bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 57
Isaiah 57
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 56
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 58 →
1
Одил нобуд мешавад, ва касе нест, ки инро ба дил гирад; ва мардуми порсо аз миён мераванд, ва касе фаҳм намекунад, ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад.
2
Вай ба макони сулҳу осоиштагӣ дохил мешавад; онҳое ки бо роҳи рост равонанд, бар ҷогаҳҳои худ ором хоҳанд ёфт.
3
Вале шумо, эй писарони ҷодугар, эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша, ба ин ҷо наздик оед!
4
Шумо бар кӣ истеҳзо менамоед? Бар кӣ даҳонро воз ва забонро дароз мекунед? Шумо, охир, фарзандони ҷиноят, зурьёти кизб ҳастед,
5
Ки дар сояи дарахтони писта, ба зери ҳар дарахти сабз худро барои ҷимоъ ба ҷӯш меоваред, ва кӯдаконро дар водиҳо, ба зери шикофҳои сахраҳо забҳ мекунед!
6
Дар миёни сангҳои суфтаи водӣ қисмати туст; ҳаминҳо насиби туст; барои онҳо низ ҳадияҳои рехтанӣ мерезӣ, ҳадияҳои ордӣ меоварӣ; оё Ман метавонам аз инҳо сарфи назар кунам?
7
Бар кӯҳи баланд ва саркаш ту ҷогаҳи худро гузоштаӣ; ба он ҷо низ баромада, забҳ мекунӣ.
8
Ва бар пушти дар ва паҳлудариҳо ёдоварди бути худро овехтаӣ, зеро ки аз Ман рӯ тофта, бараҳна шудаӣ, ва бар ҷогаҳи худ баромада, онро васеъ кардаӣ, ва бо баъзе аз онҳо аҳд бастаӣ, ҷогаҳи онҳоро дӯст доштаӣ, вақте ки ҷои мувофиқе дидаӣ.
9
Ва бо равғани атрафшон назди Мӯлик низ рафтаӣ, ва атриёти худро афзун кардаӣ, ва элчиёни худро ба ҷойҳои дур фиристодаӣ, ва худро то ба дӯзах паст гардонидаӣ.
10
Аз роҳи дуру дарози худ лакот шудаӣ, лекин нагуфтаӣ: «Умеде нест!» Боз қуввате дар дасти худ пайдо кардаӣ, бинобар ин ба ташвиш наафтодаӣ.
11
Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ, ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ, оқибати инро ба дил нагирифтаӣ? Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам, ва ту аз Ман натарсидаӣ?
12
Ман адолати ту ва аъмоли туро маълум хоҳам кард, ва онҳо ба ту фоидае нахоҳад бахшид.
13
Вақте ки доду фарьёд бардорӣ, оё андӯхтаи бутхоят туро халосӣ медиҳад? Ҳамаи онҳоро боде хоҳад бардошт ва нафасе хоҳад бурд, валекин ҳар кӣ ба Ман паноҳ мебарад, вориди замин хоҳад шуд, ва кӯҳи муқаддаси Маро тасарруф хоҳад намуд.
14
Ва гуфт: «Ҳамвор кунед, ҳамвор кунед, роҳро холӣ кунед, монеаро аз роҳи қавми Ман дур кунед!»
15
Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд: «Ман дар макони олӣ ва муқаддас, вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам, то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам, ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
16
Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард, ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд, вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам, пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.
17
Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада, ӯро зарба задам, рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам, вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт.
18
Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод, ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро тасаллӣ хоҳам дод.
19
Ман самари лабҳоро ба вуҷуд хоҳам овард, ки чунин аст: осоиштагӣ, осоиштагӣ ба касе ки дур аст, ва ба касе ки наздик аст, — мегӯяд Худованд, — ва ӯро шифо хоҳам дод».
20
Валекин шарирон мисли баҳри пурталотуманд, ки он наметавонад ором шавад, ва обҳояш лой ва лӯшро берун мепартояд.
21
«Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд Худои ман.
← Chapter 56
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 58 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66