bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 1
Acts 1
Tajik NT 1999
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
1
Китоби якумро навиштам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо
2
то ҳамон рӯзе ки ба воситаи Рӯҳулқудс ба расулони интихобшудаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;
3
ба онҳо низ, баъд аз азобаш, бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чил рӯз ба онҳо намоён шуда, дар бораи Подшоҳии Худо сухан гуфт,
4
ва онҳоро ҷамъ карда, чунин фармуд: «Уршалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
5
зеро Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред».
6
Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт подшоҳиро бар Исроил аз нав барпо мекунӣ?»
7
Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, донед;
8
аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо фуруд ояд, қувват меёбед ва дар Уршалим ва дар тамоми Яҳудия ва Сомара ва то канори ҷаҳон шоҳидони Ман мешавед».
9
Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши чашмони онҳо гирифта бурд.
10
Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд
11
ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон менигаред? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чунон ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, ончунон бармегардад».
12
Он гоҳ онҳо аз кӯҳе ки кӯҳи Зайтун ном дорад, сӯи Уршалим баргаштанд. Ин кӯҳ дар наздикии Уршалим ба масофаи роҳравии рӯзи шанбе аст.
13
Чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъуни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб истиқомат доштанд.
14
Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо ва ниёиш машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.
15
Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархеста, гуфт:
16
«Эй мардон, бародарон! Бояд он навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгӯӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд.
17
Вай аз мо шумурда шуда, насибе дар хизмат ёфт.
18
Вай ба музди бадкирдории худ киштзоре харид ва бар он ба рӯй афтода, шикамаш кафид, ва тамоми рӯдаҳояш берун шуданд.
19
Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Уршалим расид, ва он киштзор ба забони онҳо Ҳақал-Дамо, яъне «Киштзори хунин» номида шудааст.
20
Зеро дар китоби Забур навишта шудааст: «Манзили вай хароб гардад Ва касе дар он сокин нашавад»; ва: «Мансаби вайро дигаре гирад».
21
Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Худованд Исо бо мо рафтуомад дошт,
22
яъне аз вақти таъмиди Яҳё то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди растохези Ӯ шавад».
23
Ва ду нафарро пешниҳод карданд: Юсуфро, ки Бар-Саббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матёсро.
24
Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, эй дилогоҳи ҳама, нишон деҳ якеро, ки аз ин ду интихоб кардаӣ,
25
то ки вай насиби ин хизмати расулиро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст».
26
Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ расул илова шуд.
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 2 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28