bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 2
Isaiah 2
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 3 →
1
Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.
2
Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.
3
Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.
4
Ва Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳои бисьёрро танбеҳ хоҳад намуд; ва онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.
5
Эй хонадони Яъқуб! Биеёд, дар нури Худованд роҳ равем.
6
Зеро Ту қавми Худ, хонадони Яъқубро тарк кардаӣ, чунки онҳо аз расму оини шарқӣ пур шудаанд, ва мисли фалиштиён фол мекушоянд, ва бо зодагони бегонаҳо қонеъ мешаванд.
7
Ва замини вай аз нуқра ва тилло пур шудааст; ва хазоини вай интиҳо надорад; ва замини вай аз аспон пур шудааст, ва аробаҳои вай интиҳо надорад;
8
Ва замини вай аз бутҳо пур шудааст: онҳо ба амали дастҳои худ, ба он чи ангуштҳошон сохтааст, саҷда мекунанд.
9
Ва инсон сарпаст, ва мард залил шудааст; ва Ту онҳоро нахоҳӣ омурзид!
10
Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба кӯҳпора дохил шав, ва худро дар хок пинҳон кун.
11
Чашмони ҳавобаланди инсон залил ва ғурури мардон паст хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
12
Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —
13
Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон, ва бар ҳамаи булутҳои Бошон,
14
Ва бар ҳамаи кӯҳҳои саркаш, ва бар ҳамаи теппаҳои сарбаланд,
15
Ва бар ҳар бурҷи баланд, ва бар ҳар ҳисори мустаҳкам,
16
Ва бар ҳамаи киштиҳои Таршиш, ва бар ҳамаи зеварҳои назаррабо.
17
Ва ҳавобаландии инсон паст, ва ғурури мардон залил хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
18
Ва бутҳо тамоман маҳв хоҳад шуд.
19
Ва мардум ба мағораҳои кӯҳпораҳо ва ба сӯрохҳои хок дохил хоҳанд шуд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
20
Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст, ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,
21
То ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
22
Шумо аз инсон, ки нафаси ӯ дар бинии ӯст, даст кашед, зеро ки у чӣ чизе ҳисоб меёбад?
← Chapter 1
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 3 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66