bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 43
Isaiah 43
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 44 →
1
Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб, офардидааст, ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам, туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.
2
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид,
3
Зеро ки Ман Худованд Худои ту, Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам; Мисрро барои ту фидия додаам, Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
4
Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ, ва Ман туро дӯст доштаам, бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту, ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.
5
Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; насли туро аз шарқ хоҳам овард, ва туро аз ғарб ҷамъ хоҳам кард.
6
Ба шимол хоҳам гуфт: бидеҳ; ва ба ҷануб: монеъ нашав; писарони Маро аз дурдаст, ва духтарони Маро аз ақсои замин биёр,
7
Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст, ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам, ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».
8
Қавмеро берун ор, ки кӯр ҳастанд, гарчанде ки чашм доранд, ва кар ҳастанд, гарчанде ки гӯш доранд.
9
Бигзор ҳамаи халқҳо бо ҳам фароҳам оянд, ва қабилаҳо ҷамъ шаванд. Кист аз миёни онҳо, ки инро баён намояд, ва паёмҳои пешинаро ба мо бирасонад? Бигзор шоҳидони худро биёранд, то ки худро сафед кунанд, ва ё он шоҳидон бишнаванд ва бигӯянд: «Ҳақ асту рост!»
10
«Аммо шумо, — мегӯяд Худованд, — ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам, шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед ва ба Ман имон оваред ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд.
11
Ман, Ман Худованд ҳастам, ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест.
12
Ман пешакӣ гуфтаам, ва наҷот додаам, ва паём расонидаам, ва дар миёни шумо Худои дигаре нест; ва шумо шоҳидони Ман мебошед, — мегӯяд Худованд, — ва Ман Худо ҳастам!
13
Аз имрӯз низ Ман ҳамонам, ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?»
14
Худованд, ки Раҳокунандаи шумо ва Қуддуси Исроил аст, чунин мегӯяд: «Ба хотири шумо Ман ба Бобил фиристодам, ва ҳамаи онҳоро ҳамчун гурезаҳо фурӯд овардам, ва калдониёнро дар киштиҳое ки мояи вачди онҳо буд.
15
Ман Худованд Қуддуси шумо ҳастам, Офаринандаи Исроил ва Подшоҳи шумо».
16
Чунин мегӯяд Худованд, ки Ӯ роҳе дар баҳр, ва ҷоддае дар обҳои азим кушодааст;
17
Аробаҳо ва аспон, лашкар ва қувватро берун овардааст, то ки якҷоя хобида, дигар нахезанд; ва онҳо торафт беҳол гардида, мисли пилтаи катонӣ хомӯш шуданд.
18
«Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред, ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед.
19
Инак, Ман чизи наве месозам, ки он алҳол ба зуҳур меояд. Магар аз он воқиф нестед? Ба яқин, роҳе дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард.
20
Ҳайвоноти саҳро, шағолон ва шутурмурғон Маро мадҳ хоҳанд кард, зеро ки Ман об дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд овардаам, то ки қавми баргузидаи Худро сероб намоям,
21
Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд.
22
Вале ту, эй Яъқуб, Маро нахондӣ, ва ту, эй Исроил, аз ибодати Ман ба танг омадӣ:
23
Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман наовардӣ, ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ. Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам, ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.
24
Ту барои Ман ба нуқра наи атрогин нахаридӣ, ва бо чарбуи забҳҳои худ Маро сер накардӣ, балки бо хатоҳои худ Маро заҳмат додӣ, ва бо гуноҳҳои худ ба Ман гаронӣ кардӣ.
25
Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро ба хотири Худам маҳв менамоям, ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
26
Маро хотиррасон намо; бо ҳамдигар муҳокима хоҳем кард; далелҳои худро биёр, то ки сафед шавӣ.
27
Падари аввалини ту гуноҳ кард, ва шафоатгарони ту ба Ман осӣ шуданд.
28
Бинобар ин Ман сарварони қудсро аз қудсият маҳрум намудам, ва Яъқубро ба ҳалокат, ва Исроилро ба таҳқир маҳкум кардам».
← Chapter 42
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 44 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66