bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 34
Isaiah 34
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 35 →
1
Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед! Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед! Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!
2
Зеро ки ғазаби Худованд бар ҳамаи халқҳост, ва хашми Ӯ бар тамоми лашкари онҳост. Ӯ онҳоро ба ҳалокат маҳкум кардааст, ба катл таслим намудааст.
3
Ва мақтулони онҳо партофта хоҳанд шуд, ва тааффуни ҷасадҳои онҳо хоҳад баромад, ва қӯҳҳо аз хуни онҳо гудохта хоҳад шуд.
4
Ва тамоми лашкари осмон фано хоҳад шуд, ва осмон мисли тӯморе хоҳад печид, ва тамоми лашкари он бетароват гардида, фурӯ хоҳад ғалтид, мисли барги ток, ки пажмурда шуда мерезад, ва мисли меваи хом аз дарахти анҷир.
5
Зеро ки шамшери Ман дар осмон сероб гардидааст: инак, бар Адӯм ва бар қавме ки ба ҳалокат маҳкум намудаам, барои доварӣ меояд.
6
Шамшери Худованд аз хун пур, аз чарбу фарбеҳ шудааст, — аз хуни мешон ва такаҳо, аз чарбуи гурдаҳои қӯчқорон: зеро ки барои Худованд дар Басра забҳ аст, ва куштори бузурге дар замини Адӯм.
7
Ва говмешон бо онҳо хоҳанд афтод, ва гӯсолаҳо бо нарговон; ва заминашон аз хун сероб, ва хокашон аз чарбу фарбеҳ хоҳад шуд.
8
Зеро ки барои Худованд рӯзи интиқом аст, — соли подош барои даъвои Сион.
9
Ва наҳрҳои он ба қатрон, ва хоки он ба кибрит табдил хоҳад ёфт, ва замини он қатрони сӯзон хоҳад шуд.
10
Шаб ва рӯз хомӯш нахоҳад шуд; дуди он то абад хоҳад баромад; аз насл ба насл харобазор хоҳад монд; то абадуддаҳр касе дар он гузар нахоҳад кард.
11
Ва онро мурғи саққо ва хорпушт тасарруф хоҳанд намуд; ва бум ва зоғ дар он сокин хоҳанд шуд; ва Ӯ ресмони вайронӣ, ва шоқули харобиро бар он хоҳад кашид.
12
Аз ашрофу аъёнаш, ки ба подшоҳӣ даъват намоянд, касе дар он ҷо нахоҳад буд; ва ҳамаи миронаш нест хоҳанд шуд.
13
Ва дар қасрҳояш хорбӯттаҳо хоҳад рӯид, ва бар қалъаҳояш — газна ва мушхор; ва он маскани шағолон ва иқоматгоҳи шутурмурғон хоҳад шуд.
14
Ва дар он гурбаҳои ваҳшӣ ба рӯбоҳон дучор хоҳанд омад, ва ғӯл ёри худро хоҳад хонд; ифрит низ дар он ҷо фароғат хоҳад кард, ва барои худ оромгоҳ хоҳад ёфт.
15
Дар он ҷо тирмор ошьёна сохта, тухм хоҳад монд, ва бача бароварда, дар зери сояи худ ҷамъ хоҳад кард; қарчиғайҳо низ дар он ҷо яке бо дигаре ҷамъ хоҳанд шуд.
16
Китоби Худовандро бодиққат қироат намуда, хоҳед дид, ки ҳеҷ яке аз инҳо кам нахоҳад буд: яке дигареро гум нахоҳад кард; зеро ки даҳони Ӯ амр фармудааст, ва рӯҳи Ӯ онҳоро ҷамъ намудааст.
17
Ва Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст, ва дасти Ӯ онро барои онҳо бо ресмоне тақсим кардааст; то абад онро тасарруф хоҳанд намуд, аз насл ба насл дар он сокин хоҳанд буд.
← Chapter 33
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 35 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66