bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 63
Isaiah 63
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 62
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 64 →
1
Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд? Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст, ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад? «Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам ва барои наҷот додан тавоно мебошам».
2
Чаро либоси Ту сурх аст, ва ҷомаи Ту мисли касест, ки чархуштро поймол карда бошад?
3
«Танҳо Худам чархуштро поймол кардам, ва аз қавмон касе бо Ман набуд, ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам, ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд, ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;
4
Зеро ки рӯзи интиқом дар дили Ман аст, ва соли раҳо кардани Ман фаро расидааст.
5
Ва Ман нигаристам, ва мададгоре набуд, ва тааҷҷуб намудам, ки ёваре набуд, ва бозуи Ман Маро мададгор шуд, ва хашми Ман Маро ёварӣ намуд.
6
Ва Ман қавмонро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва онҳоро аз шиддати хашми Худ маст кардам, ва хуни онҳоро бар замин рехтам».
7
Эҳсонҳои Худованд ва ҷалоли Худовандро зикр хоҳам кард, барои ҳар он чи Худованд ба мо ато намудааст, ва барои лутфи зиёде ба хонадони Исроил, ки Ӯ аз рӯи марҳамати Худ ва аз рӯи фаровонии эҳсонҳои Худ ба онҳо ато намудааст.
8
Ва Ӯ гуфтааст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд, писароне ки хиёнат намекунанд». Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд.
9
Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард.
10
Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид.
11
Ва қавми Ӯ айёми қадими Мусоро ба ёд оварданд: куҷост Он ки онҳоро бо чӯпони рамаи Худ аз баҳр баровард? Куҷост Он ки Рӯҳулкудси Худро андаруни онҳо ниҳод?
12
Он ки бозуи пуршукӯҳи Худро ба ямини Мусо равона намуда, обҳоро пеши онҳо пора кард, то ки барои Худ исми ҷовидонӣ пайдо кунад?
13
Он ки онҳоро дар вартаҳо мисли аспе дар биёбон ҳидоят намуд, ва онҳо пешпо нахӯрданд?
14
Мисли чорпое ки ба водӣ фурӯд меояд, Рӯҳи Худованд онҳоро сӯи фароғат бурд. Ҳамин тавр Ту қавми Худро ҳидоят намудӣ, то ки барои Худ исми пуршукӯҳе пайдо кунӣ.
15
Аз осмон назар андоз ва аз маскани муқаддас ва пурҷалоли Худ бубин! Рашки Ту ва тавоноии Ту куҷост? Дилсӯзии Ту ва марҳаматҳои Ту нисбат ба ман боздошта шудааст.
16
Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад, ва Исроил моро намешиносад; Ту, эй Худованд, Падари мо, Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.
17
Чаро, эй Худованд, моро гузоштаӣ, ки гумроҳ шуда, аз роҳҳои Ту бароем? Ва дилҳои моро сахт кардаӣ, то ки аз Ту натарсем? Ба хотири бандагони Худ, ба хотири сибтҳои мероси Худ сӯи мо ручӯъ намо!
18
Қавми муқаддаси Ту муддати каме онро тасарруф намуданд; душманони мо қудси Туро поймол карданд.
19
Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ, ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
← Chapter 62
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 64 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66