исроилро ҷамъ хоҳад кард, ва парокандагони Яҳудоро аз чор канори дуньё фароҳам хоҳад овард.
13
Ва ҳасади Эфроим нест хоҳад шуд, ва душманони Яҳудо маҳв хоҳанд гардид. Эфроим аз Яҳудо ҳасад нахоҳад хӯрд, ва Яҳудо Эфроимро ба танг нахоҳад овард.
14
Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб ҳуҷум хоҳанд овард, аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард, бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт, ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.
15
Ва Худованд халиҷи баҳри Мисрро хоҳад хушконид, ва дасти Худро бо боди шадиди Худ бар наҳр афшонда, онро ба ҳафт ҷӯй тақсим хоҳад кард, ва одамонро бо роҳи хушк хоҳад гузаронид.
16
Ва барои бақияи қавми Ӯ, ки аз Ашшур саломат монда бошанд, шоҳроҳе мавҷуд хоҳад буд, чунон ки барои Исроил дар рӯзи берун омадани вай аз замини Миср мавҷуд буд.
← Chapter 10
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 12 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66