bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 8
Isaiah 8
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 9 →
1
Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“ ».
2
Ва ман барои худ шоҳидони амин — Уриёи коҳин ва Закарьё ибни Баракьёро гирифтам,
3
Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;
4
Зеро, пеш аз он ки кӯдак тавонад „Падарам“ ва „Модарам“ бигӯяд, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ашшур хоҳанд бурд».
5
Ва Худованд суханашро ба ман давом дода, боз гуфт:
6
«Азбаски ин қавм аз обҳои Шилӯаҳ, ки оҳиста‐оҳиста ҷорӣ мешавад, нафрат карда, аз Расин ва писари Рамальёҳу ба ваҷд меоянд,
7
Бинобар ин, инак Худованд обҳои наҳри пурталотум ва бузургро — подшоҳи Ашшур ва тамоми ҳашамати ӯро — бар онҳо хоҳад овард; ва он аз ҳамаи шохобҳояш боло хоҳад баромад, ва аз ҳамаи канорҳояш берун хоҳад рафт;
8
Ва туғьёнаш ба Яхудо гузашта, онро зер хоҳад кард, ва саршор гардида, то ба гардан хоҳад расид; ва болҳои он тамоми арзу тӯли замини туро, эй Имонуил, фаро хоҳад гирифт».
9
Талотум хоҳед кард, эй қавмон, вале шикаст хоҳед хӯрд! Ва гӯш андозед, эй ҳамаи кишварҳои дурдаст: камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд! Камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!
10
Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд! Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад, зеро ки Худо бо мост!
11
Зеро Худованд ба ман чунин гуфт, дар сурате ки дасти қавми Ӯ бар ман буд, ва ба ман талқин намуд, ки бо роҳи ин қавм наравам; ва гуфт:
12
«Ҳар он чиро, ки ин қавм суиқасд ҳисоб мекунанд, шумо суиқасд ҳисоб накунед; ва аз он чи онҳо метарсанд, натарсед, ва биме надошта бошед.
13
Худованди лашкарҳоро, — танҳо Ӯро, — тақдис намоед, ва Ӯ тарси шумо бошад, ва Ӯ бими шумо бошад.
14
Ва Ӯ макони муқаддас барои шумо хоҳад буд, ва санги пешпо ва сахраи монеа — барои ҳар ду хонадони Исроил, ва тузоқу қуллоб — барои сокинони Ерусалим.
15
Ва бисьёре аз онҳо пешпо хоҳанд хӯрд, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, ва ба шикаст дучор хоҳанд гардид, ва дар тузоқ хоҳанд афтод, ва гирифтори куллоб хоҳанд шуд.
16
Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миёни шогирдони Ман мӯҳр намо».
17
Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.
18
Инак ман ва фарзандоне ки Худованд ба ман додааст, аз ҷониби Худованди лашкарҳо, ки дар Сион сокин аст, барои Исроил аломот ва ишорот ҳастем.
19
Ва чун ба шумо гӯянд: «Аз ҷодугарон ва азоимхононе ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед», — бигӯед: «Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!».
20
Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.
21
Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,
22
Ва бар замин хоҳанд нигарист, ва инак тангӣ ва тирагист, зулмоти нокомист, ва дар торикӣ андохта хоҳанд шуд.
← Chapter 7
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 9 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66