bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 5
Isaiah 5
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 6 →
1
Суруди Маҳбуби худро дар бораи токзори Ӯ барои Маҳбуби худ бисароям: Маҳбуби ман токзоре бар теппаи ҳосилхез дошт.
2
Ва Ӯ замини онро канда, аз сангҳо тоза кард, ва разҳои ангури лаъл дар он шинонид, ва бурҷе дар миёнаҷои он бино кард, ва чархуште низ дар он канд, ва Ӯ умед дошт, ки ангури хуб меоварад, валекин ангури бад овард.
3
Ва акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардони Яҳудо, дар миёни Ман ва токзори Ман доварӣ намоед.
4
Барои токзори Ман боз чӣ кор кардан лозим буд, ки Ман дар он накарда бошам? Чун умед доштам, ки ангури хуб меоварад, чаро ангури бад овард?
5
Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям, ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард: Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд; деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.
6
Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.
7
Зеро ки хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд, ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ; ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ; адолатро чашм дошт, ва инак — доду фарьёд.
8
Эй вой бар онҳое ки хонаро ба хона илова менамоянд, киштзорро ба киштзор зам мекунанд, ба тавре ки ҷое боқӣ намемонад; ва шумо ба танҳоӣ бар замин маскан гирифтаед.
9
Худованди лашкарҳо ба гӯши ман гуфт: «Ба яқин, хонаҳои бисьёр хароб хоҳад шуд, хонаҳои бузург ва зебо ғайримаскун хоҳад гардид;
10
Зеро ки даҳ ҷуфт токзор як бат хоҳад дод, ва як ҳӯмер тухмӣ як эфа хоҳад овард».
11
Эй вой бар онҳое ки бомдодон бармаҳал бархоста, аз паи арақ медаванд ва то бевақтии шаб нишаста, худро бо шароб оташ медиҳанд!
12
Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост; вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
13
Бинобар ин қавми ман баногоҳ ҷалои ватан гардидаанд, ва ашрофи онҳо гирифтори гуруснагӣ мебошанд, ва авоми онҳо аз ташнагӣ хушк шудаанд.
14
Бинобар ин дӯзах ҳирси худро афзун кардааст, ва даҳони худро бениҳоят кушодааст; ва шавкати онҳо, ва хушнӯдии онҳо, ва ғавғои онҳо, ва ҳар кӣ дар байнашон хушҳол аст, дар он фурӯ хоҳад рафт.
15
Ва инсон сархам, ва мард залил, ва чашмони ҳавобаландон паст хоҳад шуд.
16
Ва Худованди лашкарҳо дар доварӣ баланд хоҳад шуд, ва Худои Қуддус дар адолат тақдис хоҳад ёфт.
17
Ва гӯсфандон, мисли он ки дар чарогоҳи худ бошанд, хоҳанд чарид, ва он чиро, ки дар харобаҳои сарватдорон боқӣ монда бошад, бегонаҳо хоҳанд хӯрд.
18
Эй вой бар онҳое ки гуноҳро бо арғамчини батолат, ва хаторо мисли таноби ароба аз паи худ мекашанд,
19
Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда, амали Худро тезонад, то онро бубинем; ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад ва биёяд, то онро бидонем»!
20
Эй вой бар онҳое ки бадиро некӣ, ва некиро бадӣ меноманд, торикиро рӯшноӣ, ва рӯшноиро торикӣ медонанд, талхро ширин, ва ширинро талх ҳисоб мекунанд!
21
Эй вой бар онҳое ки дар назари худ хирадманд, ва дар пеши худ доно мебошанд!
22
Эй вой бар онҳое ки дар нӯшидани шароб баҳодур, ва дар тайёр кардани машруботи дорувордор мардони пурзӯр мебошанд,
23
Ки шарирро ба хотири ришва одил медонанд, вале одилонро аз адолаташон маҳрум мекунанд!
24
Бинобар ин, чунон ки забонаи оташ хасро мехӯрад, ва хошок дар аланга нест мешавад, ончунон решаи онҳо пӯсида хок хоҳад шуд, ва шукуфаи онҳо мисли ғубор барбод хоҳад рафт; зеро ки онҳо аз шариати Худованди лашкарҳо нафрат кардаанд, ва каломи Қуддуси Исроилро хор дидаанд.
25
Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ гирифтааст, ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда, онҳоро зарба задааст, ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
26
Ва ливое барои халқҳои дурдаст хоҳад барафрошт, ва якеро аз ақсои замин хитоб хоҳад кард, — ва инак, вай шитоб намуда, ба осонӣ хоҳад омад.
27
Андаруни вай на лакоте хоҳад буд, на заифе; вай на пинак хоҳад рафт, на хоб хоҳад кард; ва камарбанди вай аз камараш воз нахоҳад шуд, ва даволи пойафзолаш канда нахоҳад шуд.
28
Тирҳои вай тез, ва ҳамаи камонҳояш зеҳ карда шудааст; сумҳои аспони вай мисли сахра аст, ва чархҳои вай мисли тундбод.
29
Наъраи вай мисли наъраи модашер аст; мисли шерони ҷавон наъра мезанад, ва ғурришкунон сайд мегирад, ва онро мебарад, ва раҳокунандае нахоҳад буд.
30
Ва дар он рӯз бар ӯ мисли хурӯши баҳр ғурриш хоҳад кард; ва кас агар ба замин назар андозад, инак торикӣ ва тангист, ва нур дар паси абрҳои сиёҳ тира шудааст.
← Chapter 4
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 6 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66