bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 14
Isaiah 14
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 15 →
1
Зеро ки Худованд ба Яъқуб раҳм хоҳад кард, ва Исроилро боз хоҳад баргузид, ва онҳоро дар заминашон ҷойгир хоҳад кард; ва аҷнабиён ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба хонадони Яъқуб хоҳанд пайваст.
2
Ва қавмон онҳоро гирифта, ба маконашон хоҳанд овард, ва хонадони Исроил онҳоро дар замини Худованд ҳамчун ғуломон ва канизон ба тасарруфи худ хоҳанд даровард, ва асиркунандагони худро асир карда, бар ситамгарони худ ҳукмронӣ хоҳанд кард.
3
Ва дар рӯзе ки Худованд туро аз андӯҳат ва аз изтиробат ва аз меҳнати сахте ки маҷбуран ба ҷо меовардӣ, бираҳонад, чунин воқеъ хоҳад шуд,
4
Ки ту ин масалро бар подшоҳи Бобил зада, бигӯӣ: чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд, ва он зулм барҳам хӯрд!
5
Худованд асои шарирон ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст,
6
Ки он бо ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад, ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил ҳукмронӣ мекард.
7
Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд; ба тараннум овоз баланд мекунанд.
8
Сарвҳо низ дар ҳаққи ту шодӣ мекунанд, ва арзҳои Лубнон мегӯянд: «Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидаӣ, дарахтбуре ба сари мо наомадааст».
9
Дӯзах аз барои ту музтариб шудааст, то ки туро ҳангоми омаданат истиқбол намояд; арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дуньёро барои ту бедор кардааст; ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон бархезонидааст;
10
Ҳамаашон ба ту хитоб намуда, хоҳанд гуфт: «Ту низ мисли мо бемаҷол шудаӣ! Монанди мо гардидаӣ!»
11
Кибриёи ту, садои барбатҳои ту ба дӯзах фурӯд омадааст; дар таги ту кирмҳо густурда шудааст, ва болопӯши ту кирмҳост.
12
Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!
13
Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, ва бар кӯҳи анҷумани худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст;
14
Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд».
15
Аммо ту ба дӯзах, ба ақсои ҷаҳаннам сарнагун хоҳӣ шуд.
16
Онҳое ки туро мебинанд, ба ту назар дӯхта ва дар ҳаққи ту фикру хаёл карда, хоҳанд гуфт: «Оё ин ҳамон кас аст, ки заминро ба ҷунбиш меовард, мамлакатҳоро ба ларза меандохт,
17
Дуньёро мисли биёбон гардонид, ва шаҳрҳои онро хароб мекард, ва асирони худро ба хонаҳошон ҷавоб намедод?»
18
Ҳамаи подшоҳони халқҳо саросар, ҳар яке дар оромгоҳи худ бо ҷалол хобидаанд,
19
Валекин ту берун аз қабри худ мисли шохаи зиште партофта шудаӣ, — мисли либоси мақтулоне ки шамшер хӯрда, дар миёни сангҳои хандак фурӯ рафта бошанд, мисли ҷасаде ки поймол шуда бошад.
20
Ту бо онҳо дар қабр нахоҳӣ пайваст, зеро ки ту замини худро хароб кардаӣ, қавми худро куштаӣ; насли бадкешон то абад зикр нахоҳад ёфт.
21
Барои писарони вай, ба сабаби гуноҳи падарашон, қатлро муҳайё намоед, то ки қиём накунанд, ва заминро мусаххар накунанд ва рӯи дуньёро аз шаҳрҳо пур насозанд.
22
«Ва Ман бар зидди онҳо қиём хоҳам намуд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — ва номи Бобил ва бақияи онро: ҳам писар ва ҳам набераро маҳв хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.
23
«Ва онро мероси хорпуштҳо ва ботлоқзор хоҳам гардонид, ва онро бо ҷорӯби ҳалокат хоҳам рӯфт», — мегӯяд Худованди лашкарҳо.
24
Худовани лашкарҳо қасам хӯрда, мегӯяд: «Ба яқин, чунон ки салоҳ дидаам, ончунон хоҳад шуд, ва чунон ки қарор додаам, ончунон ба амал хоҳад омад:
25
Ашшурро дар замини Худ шикаст хоҳам дод, ва бар кӯҳҳои Худ поймол хоҳам кард; ва юги вай аз гардани онҳо дур хоҳад шуд, ва бори вай аз дӯши онҳо нест хоҳад шуд».
26
Чунин аст қароре ки дар бораи тамоми дуньё қабул гардидааст, ва ин аст дасте ки бар ҳамаи халқҳо дароз карда шудааст.
27
Зеро ки Худованди лашкарҳо қарор додааст, ва кист, ки онро тавонад ботил намояд? Ва дасти Ӯ дароз карда шудааст, ва кист, ки онро тавонад баргардонад?
28
Дар соле ки подшоҳ Оҳоз вафот кард, ин ваҳй омадааст:
29
Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун, ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст; зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд, ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд.
30
Ва мардуми бағоят бенаво ба серӣ хоҳанд хӯрд, ва мискинон дар амният хоҳанд хобид; вале решаи туро бо гуруснагӣ нобуд хоҳам кард, ва бақияи туро ӯ хоҳад кушт.
31
Эй дарвоза, вовайло намо! Эй шаҳр, фарьёд зан! Эй тамоми замини Фалиштӣ, аз ҳам пош хоҳӣ хӯрд! Зеро ки аз шимол дуд меояд, ва аз ӯрдуи онҳо як нафар ҳам қафо нахоҳад монд.
32
Пас, ба қосидони ин халқ ӯ чӣ ҷавобе хоҳад дод? Ин ки Худованд Сионро буньёд кардааст, ва мискинони қавми Ӯ дар он паноҳ хоҳанд бурд.
← Chapter 13
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 15 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66