bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 54
Isaiah 54
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 53
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 55 →
1
«Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ; тараннум намо ва хурсандӣ бикун, ки дарди зоиш накашидаӣ; зеро писарони зане ки матрук аст, назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд Худованд.
2
Ҷои хаймаи худро васеътар бикун, то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад; дареғ надор: танобҳоятро дароз карда, мехҳоятро маҳкамтар бизан.
3
Зеро ки ту ба тарафи рост ва чап паҳн хоҳӣ шуд, ва насли ту халқҳоро тасарруф хоҳанд намуд ва шаҳрҳои харобаро маскун хоҳанд кард.
4
Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд; ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид, чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард, ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
5
Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
6
Зеро ки Худованд туро мисли завҷаи матрук ва афтодарӯҳе даъват менамояд, ва мисли завҷаи айёми ҷавонӣ, ки мардуд буд, — мегӯяд Худои ту.
7
Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам, ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.
8
Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам, ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, — мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
9
Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст: чунон ки Ман қасам хӯрдаам, ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд, ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам ва туро мазаммат нанамоям.
10
Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, — мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
11
Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ! Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод, ва буньёди туро бар ёқути кабуд.
12
Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ, ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон, ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо хоҳам сохт.
13
Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
14
Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.
15
Агар барои ҷанг ҷамъ шаванд, аз ҷониби Ман нахоҳад буд. Ҳар кӣ бар зидди ту ҷамъ шудааст, пеши ту фурӯ хоҳад ғалтид.
16
Инак, Ман оҳангареро офаридаам, ки вай ангиштро дар оташ дам медиҳад, ва олате барои кори худ месозад; ва Ман низ вайронкорро барои хароб кардан офаридаам.
17
Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
← Chapter 53
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 55 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66