bible
ra
🌐 Language
English
Español
Français
Deutsch
Português
Italiano
Nederlands
Русский
中文
日本語
한국어
العربية
Türkçe
Tiếng Việt
ไทย
Indonesia
All Languages
Home
/
Tajik
/
Tajik NT 1999
/
Acts 7
Acts 7
Tajik NT 1999
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 8 →
1
Он гоҳ саркоҳин пурсид: «Оё инҳо рост мегӯянд?»
2
Гуфт: «Эй мардон, бародарон ва падарон, гӯш кунед! Худои ҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, пеш аз он ки дар Ҳорон сокин шавад, зоҳир шуд
3
ва ба ӯ гуфт: «Аз замини худ ва хешу табори худ берун шав ва сӯи замине ки ба ту нишон медиҳам, рав».
4
Аз замини калдониён берун омада, дар Ҳорон сокин шуд; пас аз вафоти падараш, Худо ӯро аз он ҷо ба замине ки шумо дар он сокин ҳастед, кӯчонд.
5
Ва аз он ба андозаи як кафи пой ҳам мерос набахшид, вале дар ҳамон вақте ки ӯ ҳанӯз фарзанде надошт, ваъда кард, ки ӯро ва пас аз ӯ наслашро соҳиби он гардонад.
6
Ва Худо ба ӯ гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона монанди ғариб зиндагӣ мекунад, ва муддати чорсад сол онҳоро дар ғуломӣ нигоҳ дошта, азоб медиҳанд.
7
“Аммо Ман, — гуфт Худо, — бар он халқе ки онҳоро дар ғуломӣ нигоҳ дорад, доварӣ мекунам, ва пас аз он онҳо берун омада, дар ин макон Маро ибодат мекунанд”.
8
Ва аҳди хатнаро ба ӯ дод. Пас аз ин Иброҳим Исҳоқро ба дунё оварда, дар рӯзи ҳаштум ӯро хатна кард; ва Исҳоқ Яъқубро ва Яъқуб дувоздаҳ нахустпадарро ба дунё овард.
9
Нахустпадарон ба Юсуф ҳасад бурда, ӯро ба Миср фурӯхтанд. Лекин Худо бо ӯ буд
10
ва ӯро аз ҳамаи бадбахтиҳояш халосӣ дод, ва пеши фиръавн подшоҳи Миср ба ӯ файз ва ҳикмат дод, то ӯро бар Миср ва бар тамоми хонаи худ фармонфармо таъйин кард.
11
Дар тамоми замини Миср ва Канъон гуруснагӣ, мусибати бузурге рӯй дод, ва падарони мо хӯрдание наёфтанд.
12
Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср ғалла ёфт мешавад, бори аввал падарони моро ба он ҷо фиристод.
13
Дар сафари дуюм Юсуф худро ба бародаронаш шиносонд, ва аслу насаби Юсуф ба фиръавн маълум шуд.
14
Юсуф кас фиристода, падари худ Яъқуб ва тамоми хешу таборашро, ки ҳафтоду панҷ нафар буданд, даъват намуд.
15
Яъқуб ба Миср омад, ва худаш ва падарони мо вафот ёфтанд;
16
онҳоро ба Шакем бурда, дар қабре ки Иброҳим аз банӣ-Ҳамӯри падари Шакем ба нуқраи худ харида буд, гузоштанд.
17
Баробари наздик омадани вақти ваъдае ки Худо дар бораи он ба Иброҳим савганд ёд карда буд, қавм дар Миср нашъунамо мекард ва зиёд мешуд,
18
то даме ки подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт.
19
Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.
20
Дар он вақт Мусо таваллуд шуд, ки дар назди Худо зебо буд, ва муддати се моҳ дар хонаи падари худ парвариш ёфт.
21
Ҳангоме ки ӯро бароварда партофтанд, духтари фиръавн ӯро гирифта, ҳамчун фарзанди худ калон кард.
22
Мусо тамоми ҳикмати Мисрро таълим гирифта, дар сухан ва амал тавоно шуд.
23
Вақте ки ӯ чилсола шуд, ба дилаш омад, ки ба дидани бародарони худ, банӣ-Исроил равад.
24
Чун якеро ситамкашида дид, ӯро ҳимоят кард ва ба доди он зулмдида расида, мисриро кушт.
25
Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо ба воситаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.
26
Рӯзи дигар, чун назди онҳо омад, хархаша мекарданд, ва ӯ онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: «Эй мардон, шумо бародар ҳастед, чаро ба якдигар ситам мекунед?»
27
Вале он касе ки ба ёри худ ситам мекард, ӯро тела дода, гуфт: «Кӣ туро бар мо сардор ва довар таъйин кардааст?
28
Оё маро куштан мехоҳӣ, чунон ки дирӯз он мисриро куштӣ?»
29
Мусо, ҳамин ки ин суханонро шунид, гурехта рафт ва дар замини Мидён ғариб шуд, ва дар он ҷо аз ӯ ду писар таваллуд шуданд.
30
Чун чил сол гузашт, дар биёбони атрофи кӯҳи Сино фариштаи Худованд дар алангаи оташи бутта ба ӯ намудор шуд.
31
Чун Мусо дид, аз дидааш ҳайрон шуд, ва ҳангоме ки наздик меомад, то ки нигарад, овози Худованд ба ӯ расид:
32
“Ман Худои падаронат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб”. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки нигоҳ кунад.
