bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 47
Isaiah 47
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 46
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 48 →
1
Фурӯд омада, бар хок бинишин, эй духтари бокираи Бобил! Бе курсӣ, бар замин бинишин, эй духтари калдониён! Зеро ки дигар туро нозанин ва латиф нахоҳанд хонд.
2
Дастосро гирифта, ордро ос кун; ҳиҷобатро бикаш, доманатро бардор ва соқҳоятро бараҳна карда, аз наҳрҳо убур намо.
3
Аврати ту ошкор хоҳад шуд, нанги ту низ намудор хоҳад гардид. Ман интиқом хоҳам гирифт, ва касеро рӯихотир нахоҳам кард.
4
Раҳокунандаи мо — исми Ӯ Худованди лашкарҳо, Қуддуси Исроил аст.
5
Хомӯш бинишин ва ба зулмот бирав, эй духтари калдониён! Зеро ки дигар туро хотуни мамлакатҳо нахоҳанд хонд.
6
Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.
7
Ва ту гуфтӣ: «То абад хотун хоҳам буд», то ба дараҷае ки ба ҳамаи ин чизҳо диққат надодӣ, ва оқибати корро ба хотир наовардӣ.
8
Ва акнун инро бишнав, эй нозпарвард, ки бепарво нишастаӣ ва дар дили худ мегӯӣ: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест! Ман бева нахоҳам шуд, ва талафоти фарзандонро нахоҳам дид».
9
Вале ин ду чиз — талафоти фарзандон ва бевагӣ — баногоҳ дар як рӯз ба сари ту хоҳад омад: сарфи назар аз фаровонии ҷодуҳоят ва қуввати бузурги афсунҳоят, онҳо ба андозаи комил бар ту фурӯд хоҳад омад.
10
Ва ҳол он ки ту ба шарорати худ умед баста, гуфтӣ: «Касе нест, ки маро бинад». Ҳикматат ва донишат туро гумроҳ кард, ва ту дар дили худ гуфтӣ: «Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!»
11
Ва мусибате ба сари ту хоҳад омад, ки дафъи онро нахоҳӣ донист; ва фалокате бар ту фурӯд хоҳад омад, ки ба пешгирии он қодир нахоҳӣ буд; ва ҳалокате ногаҳон ба сари ту хоҳад омад, ки илоҷи онро нахоҳӣ донист.
12
Пас, дар афсунҳои худ ва дар фаровонии ҷодуҳои худ, ки барои онҳо аз ҷавонии худ ҷидду ҷаҳд намудаӣ, қоим бош: шояд, манфиате тавонӣ дид; шояд, истодагӣ тавонӣ кард.
13
Аз фаровонии мушовирони худ лакот шудаӣ; бигзор расадбандони афлок, ситорашиносон ва онҳое ки ба ҳасби ҳилолҳо пешгӯӣ мекунанд, бархоста, туро аз он чи ба сарат хоҳад омад, наҷот диҳанд.
14
Инак, онҳо мисли коҳрезаанд: оташ онҳоро хоҳад сӯзонид; онҳо ҷони худро аз аланга натавонанд раҳонид; на ахгаре боқӣ хоҳад монд, ки гарм шаванд, на оташе ки пеши он нишинанд.
15
Онҳое ки барояшон ҷидду ҷаҳд намудаӣ, барои ту чунин хоҳанд буд, ва онҳое ки аз ҷавонии ту дар гирду пешат мегаштанд, ҳар яке ба худ саргардон хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки туро наҷот диҳад.
← Chapter 46
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 48 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66