bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 49
Isaiah 49
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 48
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 50 →
1
Маро бишнавед, эй ҷазираҳо, ва гӯш андозед, эй қабилаҳои дурдаст! Худованд Маро аз батн даъват намудааст, аз амъои модарам исми Маро зикр кардааст.
2
Ва даҳони Маро мисли шамшери тез сохтааст, Маро ба зери сояи дасти Худ паноҳ кардааст, ва Маро тири суфтае гардонида, дар тиркаши Худ пинҳон доштааст,
3
Ва ба Ман гуфтааст: «Ту бандаи Ман ҳастӣ, эй Исроил, ки ба василаи Ту Ман ҷалол хоҳам ёфт».
4
Ва Ман гуфтам: «Бар абас Ман заҳмат кашидаам, қуввати Худро беҳуда ва бесамар сарф намудаам. Аммо ҳаққи Ман бо Худованд аст, ва музди Ман бо Худои Ман аст».
5
Ва алҳол Худованд, ки Маро аз батн барои бандагии Худ офаридааст, мегӯяд, ки Яъқубро сӯи Ӯ баргардонам, ва Исроил назди Ӯ ҷамъ шаванд; ва Ман дар назари Худованд мӯҳтарам хоҳам шуд, ва Худои Ман қуввати Ман хоҳад буд.
6
Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».
7
Худованд, ки Раҳокунандаи Исроил ва Қуддуси ӯст, ба нафратзадаи мардум, ба макраҳаи халқҳо, ба бандаи ҳокимон чунин мегӯяд: «Подшоҳон дида, ба по хоҳанд хест, мирон саҷда хоҳанд кард, ба хотири Худованд, ки амин аст, ба хотири Қуддуси Исроил, ки Туро баргузидааст».
8
Худованд чунин мегӯяд: «Дар ҳини марҳамат Туро иҷобат намудаам, ва дар рӯзи наҷот Туро ёварӣ додаам, ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро қавми аҳд хоҳам гардонид, то ки заминро аз нав барқарор намоям ва меросҳои валангоршударо ба ворисон баргардонам,
9
Ва ба бандиён бигӯям: „Берун оед“! Ва ба онҳое ки дар зулмотанд: „Пеши нур биёед!“ Онҳо дар роҳҳо хоҳанд чаронид, ва бар ҳар теппа чарогоҳи онҳо хоҳад буд.
10
Гурусна ва ташна нахоҳанд монд, ва гармо ва офтоб онҳоро нахоҳад сӯзонид, зеро ки Раҳмхӯрашон онҳоро ҳидоят хоҳад намуд, ва назди чашмаҳои об онҳоро хоҳад бурд.
11
Ва ҳамаи кӯҳҳои Худро ба роҳ мубаддал хоҳам намуд, ва ҳамаи ҷоддаҳои Ман баланд хоҳад шуд.
12
Инак баъзе аз ҷои дурдаст хоҳанд омад, ва инак баъзе аз шимол ва аз ғарб, ва баъзе аз замини Синим».
13
Шодӣ намо, эй афлок, ба ваҷд ой, эй замин, ва овози хурсандӣ бароред, эй кӯҳҳо! Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ медиҳад, ва ба ситамдидагони Худ раҳм мекунад.
14
Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст, ва Худо маро фаромӯш кардааст».
15
«Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард.
16
Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам; ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.
17
Писарони ту шитобон хоҳанд омад; онҳое ки туро вайрон ва хароб кардаанд, аз ту берун хоҳанд рафт.
18
Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар: ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд. Ба ҳаётам қасам, — мегӯяд Худованд, — ки ту ҳамаи онҳоро мисли зеваре дар бар хоҳӣ кард, ва мисли арӯс худро бо онҳо оро хоҳӣ дод,
19
Зеро ки вайронаҳои ту, ва харобаҳои ту, ва замини валангори ту обод гардида, ҳоло ту аз бисьёрии сокинон танг хоҳӣ шуд, ва маҳвкунандагонат аз ту дур хоҳанд гардид.
20
Боз писаронат, ки дар ғурбат ба дуньё омадаанд, ба самъи ту ба яқдигар хоҳанд гуфт: „Ин макон барои ман танг аст; дуртар бирав, то ки ман ҷойгир шавам“.
21
Ва ту дар дили худ хоҳӣ гуфт: „Кист, ки инҳоро барои ман зоидааст? Ва ҳол он ки ман фарзандгумкарда ва нозой, ҷалои ватан ва ғариб будам; пас кист, ки инҳоро ба воя расонидааст? Ман, охир, танҳо монда будам; пас инҳо куҷо буданд?“»
22
Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак, дасти Худро сӯи халқҳо баланд хоҳам кард, ва ливои Худро сӯи қавмон хоҳам барафрошт, ва онҳо писаронатро дар оғӯши худ хоҳанд овард, ва духтаронат бар китфи онҳо бардошта хоҳанд шуд.
23
Ва подшоҳон мураббиёни ту, ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд; рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард, ва хоки пои туро хоҳанд лесид; ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».
24
Оё мумкин аст, ки аз дасти зӯровар ғанимати вай гирифта шавад? Ва асирон аз дасти ситамгар халосӣ ёбанд?
25
Аммо Худованд чунин мегӯяд: «Асирон низ аз дасти зӯровар гирифта хоҳанд шуд, ва ғанимати ситамгар халосӣ хоҳад ёфт; чунки Ман бо душманонат хоҳам ҷангид, ва Ман писаронатро наҷот хоҳам дод;
26
Ва ба онҳое ки бар ту ситам мекунанд, гӯшти худашонро хоҳам хӯронид, ва онҳо аз хуни худ чун аз шароб маст хоҳанд шуд; ва ҳар башар хоҳад донист, ки Ман — Худованд Наҷотдиҳандаи ту ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам».
← Chapter 48
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 50 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66