33
Худованд ба ӯ гуфт: “Кафшҳоятро аз пойҳоят каш, зеро ҷое ки дар он истодаӣ, замини муқаддас аст.
34
Ситамеро, ки қавми Ман дар Миср мекашад, дидаам ва нолаи онҳоро шунидаам ва барои халос кардани онҳо фуромадаам. Акнун биё, то ки туро ба Миср фиристам”.
35
Ҳамон Мусоро, ки рад карда, гуфта буданд: “Кӣ туро сардор ва довар таъйин кардааст?”, Худо ба воситаи фариштае ки дар бутта ба ӯ намудор шуд, сардор ва раҳокунанда таъйин намуда, фиристод.
36
Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чил сол дар замини Миср ва дар баҳри Сурх ва дар биёбон муъҷизаҳову аломатҳо ба амал овард.
37
Ин ҳамон Мусост, ки ба банӣ-Исроил гуфт: “Худованд Худои мо Пайғамбаре монанди ман барои шумо аз байни бародарони шумо ба миён меоварад”.
38
Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон буд, бо фариштае ки дар кӯҳи Сино ба ӯ сухан гуфт, ва бо падарони мо; ва калимаҳои зиндаро қабул кард, то ба мо расонад;
39
вале падарони мо нахостанд ба ӯ итоат намоянд, балки ӯро рад карданд, ва дилҳои онҳо сӯи Миср моил шуданд
40
ва ба Ҳорун гуфтанд: “Барои мо худоёне соз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро намедонем, бар сари ин Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, чӣ омадааст”.
41
Дар он рӯзҳо гӯсолае сохтанд ва ба он бут қурбонӣ карданд ва аз корҳои дастҳои худ хеле шод гаштанд.
42
Аммо Худо аз онҳо рӯй гардонда, вогузошт, ки лашкари осмонро ибодат намоянд, чунон ки дар китоби пайғамбарон навишта шудааст: «Эй хонадони Исроил! Оё дар давоми чил сол дар биёбон Барои Ман қурбониҳо ва ҳадияҳо тақдим кардед?
43
Хаймаи Маликро бардошта мегаштед, Ва ситораи худои худ Рифонро; Ин бутҳоро барои парастиш сохта будед; Пас, шуморо ба он тарафи Бобил мекӯчонам».
44
Падарони мо дар биёбон хаймаи шаҳодат доштанд, чунон ки Худо ба Мусо фармуда гуфта буд, ки онро мувофиқи намунае ки дидааст, созад.
45
Онро падарони мо гирифта, ҳамроҳи Юшаъ ба мулки халқҳо оварданд, вақте ки Худо онҳоро аз пеши рӯи падарони мо бадар ронд, ва хайма то айёми Довуд дар он ҷо монд,
46
ки ӯ пеши Худо илтифот ёфт ва дархост намуд, ки маскане барои Худои Яъқуб омода кунад.
47
Вале Сулаймон барои Ӯ хонае сохт.
48
Аммо Ҳаққи Таоло дар ибодатхонаҳои дастисохт сокин нест, чунон ки пайғамбар гуфтааст:
49
“Осмон, — мегӯяд Худованд, — курсии Ман аст, Ва замин пойандози Ман; Чӣ гуна хонае барои Ман месозед, Чӣ гуна ҷойе барои оромиши Ман?
50
Магар ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман наофаридааст?”
51
Эй гарданкашон! Эй соҳибони дилҳо ва гӯшҳои бехатна! Шумо ҳамеша ба Рӯҳулқудс муқобилат мекунед, шумо низ монанди падарони худ ҳастед.
52
Кист аз пайғамбарон, ки падарони шумо ӯро таъқиб накарда бошанд? Онҳо касонеро, ки аз омадани он Росткор пешакӣ хабар дода буданд, куштанд, ва акнун шумо таслимкунанда ва кушандаи Худи Ӯ шудаед;
53
шумо Тавротро ба воситаи фариштаҳо қабул кардед, вале онро риоя накардед».
54
Инро шунида, хашмгин шуданд, ва дандонҳои худро ба ҳам месоиданд.
55
Аммо ӯ, ки пур аз Рӯҳулқудс буд, сӯи осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки ба дасти рости Худо истода буд, дид
56
ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба дасти рости Худо истода мебинам».
57
Вале онҳо бо овози баланд фарёд зада ва гӯшҳои худро маҳкам карда, якдилона ба ӯ ҳамла оварданд,
58
ва аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд; ва шоҳидон ҷомаҳои худро назди пойҳои ҷавоне ки Шоул ном дошт, гузоштанд.
59
Ва Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ бошад дуо мекарду мегуфт: «Эй Худованд Исо! Рӯҳи маро қабул кун».
60
Сипас зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун». Инро гуфту ба хоби /марг/ рафт.
← Chapter 6
Jump to:
Chapter 1
Chapter 2
Chapter 3
Chapter 4
Chapter 5
Chapter 6
Chapter 7
Chapter 8
Chapter 9
Chapter 10
Chapter 11
Chapter 12
Chapter 13
Chapter 14
Chapter 15
Chapter 16
Chapter 17
Chapter 18
Chapter 19
Chapter 20
Chapter 21
Chapter 22
Chapter 23
Chapter 24
Chapter 25
Chapter 26
Chapter 27
Chapter 28
Chapter 8 →
All chapters:
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28