bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
/
Isaiah 58
Isaiah 58
Tajik (Китоби Муқаддас 1992, 1999)
← Chapter 57
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 59 →
1
«Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун! Овози худро мисли шох баланд карда, ба қавми Ман ҷинояташонро, ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.
2
Ба яқин, онҳо Маро ҳар рӯз меҷӯянд, ва роҳҳои Маро зоҳиран мехоҳанд, мисли халқе ки адолатро риоя намудаанд, ва шариати Худои худро тарк накардаанд; аҳкоми адолатро аз Ман пурсида, гӯё мехоҳанд ба Худо наздик бошанд:
3
„Чаро рӯза доштем, вале Ту намебинӣ? Ҷонҳои худро азоб додем, вале Ту намедонӣ?“ Шумо, охир, дар рӯзи рӯзаи худ низ корубори худро меёбед, ва ҳамаи коргарони худро ба танг меоваред.
4
Шумо, охир, барои низоъ ва нифоқ рӯза медоред, ва барои он ки бо мушти шарорат бизанед; имрӯз шумо тавре рӯза намедоред, ки овозатон дар афроз шунида шавад.
5
Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад, — рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад? Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най хам созад, ва палосу хокистар зери худ андозад? Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?
6
Охир, рӯзае ки гузидаи Ман бошад, чунин аст: завлонаҳои шароратро бикшо, гиреҳҳои юғро воз кун, ва мазлумонро озод намо, ва ҳар юғро бишкан;
7
Нони худро ба гуруснагон тақсим кун, ва бенавоёни оворагардро ба хонаи худ биёр; вақте ки бараҳнаро бинӣ, ӯро либос пӯшон, ва аз ақрабои худ пинҳон нашав.
8
Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод, ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид, ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт, ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.
9
Он гоҳ ту дуо хоҳӣ гуфт, ва Худованд иҷобат хоҳад намуд; ту истиғоса хоҳӣ кард, ва Ӯ хоҳад гуфт: „Инак, Ман ҳозирам!“ Агар юғ, ишорати ангушт ва бадгапиро аз миёни худ дур созӣ,
10
Ва ҷони худро ба гуруснае бидиҳӣ, ва ҷони ситамкашеро сер кунӣ, — он гоҳ нури ту дар зулмот хоҳад дурахшид, ва торикии ту мисли нимирӯзӣ хоҳад буд;
11
Ва Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд, ва дар хушксолиҳо туро сер хоҳад кард, ва ба устухонҳои ту қувват хоҳад дод, ва ту мисли боғи сероб хоҳӣ буд, ва мисли чашмае ки обаш ҳаргиз адо намешавад.
12
Ва онҳое ки аз ту ба вуҷуд меоянд, харобаҳои қадимро бино хоҳанд кард, ва ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд, ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо, ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид.
13
Агар пои худро ба хотири шанбе аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ, ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси Худовандро мӯҳтарам бихонӣ, ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ равона шавӣ, коруборе барои худ пайдо кунӣ ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —
14
Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд, ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард, ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид, зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».
← Chapter 57
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 29
Chapter 30
Chapter 31
Chapter 32
Chapter 33
Chapter 34
Chapter 35
Chapter 36
Chapter 37
Chapter 38
Chapter 39
Chapter 40
Chapter 41
Chapter 42
Chapter 43
Chapter 44
Chapter 45
Chapter 46
Chapter 47
Chapter 48
Chapter 49
Chapter 50
Chapter 51
Chapter 52
Chapter 53
Chapter 54
Chapter 55
Chapter 56
Chapter 57
Chapter 58
Chapter 59
Chapter 60
Chapter 61
Chapter 62
Chapter 63
Chapter 64
Chapter 65
Chapter 66
Chapter 59 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
32
33
34
35
36
37
38
39
40
41
42
43
44
45
46
47
48
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60
61
62
63
64
65
66