bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 37
Isaiah 37
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 38 →
1
Ва воқеъ шуд, ки чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либоси худро чок зад, ва палос пӯшид, ва ба хонаи Худованд даромад.
2
Ва Ильёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.
3
Ва онҳо ба вай гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест.
4
Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».
5
Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.
6
Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин бигӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки навкарони подшоҳи Ашшур Маро бо онҳо дашном додаанд, натарс.
7
Инак, рӯҳе бар ӯ мефиристам, ва ӯ овозае шунида, ба замини худ хоҳад баргашт, ва ӯро дар заминаш бо дами шамшер нобуд хоҳам кард“».
8
Ва Рабшоқе баргашт, ва подшоҳи Ашшурро дар вазъияте ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки аз Локиш ақиб рафтааст.
9
Ва ӯ дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Ҳабаш, хабаре шунид, ки яъне: «Берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад»; ва чун шунид, элчиён назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:
10
«Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудия, чунин бигӯед: „Бигзор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба Ӯ таваккал намуда мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.
11
Инак, ту шуниданӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи кишварҳо чиҳо кардаанд, то ки сокинонашонро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд?
12
Оё худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Расаф ва банӣ‐Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд?
13
Подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арпод ва подшоҳи шаҳри Сефарвоим, Ҳенаъ ва Ивво куҷоянд?“»
14
Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид.
15
Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт:
16
«Эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки бар ҳамаи мамлакатҳои замин Худои ягона ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.
17
Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнав.
18
Худовандо! Дуруст аст, ки подшоҳони Ашшур ҳамаи кишварҳо ва замини худашонро хароб кардаанд,
19
Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо Худо набуданд, балки маснӯи дастҳои одам, ва чӯб ва санг буданд, бинобар ин онҳоро несту нобуд кардаанд.
20
Ва акнун, эй Худованд Худои мо, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ».
21
Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё кас фиристода, гуфт: «Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: азбаски назди Ман дар бораи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дуо гуфтӣ,
22
Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст: духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст, ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!
23
Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ? Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ ва чашмони худро боло бардоштаӣ? Дар ҳаққи Куддуси Исроил!
24
Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтаӣ: „Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам;
25
Ва ман чоҳ канда, об нӯшидаам; ва бо кафи пойҳои худ ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард“.
26
Оё ту нашнидаӣ, ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам, аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам, ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам, ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба харобазор табдил медиҳӣ?
27
Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд: онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез, ва сазбаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад, гардидаанд.
28
Вале Ман нишастани туро, ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам; ва адоватеро, ки ба Ман дорӣ.
29
Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ, ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст, бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту, ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад, ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.
30
Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; вале дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.
31
Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,
32
Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз кӯҳи Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
33
Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.
34
Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд.
35
Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».
36
Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.
37
Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард.
38
Ва воқеъ шуд, ки чун ӯ дар хонаи Нисрӯк, худои худ, саҷда мекард, писаронаш Адрмалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Асарҳадӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
← Chapter 36
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 38 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66