bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 24
Isaiah 24
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 25 →
1
Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.
2
Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.
3
Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.
4
Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дуньё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.
5
Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.
6
Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.
7
Шираи ангур мотам гирифтааст; ток афсурдахотир шудааст; ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.
8
Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст; ғавғои айёшон хотима ёфтааст; шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.
9
Дигар бо суруд шароб наменӯшанд; арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.
10
Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст; ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.
11
Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд; ҳар гуна сурур тира гардидааст; шодмонии замин талаф шудааст.
12
Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост, ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.
13
Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд, чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.
14
Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд: дар бораи кибриёи Худованд аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.
15
Бинобар ин Худовандро дар шарк, ва исми Худованд Худои Исроилро дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.
16
Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем: «Одилро ҷалол бод!» Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман! Дареғо бар ман! Вой бар ман! Хоинон хиёнат кардаанд, ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
17
Эй сокини замин, тарс ва чоҳ ва дом бар туст!
18
Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод; ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод; зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд, ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
19
Замин пора‐пора шудааст, замин аз ҳам ҷудо шудааст, замин вожгун гардидааст.
20
Замин мисли маст мекалавад, ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад; ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад; ва фурӯ хоҳад ғалтид, ва дигар нахоҳад бархост.
21
Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд лашкари афрозро бар афроз, ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд намуда, ҷазо хоҳад дод.
22
Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе ҷамъ оварда хоҳанд шуд, ва дар зиндон баста хоҳанд шуд, ва баъд аз рӯзҳои бисьёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.
23
Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд, зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд, ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.
← Chapter 23
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 25 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66