bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 62
Isaiah 62
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 61
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 63 →
1
Ба хотири Сион сукут нахоҳам кард, ва ба хотири Ерусалим хомӯш нахоҳам монд, то даме ки адолати он мисли нур тулӯъ намояд, ва наҷоти он — мисли машъали фурӯзон.
2
Ва халқҳо адолати туро, ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид, ва ту бо исми наве ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд, хонда хоҳӣ шуд.
3
Ва ту тоҷи шавкат дар яди Худованд хоҳӣ буд, ва афсари подшоҳӣ дар дасти Худои худ.
4
Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид, ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт, балки туро «Дилхоҳ» ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид, зеро ки Худованд туро хостааст, ва замини ту шавҳар хоҳад кард.
5
Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад, ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард, ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад, ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.
6
Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам, ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард. Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
7
Ва Ӯро оромӣ надиҳед, то даме ки Ерусалимро аз нав барқарор намуда, ҷалоли рӯи замин гардонад.
8
Худованд ба ямини Худ ва ба бозуи қавии Худ қасам хӯрдааст: «Ғаллаи туро дигар хӯроки душманонат нахоҳам сохт, ва аҷнабиён шароби туро, ки барояш меҳнат кардаӣ, нахоҳанд нӯшид,
9
Балки онҳое ки онро ҷамъ мекунанд, онро хӯрда, Худовандро мадҳ хоҳанд намуд, ва онҳое ки онро мечинанд, онро дар саҳнҳои қудси Ман хоҳанд нӯшид».
10
Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред! Роҳи қавмро тайёр кунед! Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед! Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!
11
Инак, Худованд то ақсои замин эълон менамояд: ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Наҷотдиҳандаи ту меояд! Инак, музди Ӯ бо Ӯст, ва подоши Ӯ пеши Ӯст».
12
Ва онҳоро қавми муқаддас, растагорони Худованд хоҳанд номид, ва ту матлуб ва шаҳри номатрук номида хоҳӣ шуд.
← Chapter 61
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 63 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66