bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 28
Isaiah 28
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 29 →
1
Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!
2
Инак, зӯровар ва ҷасури Худованд мисли сели жола ва тундбоди ҳалокатовар, мисли сели обҳои азими саршор онро бо тамоми қувват ба замин хоҳад афканд.
3
Афсари ғурури сармастони Эфроим ба зери пойҳо поймол хоҳад шуд.
4
Ва гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхез аст, мисли анҷири пешпазаке хоҳад буд, ки чун бинандае онро бинад, зуд ба дасташ гирифта, онро фурӯ мебарад.
5
Дар он рӯз Худованди лашкарҳо афсари зинат ва тоҷи шавкат барои бақияи қавми Худ хоҳад буд,
6
Ва рӯҳи адлу инсоф барои онҳое ки бар курсии доварӣ менишинанд, ва қудрат барои онҳое ки ҷангро сӯи дарвоза бармегардонанд.
7
Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд; коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд, аз шароб саргаранг шудаанд, аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд, дар рӯъё хато кардаанд, дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.
8
Зеро ки ҳамаи суфраҳо аз қай ва наҷосат пур шудааст, ҷои тозае намондааст.
9
«Вай донишро ба кӣ меомӯзад? Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад? Оё ба онҳое ки аз шир бароварда ва аз пистон ҷудо карда шудаанд?
10
Зеро ки фармон бар фармон, фармон бар фармон, дастур бар дастур, дастур бар дастур, андаке ин ҷо, андаке он ҷо мебошад».
11
Ба яқин, Ӯ бо лабҳои бегона ва бо забони дигар ба ин қавм хоҳад гуфт
12
Он чиро, ки пештар гуфта буд: «Фароғат ҳамин аст; хастаро ба ҳоли худ вогузоред; оромӣ ҳамин аст». Валекин онҳо нахостанд гӯш кунанд.
13
Пас, каломи Худованд барои онҳо фармон бар фармон, фармон бар фармон, дастур бар дастур, дастур бар дастур, андаке ин ҷо, андаке он ҷо хоҳад буд, то ки пуштнокӣ рафта, фурӯ ғалтанд, ва шикаст хӯранд, ва ба дом афтанд, ва мубтало шаванд.
14
Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд, каломи Худовандро бишнавед.
15
Азбаски гуфтаед: «Мо бо марг иттифоқ бастаем, ва бо дӯзах сулҳ кардаем, ва агар тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, ба мо нахоҳад расид, зеро ки кизбро паноҳгоҳи худ сохтаем ва андаруни дурӯғ ниҳон гаштаем»,
16
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак, Ман дар Сион санге барои буньёд гузоштам, ки санги озмуда, санги зовия ва гаронбаҳост, ва асоси мустаҳкаме дорад; ҳар кӣ имон оварад, таъҷил нахоҳад намуд.
17
Ва Ман инсофро меъёр гардонидаам, ва адолатро — шоқул; ва жола паноҳгоҳи кизбро хоҳад рӯфт, ва об ниҳонхонаро хоҳад бурд».
18
Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд, ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд. Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, шумо ба зери он поймол хоҳед шуд.
19
Ҳар бор, ки он бигзарад, шуморо дастгир хоҳад кард, зеро ки ҳар субҳ, ҳар рӯз ва шаб хоҳад гузашт, ва фақат фаҳмонидани пайғом боиси даҳшат хоҳад шуд.
20
Зеро бистар кӯтоҳтар аст аз он ки касе бар он дароз кашад, ва кампал тангтар аст аз он ки касе худро бо он пӯшонад.
21
Зеро Худованд ҳамон тавре ки бар кӯҳи Просим воқеъ шуда буд, қиём хоҳад кард, ҳамон тавре ки дар водии Ҷибъӯн воқеъ шуда буд, ба ғазаб хоҳад омад, то ки амали Худро, амали аҷиби Худро ба ҷо оварад, ва кори Худро, кори ғариби Худро анҷом диҳад.
22
Ва акнун масхарабозӣ накунед, ки мабодо бандҳои шумо маҳкамтар шавад; зеро шунидам, ки аз ҷониби Худованд, Худои лашкарҳо, таҳлука ва ҳукми қатъӣ барои тамоми замин муқаррар гардидааст.
23
Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед, диққат намоед ва суханони маро бишнавед!
24
Оё зироаткор тамоми рӯз барои кишт ронда, замини худро огард ва мола мекунад?
25
Вай, охир, баъд аз ҳамвор кардани сатҳи он, кунҷитро мекорад, ва зираро мепошад, ва гандумро дар қаторҳо, ва ҷавро дар ҷои муайян, ва ҷувориро дар канори саҳро кишт мекунад.
26
Ва ин тартибро Худояш ба ӯ омӯхта, ӯро ҳидоят менамояд.
27
Зеро кунҷитро бо ғаллакӯбаки дандонадор намекӯбанд, ва чархи аробаи ғаллакӯбро бар зира намегардонанд, балки кунҷитро бо асо, ва зираро бо чӯбдаст мекӯбанд.
28
Оё ғалларо кӯфта, гард‐гард мекунанд? Не, чунки онро пай дар пай намекӯбанд, балки чархи аробаи ғаллакӯбро бо аспҳояш бар он мегардонанд, аммо онро гард‐гард намекунанд.
29
Ин низ аз ҷониби Худованди лашкарҳо ба амал меояд, ки қарордоди Ӯ аҷоиб аст, ва ҳикмати Ӯ бузург аст.
← Chapter 27
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 29 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66