bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 53
Isaiah 53
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 52
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 54 →
1
Кист, ки ба овозаи ба гӯши мо расида бовар карда бошад, ва кист, ки бозуи Худованд бар вай зоҳир гардида бошад?
2
Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯидааст, ва мисли решае аз замини хушк; Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем, ки ба Ӯ назар андозем; ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
3
Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.
4
Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд, валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.
5
Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
6
Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
7
Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони Худро воз накард; мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад, ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
8
Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
9
Ва қабри Ӯро бо шарирон таъин карданд, вале баъд аз мурданаш — бо сарватдоре гӯрониданд, гарчанде ки Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.
10
Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
11
Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
12
Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд, ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.
← Chapter 52
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 54 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66