bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 25
Isaiah 25
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 26 →
1
Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
2
Зеро ки Ту шаҳрро ба сангтӯдае, пойтахти истеҳкомдорро ба харобазор табдил додаӣ; қасри бегонаҳоро аз шаҳр маҳв намудаӣ, ки он ҳаргиз бино нахоҳад ёфт.
3
Бинобар ин қавмони зӯровар Туро ҷалол хоҳанд дод; шаҳрҳои халқҳои мустабид аз Ту хоҳанд тарсид.
4
Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст.
5
Ҳаёҳуи бегонаҳоро мисли гармо дар саҳрои хушк Ту фурӯ хоҳӣ нишонид; тараннуми мустабидон мисли гармо аз сояи абр паст хоҳад шуд.
6
Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин, базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои равғанини болаззат ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост;
7
Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод;
8
Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард, ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт; зеро ки Худованд гуфтааст.
9
Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
10
Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
11
Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он ҳаракат диҳад, чунон ки шиновар барои шино кардан ҳаракат медиҳад, — вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои дастҳои вай паст хоҳад кард.
12
Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори туро вожгун намуда, фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда, ба хок яксон хоҳад кард.
← Chapter 24
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 26 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66