bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 46
Isaiah 46
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 45
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 47 →
1
Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст, бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст: он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед, барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст.
2
Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд, он борро натавонистаанд раҳо кунанд, балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд.
3
«Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб, ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил, ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам, ва аз раҳим шуморо бардоштаам,
4
Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам, ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт: Ман шуморо ба вуҷуд овардаам, ва Ман бар Худ бор хоҳам кард, ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.
5
Маро ба кӣ монанд мекунед ва баробар медонед, ва Маро ба кӣ мисол мезанед, то ки монандӣ дошта бошам?
6
Тиллоро аз ҳамьён мерезанд, ва нуқраро бо тарозу бармекашанд; заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад; пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.
7
Онро бар китфи худ бардошта мебаранд, ва дар маконаш мегузоранд, ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад; пеши он доду фарьёд мекунанд, вале ҷавоб намедиҳад, онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.
8
Инро ба ёд оваред ва худро даст гиред; инро, эй осиён, ба дили худ гузаронед!
9
Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред, зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест.
10
Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.
11
Уқоберо аз шарқ, иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам; он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.
12
Маро бишнавед, эй сахтдилон, ки аз адолат дур шудаед!
13
Ман адолати Худро наздик овардаам, ва он дур нест, ва наҷоти Ман таъхир нахоҳад кард; ва наҷотро дар Сион барои Исроил, ки шукӯҳи Ман аст, хоҳам бахшид».
← Chapter 45
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 47 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66