bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 13
Isaiah 13
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 14 →
1
Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.
2
Бар кӯҳи бараҳна ливое бардоред, бо овози баланд онҳоро даъват намоед ва бо даст ишора кунед, то ки сӯи дарвозаҳои мирон биёянд.
3
Ман ба муқаддасони Худ амр фармудам, ва ин зӯроварони Худро, ки бо кибриёи Ман ваҷд мекунанд, ба рехтани ғазабам даъват намудам.
4
Садои ҳаёҳу дар кӯҳҳо мисли ғиреви қавми сершумор аст; садои ғавғои мамлакатҳо ва халқҳоест, ки ҷамъ омадаанд: Худованди лашкарҳо сипоҳи ҷангиро аз назар мегузаронад.
5
Онҳо аз замини дурдаст, аз ақсои осмон меоянд, — яъне Худованд ва олоти ғазаби Ӯ, — то ки тамоми заминро несту нобуд кунанд.
6
Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст: мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир меояд.
7
Бинобар ин ҳамаи дастҳо суст мешавад, ва ҳамаи дилҳои мардум бемаҷол мегардад,
8
Ва онҳоро воҳима мегирад, ба дарду озорҳо гирифтор мешаванд, мисли зане ки мезояд, азоб мекашанд, ба якдигар бо ҳайрат нигоҳ мекунанд, рӯйҳошон аз ҳаяҷон шӯълавар аст.
9
Инак рӯзи Худованд меояд, ки рӯзи бераҳм ва пур аз шиддати хашм ва ғазаб аст, то ки заминро харобазор гардонад, ва гуноҳкорони онро маҳв намояд.
10
Зеро ки ситорагони осмон ва сайёраҳои он аз худ рӯшноӣ нахоҳанд дод; офтоб дар вақти тулӯи худ хира хоҳад шуд, ва моҳ бо рӯшноии худ нахоҳад дурахшид.
11
Ва Ман дуньёро барои шарорат, ва шариронро барои гуноҳҳошон ба ҷазо гирифтор хоҳам кард, ва ба кибри бадқасдон хотима хоҳам дод, ва ғурури мустабидонро ба залолат хоҳам андохт.
12
Инсонро аз зари холис, ва одамро аз тиллои Ӯфир азизтар хоҳам гардонид.
13
Бинобар ин осмонро ба ларза хоҳам овард, ва замин аз ғазаби Худованди лашкарҳо дар рӯзи шиддати хашми Ӯ аз ҷои худ хоҳад ҷунбид.
14
Ва ҳар кас мисли оҳуе ки гирифтори таъқиб шуда бошад, ва мисли гӯсфандоне ки чӯпон надошта бошанд, ба сӯи қавми худ рӯ хоҳад овард, ва ҳар кас ба сӯи замини худ хоҳад давид.
15
Ҳар касе ки ёфт шавад, найза хоҳад хӯрд, ва ҳар касе ки дастгир шавад, аз дами шамшер хоҳад афтод.
16
Ва кӯдакони онҳо дар пеши назари онҳо ба деворҳо зада кушта хоҳанд шуд, хонаҳои онҳо тӯъмаи тороҷ хоҳад гардид, ва ба номӯси занони онҳо таҷовуз карда хоҳад шуд.
17
Инак, Ман ба муқобили онҳо аҳли Модайро хоҳам барангехт, ки нуқраро писанд намекунанд, ва ба тилло рағбат надоранд.
18
Ва камонҳошон кӯдаконро нобуд хоҳад кард, ва ба самараи батн раҳм нахоҳад дошт; чашмонашон ба кӯдакон шафаққат нахоҳад намуд.
19
Ва Бобил, ки шукӯҳи мамлакатҳо ва шавкати ифтихори калдониён аст, мисли Садӯм ва Амӯро хоҳад шуд, ки онҳоро Худо вожгун карда буд.
20
Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад маскун нахоҳад гардид; ва аъробӣ дар он ҷо хайма нахоҳад зад, ва чӯпонон рамаҳои худро дар он ҷо нахоҳанд хобонид,
21
Балки даррандагони биёбон дар он ҷо хоҳанд хобид; ва хонаҳои он аз бумҳо пур хоҳад шуд; ва шутурмурғон дар он ҷо сукунат хоҳанд дошт; ва ҷинҳои биёбонӣ дар он ҷо рақс хоҳанд кард.
22
Ва шағолон дар кӯшкҳои он, ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид; ва замони он наздик аст, ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.
← Chapter 12
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 14 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66