bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 42
Isaiah 42
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 41
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 43 →
1
Инак, Бандаи Ман, ки Ӯро Ман дастгирӣ мекунам, баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд. Ман рӯҳи Худро бар Ӯ ниҳодаам, ва Ӯ инсофро барои халқҳо ҷорӣ мекунад.
2
Ӯ фарьёд нахоҳад зад, ва овози Худро баланд нахоҳад кард, ва онро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид;
3
Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард; инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;
4
Лакот нахоҳад шуд, ва бемаҷол нахоҳад гардид, то даме ки инсофро бар замин барқарор намояд; ва ҷазираҳо дар интизори таълимоти Ӯ хоҳанд буд.
5
Худованд Худо, ки афлокро офарида, барафроштааст, заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст, ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро, ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд, рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:
6
«Ман, ки Худованд ҳастам, Туро барои адолат даъват намудаам, ва дасти Туро хоҳам гирифт, ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро аҳди қавм ва нури халқҳо хоҳам гардонид,
7
То ки чашмони кӯронро бикшоӣ, бандиёнро аз ҳабс, дар зулмот нишастагонро аз зиндон берун оварӣ.
8
Ман Худованд ҳастам, ва исми Ман ҳамин аст, ва ҷалоли Худро ба дигаре, ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод.
9
Инак, паёмҳои пешина ба амал омадааст; ва нави онҳоро Ман эълон менамоям: пеш аз он ки ба вуқӯъ оянд, онҳоро ба шумо мешунавонам».
10
Дар шаъни Худованд суруди наве бисароед, ва ҳамду санои Ӯро аз ақсои замин бихонед, эй баҳрпаймоён ва ҳар он чи дар баҳр аст, эй ҷазираҳо ва сокинони онҳо!
11
Бигзор биёбон ва шаҳрҳои он, ва қасабаҳое ки банӣ‐Қедор дар онҳо сокинанд, овози худро баланд кунанд; сокинони Солаъ тараннум карда, аз қуллаи кӯҳҳо ҷор зананд;
12
Худовандро ҷалол диҳанд, ва ҳамду санои Ӯро дар ҷазираҳо бихонанд.
13
Худованд мисли ҷаббор берун хоҳад омад, мисли марди майдон рашки Худро хоҳад барангехт, ҷор хоҳад зад ва наъра хоҳад кашид, бар душмани Худ музаффар хоҳад шуд.
14
Ман дер вақт хомӯш мондам, сокит будам, худдорӣ намудам; акнун мисли зане ки мезояд, фарьёд хоҳам зад; канда‐канда нафас хоҳам кашид.
15
Кӯҳҳо ва теппаҳоро хароб хоҳам кард, ва тамоми набототи онҳоро хоҳам хушконид, ва наҳрҳоро ба ҷазираҳо табдил хоҳам дод, ва кӯлҳоро хоҳам хушконид.
16
Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд; онҳоро бо тариқҳое ки балад нестанд, ҳидоят хоҳам намуд; торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ, ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост табдил хоҳам дод. Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард, ва онҳоро тарк нахоҳам кард.
17
Онҳое ки ба санамҳо таваккал мекунанд, ва ба бутҳо мегӯянд: «Шумо худои мо ҳастед», қафо гашта, бағоят хиҷил хоҳанд шуд.
18
Эй карон, бишнавед! Ва эй кӯрон, назар андозед, то бубинед!
19
Кист, ки мисли бандаи Ман кӯр бошад? Ва мисли элчии Ман, ки Ман мефиристам, кар бошад? Кист, ки мисли мусаллами Ман кӯр бошад? Ва мисли бандаи Худованд кӯр бошад?
20
Ту чизҳои бисьёре дидаӣ, вале маҳфуз надоштаӣ; гӯшҳоят кушода буд, вале нашнидаӣ.
21
Ба Худованд писанд афтодааст, ки ба хотири адолати Худ шариатро интишор намояд ва ҷалол диҳад.
22
Валекин онҳо қавме ҳастанд, ки тороҷ ва яғмо шудаанд; ҳамаашон дар ғорҳо бандубаст ва дар зиндонҳо пинҳон карда шудаанд: гирифтори тороҷ гардидаанд, ва раҳокунандае нест; гирифтори яғмо гардидаанд, ва касе нест, ки гӯяд: «Гардонда деҳ!»
23
Кист дар миёни шумо, ки ба ин гӯш диҳад, ва диққат намуда, барои замони оянда бишнавад?
24
Кист, ки Яъқубро ба яғмо, ва Исроилро ба тороҷгарон супурдааст? Оё Худованд набуд, ки пеши Ӯ мо гуноҳ кардаем? Ва онҳо нахостанд бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шаванд, ва ба шариати Ӯ гӯш надоданд.
25
Ва Ӯ оташи хашми Худ ва шиддати ҷангро бар онҳо рехт, ва алангаи он аз ҳар тараф онҳоро иҳота намуд, вале дарк накарданд; ва онҳоро сӯзонид, вале диққат надоданд.
← Chapter 41
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 43 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66