bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 23
Isaiah 23
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 24 →
1
Ваҳй дар бораи Сӯр. Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед, зеро ки он хароб шудааст: на хонае боқӣ мондааст, на ҷое ки кас тавонад вориди он гардад; аз замини Киттим ба онҳо хабар расидааст.
2
Эй сокинони соҳил, ки онро тоҷирони Сидӯн, дарьёнавардон пур мекарданд, хомӯш нишинед!
3
Ва ғаллаи Шиҳӯр, дарави атрофи наҳр бо обҳои бисьёр ба он дохил мешуд, ва он бозоргоҳи халқҳо гардида буд.
4
Эй Сидӯн, таассуф намо, зеро ки баҳр, яъне қалъаи баҳр, ба забон омада, мегӯяд: «Гӯё ки ман дарди зоиш накашидаам, ва назоидаам, ва ҷавононро парвариш накардаам, ва духтаронро ба воя нарасонидаам!»
5
Вақте ки овозаи ин ба мисриён бирасад, аз шунидани аҳволи Сӯр ба ҳарос хоҳанд афтод.
6
Эй сокинони соҳил, ба Таршиш кӯчида равед, вовайло кунед.
7
Оё ҳамин аст он шаҳри пурсурури шумо, ки ибтидояш аз қадимулайём буд, ва пойҳояш онро ба кишварҳои дур мебурд, то ки дар он ҷо иқомат намояд?
8
Кист, ки инро дар ҳаққи Сӯри тоҷбахш, ки савдогаронаш мисли мирон, ва тоҷиронаш акобири рӯи замин буданд, қарор додааст?
9
Худованди лашкарҳо инро қарор додааст, то ки кибриёи ҳар ҳашаматро поймол кунад ва ҳамаи мӯҳтарамони заминро ба залолат андозад.
10
Эй духтари Таршиш, бар замини худ мисли наҳр убур намо: дигар бандубасте нест.
11
Ӯ дасти Худро бар баҳр дароз карда, мамлакатҳоро ба ларза овардааст; Худованд дар ҳаққи Канъон амр фармудааст, ки қалъаҳояшро хароб кунанд,
12
Ва гуфтааст: «Ту, эй бокираи ситамдида, духтари Сидӯн, дигар димоғчоқӣ нахоҳӣ кард! Бархоста, ба Киттим бирав, лекин дар он ҷо низ барои ту оромӣ нахоҳад буд».
13
Инак замини калдониён, ки ин қавм ҳоло вуҷуд надоранд. Ашшур онро барои биёбоннишинон буньёд кард. Бурҷҳои дидбонии худро барпо намуданд, қасрҳояшро вайрон карданд, онро ба харобазор табдил доданд.
14
Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед, зеро ки қалъаи шумо хароб шудааст.
15
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Сӯр ҳафтод сол, ба андозаи рӯзҳои як подшоҳ фаромӯш хоҳад шуд. Баъд аз итмоми ҳафтод сол ба Сӯр ҳамон чиз рӯй хоҳад дод, ки дар суруди фоҳиша тасвир ёфтааст:
16
«Эй фоҳишаи фаромӯшшуда, барбатро бигир, дар шаҳр гардиш намо! Нағз бинавоз, бисьёр бисарой, то ки туро ба ёд оваранд!»
17
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз итмоми ҳафтод сол Худованд Сӯрро тафаққуд хоҳад намуд, ва он аз нав ба гирифтани музди зинои худ хоҳад баргашт, ва бо ҳамаи мамлакатҳои дуньё, ки бар рӯи замин мебошанд, зино хоҳад кард.
18
Вале тиҷорати он ва музди зинои он барои Худованд бахшида хоҳад шуд: захира карда ва дар махзан гузошта нахоҳад шуд, балки тиҷораташ барои онҳое ки ба ҳузури Худованд зиндагӣ мекунанд, хоҳад буд, то ки ба серӣ бихӯранд ва либоси нағз бипӯшанд.
← Chapter 22
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 24 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66