bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 44
Isaiah 44
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 43
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 45 →
1
«Вале акнун, эй бандаи Ман Яъқуб, бишнав, ва эй Исроил, ки Ман туро баргузидаам.
2
Худованд, ки туро офаридааст, ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, ва туро ёварӣ медиҳад, чунин мегӯяд: эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, ва эй Ешурун, ки туро баргузидаам.
3
Зеро ки об бар ташна, ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт; рӯҳи Худро бар насли ту, ва баракати Худро бар зурьёти ту хоҳам рехт.
4
Ва онҳо дар миёни алаф, мисли дарахтони бед назди ҷӯйҳои об, хоҳанд сабзид.
5
Яке хоҳад гуфт: „Ман аз они Худованд ҳастам“; ва дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хонд; ва дигаре бо дасти худ хоҳад навишт: „Аз они Худованд ҳастам“, ва номи Исроилро лақаби худ хоҳад сохт».
6
Худованд, ки Подшоҳи Исроил ва Раҳокунандаи ӯст, яъне Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам, ва ғайр аз Ман Худое нест.
7
Ва мисли Ман кист, ки паём диҳад, ва онро баён намояд ва ба паёми Ман монанд созад, аз замоне ки Ман қавми қадимиро ба вуҷуд овардаам? Пас, бигзор он чиро, ки воқеъ мешавад, ва он чиро, ки дар оянда фаро хоҳад расид, ба онҳо эълон намоянд.
8
Натарсед ва ҳаросон нашавед: Ман, охир, ба шумо аз қадимулайём эълон кардаам ва хабар додаам, ва шумо шоҳидони Ман ҳастед. Оё ғайр аз Ман Худое ҳаст? Ва кӯҳпорае нест, ки Ман аз он хабар надошта бошам».
9
Онҳое ки санам месозанд, саросар ночизанд, ва чизҳои писандидаи онҳо ҳеҷ фоида намебахшад, ва онҳо шоҳидони худашон мебошанд: намебинанд ва намедонанд, то ки хиҷил шаванд.
10
Касе ки худое сохтааст ва санаме рехтааст, вай чӣ фоидае ба ӯ мебахшад?
11
Охир, ҳамаи шарикони ӯ хиҷил хоҳанд шуд, чунки ин ҳунармандон худашон аз байни одамонанд; бигзор ҳамаашон ҷамъ омада, биистанд; онҳо ҳаросон гардида, якҷоя хиҷил хоҳанд шуд.
12
Оҳангар аз оҳан теша месозад, ва онро дар ахгар кор мекунад, ва бо путкҳо сурате ба он мебахшад, ва бо куввати бозуи худ онро ба вуҷуд меоварад, дар ҳолате ки гурусна монда, беқувват мешавад, ва об нанӯшида, бемаҷол мегардад.
13
Наҷҷор бар чӯб ресмон кашида, бо қалам онро нишона мекунад, бо ранда онро метарошад, ва бо паргор онро тарҳ мекашад, ва онро мисли андоми инсон, мисли ҷамоли одамизод месозад, то ки он дар хонае ҷойгир шавад.
14
Арзҳоро ӯ барои худ мебуррад, ва чинор ва булутро мегирад: онҳоро аз миёни дарахтони ҷангал барои худ хуш мекунад; дарахти ғорро мешинонад, ва борон онро калон мекунад.
15
Ва чӯби он барои инсон чун сӯзишворӣ кор меояд, ва ӯ аз он гирифта, худро гарм мекунад, ва онро сӯзонида, нон мепазад; ва аз ин чӯб худое сохта, онро парастиш менамояд: санаме ба вуҷуд оварда, пеши он саҷда мекунад.
16
Нисфи онро дар оташ месӯзонад, бо қисми дигараш гӯштро кабоб мекунад, ва кабобро хӯрда, сер мешавад; ва гарм шуда, мегӯяд: «Ваҳ, акнун гарм шудам, рӯи оташро дидам!»
17
Ва аз бақияи ин чӯб худое, яъне санаме барои худ месозад, пеши он саҷда менамояд, ва онро мепарастад, ва назди он дуо хонда, мегӯяд: «Маро наҷот деҳ, зеро ки ту худои ман ҳастӣ».
18
Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон — то ки дарк накунанд.
19
Ва ӯ ба дили худ намегузаронад, ва донишу хираде надорад, ки бигӯяд: «Як қисми онро дар оташ сӯзонидам, ва бар ахгари он нон пуҳтам, ва гӯштро кабоб карда хӯрдам; оё аз бақияи он як чизи зиште ба вуҷуд оварам? Оё ба ғӯлачӯбе саҷда намоям?»
20
Ӯ бод мепаймояд: дили гумроҳаш ӯро дар иштибоҳ меандозад, ва ӯ наметавонад ҷони худро раҳо карда, бигӯяд: «Оё он чи дар дасти рости ман аст, дурӯғ нест?»
21
Инҳоро дар хотир нигоҳ дор, эй Яъқуб ва эй Исроил, зеро ки ту бандаи Ман ҳастӣ; Ман туро ба вуҷуд овардаам; ту бандаи Ман ҳастӣ, эй Исроил, ту аз хотири Ман фаромӯш нахоҳӣ шуд.
22
Гуноҳҳои туро мисли абр, ва хатоҳои туро мисли шаҳоб маҳв кардаам; ба Ман руҷӯъ намо, зеро ки Ман туро раҳонидаам.
23
Тараннум намо, эй афлок, зеро ки Худованд инро ба амал овардааст. Нидо кунед, эй умқҳои замин, бо шодӣ овоз баланд кунед, эй кӯҳҳо ва ҷангалҳо ва ҳар дарахте ки дар онҳо бошад, зеро ки Худованд Яъқубро раҳонидааст, ва дар Исроил ҷалол хоҳад ёфт.
24
Худованд, ки Раҳокунандаи туст, ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Ман Худованд ҳастам, ки ҳама чизро ба амал овардаам, афлокро ба танҳоӣ паҳн кардаам, заминро густурдаам; кист, ки он вақт бо Ман бошад?»
25
Ӯ аломатҳои козибонро ботил менамояд ва соҳиронро аз ақл бегона мекунад, ҳакимонро қафо мегардонад ва дониши онҳоро ба ҳамоқат табдил медиҳад;
26
Ӯ каломи бандаи Худро ба амал меоварад ва машварати элчиёни Худро ба иҷро мерасонад; Ӯ дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Маскан хоҳад шуд!» ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо: «Онҳо бино хоҳад шуд, ва харобаҳои онро аз нав барқарор хоҳам кард!»
27
Ӯ ба варта мегӯяд: «Хушк шав, ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!»
28
Ӯ дар бораи Куруш мегӯяд: «Вай чӯпони Ман аст, ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид». Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Бино хоҳад шуд!» ва дар бораи маъбад: «Буньёди ту ниҳода хоҳад шуд!»
← Chapter 43
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 45 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66