bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 9
Isaiah 9
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 10 →
1
Зеро вай, ки ба танг меоварад, хастагӣ надорад; дар замони аввал таъсираш сабук буд: фақат замини Забулун ва замини Нафтолиро забт намуд; вале дар замони охир таъсираш бар роҳи дарьё, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо, вазнин шудааст.
2
Қавме ки дар торикӣ мегаштанд, нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари сояи марг менишастанд, нуре дурахшид.
3
Ту халқро афзун гардондӣ, шодмонии онҳоро зиёд кардӣ: ба ҳузури Ту шодӣ карданд, мисли шодмонии мавсими дарав, мисли касоне ки дар вақти тақсим кардани ғанимат ба ваҷд меоянд,
4
Зеро ки Ту юғи вазнини онҳоро, ва ғӯлачӯберо, ки бар дӯши онҳо буд, яъне калтаки ситамгари онҳоро шикастӣ, чунон ки дар рӯзи Мидьён воқеъ шуда буд.
5
Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта, тӯъмаи оташ хоҳад шуд.
6
Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
7
Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд; рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
8
Худованд каломе ба Яъқуб фиристод, ва он бар Исроил нузул кард.
9
Ва тамоми қавм хоҳанд донист, яъне Эфроим ва сокинони Сомария, ки бо ғурур ва такаббури дил мегӯянд:
10
«Хиштҳо афтодааст, вале мо бо сангҳои тарошида бино хоҳем кард; дарахтони тутанҷир бурида шудааст, вале мо арзҳоро ба ҷои онҳо ба кор хоҳем бурд».
11
Ва Худованд хасми ӯ — Расинро бар зидди ӯ мустаҳкам хоҳад кард, ва душманони ӯро хоҳад барангехт:
12
Арамиёнро аз шарқ, ва фалиштиёнро аз ғарб; ва онҳо Исроилро бо иштиҳои тамом хоҳанд хӯрд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
13
Вале ин қавм сӯи Занандаи худ барнагаштаанд, ва аз Худованди лашкарҳо дархост накардаанд.
14
Бинобар ин Худованд сар ва думро, нахл ва найро аз Исроил дар як рӯз хоҳад бурид:
15
Муршид ва шариф сар аст; вале набие ки муаллими дурӯғҳост, дум мебошад.
16
Ва пешвоёни ин қавм онҳоро дар иштибоҳ хоҳанд андохт, ва муридонашон дарҳам‐барҳам хоҳанд шуд.
17
Бинобар ин Худованд аз ҷавонони онҳо шод нахоҳад шуд, ва бар ятимон ва бевазанони онҳо раҳм нахоҳад кард, зеро ки ҳамаашон риёкор ва бадкирдор мебошанд, ва ҳар даҳоне бо ҳақорат сухан меронад; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
18
Зеро ки шарорат мисли оташ даргирифтааст, явшон ва хори шутурро мехӯрад, ва дар шохаҳои печ дар печи ҷангал месӯзад, ва сутунҳои баланди дуд печида мебарояд.
19
Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта сиёҳ шудааст, ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд: касе ба бародари худ раҳм намекунад.
20
Аз тарафи рост бурида мегиранд, ва гурусна мемонанд, ва аз тарафи чап мехӯранд, ва сер намешаванд; ҳар кас гӯшти бозуи худро мехӯрад.
21
Менашше ба Эфроим, ва Эфроим ба Менашше, ва ҳар ду якҷоя ба Яҳудо ҳамла мекунанд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
← Chapter 8
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 10 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66