bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 26
Isaiah 26
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 27 →
1
Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо сароида хоҳад шуд: «Мо шаҳри мустаҳкаме дорем; Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.
2
Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро нигоҳ медоранд, ворид шаванд.
3
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
4
Ба Худованд то абад таваккал кунед, зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.
5
Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст, шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст, онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.
6
Онро пойҳо поймол мекунад, — пойҳои мискинон, қадамҳои бенавоён».
7
Роҳи одил рост аст; Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ.
8
Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд, мо ба Ту умед бастаем, ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
9
Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам; зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд, сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.
10
Агар шарир омурзида шавад, адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт, — дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард, ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид.
11
Худовандо! Дасти Ту баланд бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд; чун рашки Туро барои қавмат бинанд, хиҷил хоҳанд шуд; оташи хашмат адуёни Туро фурӯ хоҳад бурд.
12
Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ.
13
Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту бар мо салтанат меронданд, аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.
14
Мурдагон зинда нахоҳанд шуд; арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост; зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ, ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ.
15
Халқро афзун намудаӣ, эй Худованд, халқро афзун намуда, Худро ҷалол додаӣ, тамоми ҳудуди заминашонро васеъ кардаӣ.
16
Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.
17
Чунон ки зани ҳомиладор ҳангоми наздик омадани зоиданаш аз дардҳои сахти худ печутоб хӯрда, фарьёд мезанад, ончунон мо низ, эй Худованд, ба ҳузури Ту будем.
18
Ҳомила шуда, печутоб мехӯрдем, вале гӯё ки бодро мезоидем: ҳеҷ наҷоте барои замин ба амал наомад, ва сокинони дуньё фурӯ нағалтиданд.
19
Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд, майитҳои ман бархезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд.
20
Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед, ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад.
21
Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад; ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард, ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт.
← Chapter 25
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 27 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66