bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 33
Isaiah 33
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 34 →
1
Вой бар ту, эй тороҷгар, ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ, ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз хиёнат накардаанд! Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд; чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту хиёнат хоҳанд кард.
2
Худовандо! Ба мо раҳм намо: ба Ту умед бастаем; ҳар бомдод бозуи мо бош, ва наҷоти мо низ дар замони тангӣ.
3
Аз овози пурғулғулаи Ту қавмон хоҳанд гурехт; аз кибриёи Ту халқҳо пароканда хоҳанд шуд.
4
Ва ғанимати шуморо ҷамъ хоҳанд кард, чунон ки мӯрон ҷамъ мекунанд; бар он хоҳанд давид, чунон ки анбӯҳи малахҳо медаванд.
5
Худованд олишон аст, зеро ки сокини афроз аст; Ӯ Сионро аз инсоф ва адолат пур хоҳад кард.
6
Ва айёми ту бо ганҷи наҷот, ҳикмат ва дониш устувор хоҳад шуд; тарси Худованд махзани он хоҳад буд.
7
Инак, зӯроварони онҳо дар кӯчаҳо фарьёд мезананд; злчиёни сулҳу осоиштагӣ зор‐зор гирья мекунанд.
8
Роҳҳо хароб шудааст; роҳгузаре боқӣ намондааст; вай аҳдро шикастааст, шаҳрҳоро зеру забар кардааст, ба мардум беэътиноӣ намудааст.
9
Замин мотам гирифтааст, ноком шудааст; Лубнон пажмурда шудааст, хушкидааст; Шорӯн мисли биёбон гардидааст, ва Бошон ва Кармил баргҳои худро рехтаанд.
10
«Алҳол хоҳам бархост, — мегӯяд Худованд, алҳол баланд хоҳам шуд, алҳол сууд хоҳам кард.
11
Шумо ба хошок ҳомила шуда, хас хоҳед зоид; нафаси шумо оташест, ки шуморо хоҳад сӯзонид.
12
Ва қавмон мисли оҳаки сӯхтае хоҳанд буд, мисли хорҳои бурида дар оташ хоҳанд сӯхт».
13
Эй онҳое ки дур ҳастед, он чиро, ки Ман кардаам, бишнавед! Ва эй онҳое ки наздик ҳастед, кудрати Маро бидонед!
14
Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд, риёкоронро ларза гирифтааст: «Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон сокин шавад? Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ сокин шавад?»
15
Касе ки бо роҳи сидқу вафо равон аст ва аз рӯи ростӣ сухан меронад, касе ки аз ҳирси истисмор нафрат дорад, дастҳои худро аз гирифтани ришва нигоҳ медорад, гӯши худро аз шунидани суханони оид ба хунрезӣ мебандад ва чашмони худро аз дидани шарорат мепӯшад, —
16
Вай дар баландиҳо сокин хоҳад шуд; сахраҳои дастнорас паноҳгоҳи вай хоҳад буд; нони вай дода хоҳад шуд; оби вай таъмин хоҳад буд.
17
Чашмони ту Подшоҳро дар зебоин Ӯ хоҳад дид, ба замини паҳновар нигоҳ хоҳад кард.
18
Дили ту даҳшатҳоро ба хотир хоҳад овард: «Куҷост он кас, ки мешумурд? Куҷост он кас, ки баркаш мекард? Куҷост он кас, ки бурҷҳоро дар шумор меовард?»
19
Кавми ситампешаро дигар нахоҳед дид, — қавмеро, ки нутқаш мушкил аст, ба тавре ки кас наметавонад шунавад, ва забонаш аҷибу ғариб аст, ба тавре ки кас наметавонад фаҳмад.
20
Ба Сион, ки шаҳри ҷамъомадҳои идонаи мост, бингар! Чашмони ту Ерусалимро хоҳад дид, ки маскани амният ва хаймаи ноҷунбон аст; мехҳои вай ҳаргиз канда ва танобҳояш гусехта нахоҳад шуд.
21
Зеро ки дар он ҷо Худованди неруманд барои мо мисли макони наҳрҳо ва рӯдҳои фарохе хоҳад буд, ки ҳеҷ сафинаи бодбондор дар он дохил нахоҳад шуд, ва киштии бузург аз он нахоҳад гузашт.
22
Чунки Худованд довари мост, Худованд қонунгузори мост, Худованд подшоҳи мост; Ӯ моро наҷот хоҳад дод.
23
Танобҳои ту суст шудааст, ба тавре ки наметавонад пояи сутуни киштиро маҳкам нигоҳ дорад ва бодбонро бикшояд. Он гоҳ ғанимати зиёде тақсим карда хоҳад шуд, ва ҳатто лангон ба яғмо хоҳанд бурд.
24
Ва сокине нахоҳад гуфт: «Ман бемор ҳастам»; барои қавме ки дар он ҷо иқомат доранд, гуноҳашон омурзида хоҳад шуд.
← Chapter 32
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 34 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66