bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 19
Isaiah 19
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 20 →
1
Ваҳй дар бораи Миср. Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда, ба Миср меояд. Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод, ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.
2
Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт, ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр, ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат ҷанг хоҳанд кард.
3
Ва рӯҳи Миср андаруни вай бемаҷол хоҳад шуд, ва Ман машварати онро дарҳам‐барҳам хоҳам кард, ва онҳо аз бутҳо ва фолбинон ва ҷодугарон ва азоимхонон дархост хоҳанд намуд.
4
Ва Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгире хоҳам супурд, ва подшоҳи золиме бар онҳо ҳукмронӣ хоҳад кард, — мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.
5
Ва обҳои баҳр кам шуда, наҳр хароб ва хушк хоҳад гардид.
6
Ва наҳрҳо гандида, ҷӯйҳои Миср камоб ва хароб хоҳад шуд; най ва қамиш хушк хоҳад гардид.
7
Чаманҳое ки дар атрофи дарьё, дар соҳилҳои дарьё воқеъ аст, ва тамоми киштзори назди дарьё хушкида, парешон ва нест хоҳад шуд.
8
Ва моҳигирон нола хоҳанд кард, ва ҳамаи онҳое ки шаст ба дарьё меандозанд, мотам хоҳанд гирифт, ва онҳое ки тӯр бар рӯи об мегустаронанд, ғамгин хоҳанд шуд.
9
Ва наддофони катон ва бофандагони матои сафед хиҷил хоҳанд шуд.
10
Ва пояҳои он афсурдахотир, ва ҳамаи муздурон афтодарӯҳ хоҳанд шуд.
11
Ба яқин, мирони Сӯан аблаҳ ҳастанд; ҳокимони машваратчии фиръавн машварати ҷоҳилона медиҳанд. Пас шумо чӣ гуна метавонед ба фиръавн бигӯед: «Ман писари ҳакимон ҳастам, писари подшоҳони қадимам?»
12
Пас ҳакимони ту куҷоянд? Бигзор онҳо ба ту гӯянд, ва бигзор донанд, ки Худованди лашкарҳо барои Миср чӣ қароре кардааст.
13
Мирони Сӯан аблаҳ шудаанд; мирони Нуф фиреб хӯрдаанд; Мисрро аркони сибтҳои вай гумроҳ кардаанд.
14
Худованд андаруни он рӯҳи дарҳам‐баҳрамӣ даровардааст, ва онҳо Мисрро дар тамоми аъмоли он гумроҳ кардаанд, мисли он ки маст роҳро гум карда, дар қаи худ афтода мехобад.
15
Ва дар Миср коре нахоҳад буд, ки сар ва дум, нахл ва най тавонад онро ба ҷо оварад.
16
Дар он рӯз Миср мисли занон хоҳад буд, ва аз ҳаракати дасти Худованди лашкарҳо, ки Ӯ бар вай мебардорад, ларзон ва тарсон хоҳад шуд.
17
Ва замини Яҳудо барои Миср манбаи даҳшат хоҳад буд: ҳамин ки зикри онро бишнавад, хоҳад тарсид, аз боиси қароре ки Худованди лашкарҳо дар ҳаққи вай қабул кардааст.
18
Дар он рӯз панҷ шаҳр дар замини Миср ба забони Канъон сухан ронда, ба Худованди лашкарҳо қасам хоҳанд хӯрд; яке Ир‐Ҳаҳерес номида хоҳад шуд.
19
Дар он рӯз қурбонгоҳе барои Худованд дар миёнаҷои замини Миср, ва сутуне барои Худованд назди сарҳади он хоҳад буд.
20
Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.
21
Ва Худованд ба мисриён маъруф хоҳад шуд, ва мисриён дар он рӯз Худовандро хоҳанд шинохт, ва бо қурбониҳо ва ҳадияҳо Ӯро ибодат хоҳанд намуд, ва барои Худованд назр карда, онро ба ҷо хоҳанд овард.
22
Ва Худованд мисриёнро зарба хоҳад зад; зарба зада, шифо хоҳад дод: чун сӯи Худованд руҷӯъ кунанд, Ӯ онҳоро иҷобат намуда, шифо хоҳад дод.
23
Дар он рӯз шоҳроҳе аз Миср ба Ашшур хоҳад буд, ва ашшуриён ба Миср, ва мисриён ба Ашшур хоҳанд рафт; ва мисриён бо ашшуриён Худовандро ибодат хоҳанд кард.
24
Дар он рӯз Исроил бо Миср ва бо Ашшур сегона хоҳад шуд; вай дар миёни замин баракат хоҳад буд,
25
Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».
← Chapter 18
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 20 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66